Categories ҶОМЕА

Изҳороти ШС ҲНИТ пиромуни баланд бардоштани нархи барқ

Матни пурраи изҳорот

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ аз 12- уми марти соли ҷорӣ вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, аз ҷумла тасмими ахири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баланд бардоштани нархи барқ баррасӣ намуда, қисме аз онро номуносиб ба шароити имрӯзаи зиндагии мардум, бахусус қишри камбизоати он медонад.

Боло бурдани нархи истифодаи барқ барои аҳолӣ ба миқдори бештар аз 20%, ба вазъи бе ин ҳам душвори мардум таъсири манфӣ мерасонад ва ин боиси нигаронист. Шакке нест, ки анҷоми ислоҳот дар соҳаи мазкур гоҳо водор менамояд, ки дар нархи истифодаи барқ ҳам тағйирот ворид гардад. Вале, мақомот бояд сиёсати нархгузориро бо дарназардошти шароити мардум амалӣ намояд. Далел овардани тавсияи созмонҳои байналмилаллӣ дар боло бурдани нархи барқ канор рафтани мақомот аз масъулияти хеш назди мардуми Тоҷикистон аст. Дар ҳоле, ки тавсияҳои сершумори созмонҳои байналмилаллӣ дар бораи интихоботҳои шаффоф, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ислоҳоти сиёсӣ даҳсолаҳо боз бе таваҷҷӯҳ боқӣ мемонад, такя намудан ба чунин тавсияҳо чандон мантиқӣ нест.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ пешниҳод менамояд, ки ҳоло то ҷорӣ шудани ин тасмим фурсат ҳаст ва Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон қарори худро қисман тағйир дода, нархи истифодаи барқро ба аҳолӣ дар сатҳи аввал нигоҳ дорад. Ҳамзамон, дар сиёсати истифодаи имтиёзноки барқ барои баъзе корхонаҳои саноатии бузург, ки барқро бо нархҳои пасттар аз аҳолӣ харидорӣ менамоянд, таҷдиди назар намояд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ мақомоти давлатии Тоҷикистонро даъват мекунад, ки дар амалӣ намудани сиёсатҳои иқтисодӣ-молиявии худ аз қабули ҳамагуна қарор ва тарҳи мухолиф ба меъёри конститутсионии иҷтимоӣ будани давлати Тоҷикистон худдорӣ намоянд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ

Ш. Душанбе, 12.03.2012.

More From Author

You May Also Like