TBegin:http://nahzat.tj/uploads/posts/2014-07/1405763488_575fa6a87437965e56b7031ca07a30ac_l.jpg|leftTEndcolorstart:#000000Иқдомеро, ки мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистони азиз пеш гирифтаанду наҳзатиҳоро мехоҳанд аз фаъолияти густарда ба канор баранд, таниданҳои доми сиёсиро мемонад.
Бале, силсилафишорҳои мақомот болои аъзои ҲНИТ афкори мардумро нисбат ба ҳизб гӯё ба бумбаст бурдааст, ҳатто фикри бархе аз кормандони давлатиро ҳам. Онҳо ба ин андешаанд, ки модоме Ҳизби Исломии дар вазорат ба қайд гирифташударо то ин андоза туҳмату фишор меоранд, пас фаъолияти сиёсӣ мантиқи хешро дар кишвари мо гум кардааст.
Аз ин хотир, вақти он расида, ки таҳлилҳои сиёсии худро барои дурнамо воқеъият бидонем, чунки ҳукумати феълӣ аз ваъдаҳои худ дар заминаи созиши сулҳ хилоф карда, мехоҳад тамоми фазилатҳои сулҳро моли худ дониста, ҳар гуна иллату омилони ҷангро болои Наҳзат бор намояд.
Вале дӯстони мо дар ҳукумат бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки дар тамоми равандҳо ҷомаи ҳақ аз тани ботил уфтодааст.
Ба андешаи банда, сабаби ҳама гуна фишорҳо ҳам як чиз аст, моро ба эътирозу роҳпаймоиҳо тела додан, то ба ифротгароӣ муттаҳам созанд. Аммо онҳо воқеъияти ботини моро дарк карда наметавонанд, Наҳзат ҳатто ҷавшани хешро ҳам бо моли САБР таҳия кардааст ва ҳар нирӯе ба тарафи мо тир андохт, самти он тағйир ёфта, бармегардад ба ҷониби тирандоз ва тани худашро пора мекунад./colorend