Categories Ахбори рӯз

Маблағи масъули ҲНИТ-ро баргардониданд

Кормандони шуъбаи умури дохилаи кишвар якуним ҳазор маблағ ва телефони Илҳом Беков, раиси бахши ҳизб дар ноҳия Мастчоҳро, ки ба гуфтаи масъулони ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, афроди номаълум рабуда будаанд, ёфта баргардониданд.

Ба гуфтаи Илҳом Беков, масъулони ШВКД маблағ ва телефонашро баргодонидаанд, вале аз ҷузъиёти чӣ гуна дарёфтани моли сирқатшудаи ӯ иттилоъ надодаанд.
Ӯ мегӯяд, “ман танҳо хостам фаҳмам, ҳадафи нафаре, ки маблағ ва телефони ҳамроҳамро рабуд, чист. Ва ё нафари гумонбаршуда ба дуздӣ ба ӯ ягон хусумат ё кина дошта бошад, ки пулу телефонашро ба ғорат бурдааст…”
Маблағ ва телефон, ба гуфтаи масъули бахши ҳизб, ду рӯз баъд аз дуздӣ шудан, яъне рӯзи 30-июн баргаронида шудааст.
Бояд гуфт, ки рӯзи 28 июн як гурӯҳ аз аъзои ҲНИТ барои дастҷамъона ба аёдати Абдукарим Тоҷибоев, масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта буданд, ки тахминан соати 12-и нисфирӯзӣ кормандони милиса, Кумитаи амният, ҳукумат ва танзими расму оин ба хонаи А.Тоҷибоев бидуни ҳеҷ огоҳие ва бе иҷозати соҳибхона ворид шуда, ба наворбардорӣ оғоз карданд. Баъдан, чанд нафарро бо шумули раиси шуъба Илҳомҷони Ёқуб, Илҳом Беков, раиси бахши ҳизб дар ноҳия Мастчоҳ ба шуъбаи ВКД бурда шуданд. Ҳангоми дар дохили шуъба будани И. Ёқуб ва И. Беков кифи И. Беков, ки беш аз ҳазор сомонӣ, телефони дастӣ дошт, рабуда шуда буд. Ҳамон рӯз қисме аз маблағ баргардонида шуда, қисмати дигарро ду рӯз баъд баргардониданд.

More From Author

You May Also Like