Имрӯз, 3-юми ноябри соли 2013 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳайатеро бо роҳбарии муовини раиси ҳизб, Муҳаммадкарими Орзу барои аз наздик ошно шудан ба ҳодисаи рухдода ба Умедҷон Тоҷиев, узви ҳизб ба Исфара эъзом кард.
Дар ҳайати ҳизбии эъзомшуда Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизб оид ба ҳуқуқ низ шомил аст.
Қобили зикр аст, ки Умедҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара рӯзи 30-юми октябр аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ бо ҷурми “терроризм” боздошт шуда, дар шӯъбаи корҳои дохилии Исфара нигаҳдорӣ мешудааст.
Рӯзи 2-уми ноябр Тоҷиевро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ин шаҳр меоранд ва мақомоти корҳои дохилӣ ба наздиконаш гуфтаанд, ки Умедҷон Тоҷиев худашро аз ошиёнаи сеюми ШКД партофтааст, аммо наздикони ӯ дар суҳбат бо хабаргузориҳо ин иддаъоро рад карданд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб дар суҳбат бо сомонаи Наҳзат гуфта буд, ки ҳодисаи рухдода бо Умедҷон Тоҷиев ангезаи сиёсӣ дорад.
Оқои Сайфуллозода афзуда буд: “Бо назардошти ин ки ин ҳодиса дар остонаи баргузории интихоботи президентӣ, ки ҲНИТ аз ширкат дар он худдорӣ кардааст, рух додааст, метавон гуфт, ки ин ҳодиса маънои сиёсӣ дорад.”
Бояд гуфт, ки “партофтани худ” аз ошёнаи сеюми ин бино бори аввал набуда, балки дар моҳи майи соли 2006 Саъдулло Маъруфов, мутахаллис ба домулло Увайсхон ва масъули бахши фарҳанги ҲНИТ дар шаҳри Исфара низ ба иддаои кормандони милиса дар ин ноҳия худро аз ошёнаи 3 – юми ин бино “партофта”, ба ҳалокат расида буд. Дар он вақт кормандони ин ниҳод гуфта буданд, Саъдулло Маъруфов “худкушӣ” кардааст.
Пайвандони Саъдулло Маъруфов гуфта буданд, Домулло Увайсхонро рӯзи 2-юми майи соли 2006 бидуни ҳеҷ гуна огоҳӣ аз сӯи кормандони бахши мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили Вазорати дохила боздошт шуда буд. Ва ду рӯз баъд ҷасади ӯро дар назди бинои идораи милисаи Исфара ба пайвандонаш супорида буданд.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат