Categories Uncategorized

Қабули эътимоднома ибтидои ҳамкорӣ?

nahzat.tj

Дирӯз 11 октябри соли равон сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов, ки аз 18 июни соли 2012 ҳамзамон ба ҳайси сафир дар Ҷумҳурии Эстония таъин гардида буд, ба Президенти ин кишвар Томас Ҳендрик Илвес эътиборнома супорид.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо, оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистону Эстония, равобити тиҷоратию иқтисодии ду кишварро амали судмад арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 савдои мутақобилаи байни ду кишвар 30,0 дарсад афзуда, 2,654 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2012 бошад, гардиши савдои байни Тоҷикистону Эстония 7,16 млн. долларро ташкил додааст.

Дар бахши саноат, соҳаи аграрӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи таҷрибаи Эстония дар бахшии технологияҳои иттилоотӣ ва дигар масоил мавриди сӯҳбати эшон қарор гирифт.

More From Author

You May Also Like