Categories СИЁСАТ

Дипломатия ва дурнамои сиёсати дарҳои боз

Э. Раҳмон зимни як фармон дипломат Ҳ. Зарифӣ, муҳимтарин мақомдор дар кобинаи худро бо С. Аслов табдил кард, ки баъди чанд соли ахир Тоҷикистонро дар СММ намояндагӣ мекард. Мегӯянд вазири нав ҳам сиёсати дарҳои бозро идома медиҳад, аммо боз ҳам самтгирии кишвар норушан аст, ки дар 7 соли дигар чӣ майлҳоеро дар худ ба вуҷуд меоварда бошад?

Бале, Тоҷикистон, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва ин ба маънои он аст, ки барои кишвари мо ҷойгоҳ ва нуфузи кадом кишваре авлавият надорад, ҳамаро баробар мебинему чунин баробариро аз онҳо ҳам тақозо дорем.

Вале боз ҳам суоли матраҳ ин аст, ки оё шарики стротежӣ доштан ва ҳамсоякишварӣ чӣ маъно дорад?

Албатта, ин хуб аст, вақте Тоҷикистон вобастаи кишваре ва пиёдакунандаи моҳияти сиёсати хориҷии хеш бошад, зеро мантиқан вобастагӣ хоси инсони озода ва кишвари демократӣ ҳам нест. Аммо тавре ба назар мерасад, бо вуҷуди пешбурди чунин сиёсате Тоҷикистон ҳамчунон вобастагиҳоеро дар худ боқӣ гузоштааст ва хатари онро борҳо шоҳид ҳам гаштаем.

Агар назаре ба натиҷаи сиёсати дарҳои боз андохта шавад, Тоҷикистон ба тарзе вобастаи кишварҳои дигар ҳаст, аз ҷумла Русия, Чин ва Узбакистон. То 30 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи низомии русҳо дар хоки кишвар, муҳоҷирати афзоянда ва таъкидҳои хориҷӣ дар мавриди забони русӣ, аз ҷумлаи абзорҳои фишору вобастагардонии Душанбе аз Кремлин аст.

Ҳатто зимни ин қадар вобастагиҳо ҳадди ақал эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дида намешавад. Забони Вазорати умури хориҷа ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам дар ростои ҳимояти муҳоҷирон ҳамчунон кӯтоҳ аст. Эҳтимол садо баланд карда тавонанд ҳам, ин корро лоиқ намебинанд. Ҳоло дипломати дигареро ба мақоми аввал дар самти сиёсати хориҷӣ баровардан ба чӣ хотир аст, барои ҷомеъа чандон рушан нест.

Чунки ҷаноби Аслов вақте дар курсии Тоҷикистон дар СММ такя мезад, кадом иқдоми мустақилу чашмгиреро аз ҷониби ишон шоҳид нагаштем, ҷуз изҳори назаре баъд аз ба вуқуъ пайвастани масоили алоҳида. Оё ин дипломати рақами аввали кишвар кадом кӯшише дар пешниҳоди роҳҳалҳои берунрафт аз вобастагӣ мекарда бошад?

Албатта, як нуктаро бояд иқрор кард, дасти дипломати рақами аввали кишвар дар ин маврид чандон боз нест, чунки таъиноти сиёсати хориҷӣ тавассути ҷаноби Э. Раҳмон сурат мегирад. Ба умеди Русия ҳам набояд нишаст, чун ин кишвар ҳиҷ гоҳ худро дар баробарӣ бо Тоҷикистон диданӣ нест, балки як абарқудрат аст. Гузашта аз ин, бо таваҷҷуҳ ба рӯҳияи истеъморгарона ва импературии он, ин кишвар ҳаргиз моил ба берунрафти Тоҷикистон аз маҳдудаи манофеъи хеш нест.

Бинобар ин, агар Тоҷикистон ҳавасманд аз вобастагӣ набошад, бигузор дипломати рақами аввалаш ҳимматбаландӣ зоҳир намояд, чун шароити феълӣ дигар зебандаи миллату кишвар нест.

Як тарзи дигари таъиноти сиёсати хориҷии кишвар ҳам боиси нигаронист, агар 22 сол Тоҷикистон натавонист аз вобастагии Русия берун биравад, вобастагии дигаре низ камкам афзоиш меёбад, манзур зери таъсири Чин қарор гирифтан аст.

Ба тозагӣ Чин қонуни аз ду беш надоштани фарзандро барои шаҳрвандони хеш бекор кард, барои ҷамъияти 1 миллиарду 800 миллионнафара дари бисёрфарзандӣ боз шуд. Чин бо касби нуфузи иқтисодиву сиёсӣ парвои нарасидани ҷои кору зисти шаҳрвандони хешро надорад. Тоҷикистон барои ин кишвар ҳамчун як пари мурғ аст, агар ин тавр намебуд, замини Тоҷикистонро гирифта наметавонисту дар тамоми манотиқи сохтмонии кишвар коргарони чинӣ ҷои корро банд намесохтанд. Вақте аксари сохту созҳо дар Тоҷикистон бо сармоягузории Чин сурат мегиранд ва дар иваз пул неву чизи дигаре талаб мешавад, ҳатто ИМА ва Русия ҳам аз ин тарзи “муомилот” метарсанд, дигар тасарруфи Тоҷикистон барои ин абарқудрат кадом мушкилие надорад.

Дар заминаи сиёсати дарҳои боз, Тоҷикистон ба ҷое расидааст, ки ҳатто Ӯзбакистон ҳам болои “ҳамсинф”и собиқаш фишор меорад, интиқоли қатораҳоро манъ сохта, роҳи муштараки оҳанро бемасраф дониста, Роғунро зилзилахез арзёбӣ мекунад. Бо изҳороти доимии фитнаангезона оташи душманиро бо Тоҷикистон шуълавартар нигоҳ медорад. Ҳатто тавонмандие дар муқобила бо шарики стратегии Тоҷикистонро ҳам пайдо кардааст. Ин ҳам ҳамон оқибати талхи ғуломӣ ва вобастагист, ки сиёсати дарҳои боз онро шикаста натавонистааст.

Сиёсати дарҳои боз агарчи яке аз беҳтарин сиёсатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад, вале дар заминаи амалӣ нашудани он оқибати бадашро шоҳид гаштем. Албатта, даридани чатри ғуломӣ аз болои Тоҷикистон кори саҳл нест, аммо кобинаи нави Э. Раҳмон, бахусус самти дипломатии он бояд талоши бемислеро аз худ зоҳир намояд, зеро обрӯи миллату давлат дар ҷаҳон матраҳ аст.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза таврест, ки бисёре аз масоил олуда ба ғаразу сиёсат қарор гирифтаанд ва барои ташхиси дурусти ҳар кадоме ҳушёрӣ ва хирад лозим аст. Ҳар кадоме аз абарқудратҳо, ҳатто як кишвари баробарвазн ҳам мехоҳад кишвареро мутеъи хеш созад.

Барои ҳамин ҳам ҷомеъа худкифо будани Тоҷикистонро интизор дорад, то аз вобастагии дигарон берун бошем. Бале, зарурати робита ва ҳамкориҳо ба хотири рушд, кишвари моро ҳамчун як кишвари вобаста нигоҳ медорад, вале ин дипломатия ва сиёсати хирадмандона аст, ки дар баробари рушд пайдо кардан вобастагиро коҳиш медиҳад.

Дар замони муосир кишвари беғараз ниҳоят кам аст, онҳо ба ободии кишвари дигар ҳамон вақте майл пайдо мекунанд, ки ба султаи худ болои он кишвар биёрад. Ин як воқеъиятест, ки онро бояд иқрор кард.

Аз ин хотир, феълан танҳо кори ҷиддӣ ва иродаи қавии ҳукумат метавонад вазъиятро тағйир диҳад, аммо идома ёфтани ин раванд ва кашола кардани он то ба 7 соли дигар ҷуз зиён чизи дигареро насиби Тоҷикистон намегардонад. Чунки дар бахши иқтисод ва низомӣ ба Русия, дар сохту соз ба Ғарбу Чин ва дар боқӣ соҳаҳо ба давлатҳои дигар вобастаем, фишори геополитикии фазоянда болои ҳамаи ин қарор дорад. Ҳоло гуфтан мушкил аст, ки ҷаноби Аслов ва тими ӯ аз рисолати худ, ки татбиқи пурраву дурусти сиёсати дарҳои боз ҳаст, мебарояд ё хайр.

Агар Тоҷикистон вобастагии хешро коҳиш дода натавонад ва баръакс ҳузур пайдо кардани хориҷиҳо дар ҷойҳои дигар, бахусус аз худ кардани фурудгоҳи Айнӣ ва марз бо Афғонистон сурат бигирад, он вақт дигар қолаби ғуломии тоҷику Тоҷикистон маҳкамтар мегардаду шикастани он зери суол қарор мегирад, ки дар дурнамо ин тарзи муносибатро насли нав нахоҳад бахшид.

Таъкиди зиёд ҷиҳати раҳоӣ аз ғуломӣ ҳам ба он хотир аст, ки Тоҷикистон вобастатарин, камбизоъаттарин ва фасодзадатарин ва “тарин”ҳои дигар миёни кишварҳои Осиёи Марказист ва хатари боқӣ модани ғуломӣ беш аз ҳар кишвари дигаре онро таҳдид мекунад.

Шуҳрат Набиев

More From Author

You May Also Like