Categories ҶОМЕА

ИМА ислоҳоти заминро дар тоҷикистон дастгирӣ менамояд

Хонум Сюзан М. Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо М.Алимардон, муовини сарвазир ва Қ.Қосимов, вазири кишоварзӣ аз оғози амали лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) нисбат ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон эълон намуданд. Дар назар аст, ки USAID тавассути лоиҳаи мазкур таҷдиди хоҷагиҳои деҳқониро дастгирӣ намуда, ҳуқуқ ба моликиятро тақвият бахшад.

Хонум Элиотт зимни суханрониаш таъқид кард: “Таъмини кафолати ҳуқуқи истифодаи замин заминасози асосии беҳтар сохтани вазъияти иқтисодии кишоварзон ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон аст. Ислоҳоти замин бояд ҳуқуқи кишоварзонро дар ин маврид кафолат дода, ҷалби сармоягузориро бештар гардонад, ки боиси баланд рафтани маҳсулнокии хоҷагиҳо гардида, даромади онҳоро афзоиш мебахшад”.

Лоиҳа барои се сол ва бо сармоягузории 5,5 миллион доллар буда, ҷузъи аслии ташаббуси ИМА дар мавриди “Озуқаворӣ ба хотири оянда” аст ва пеш бурдани сиёсати замин ва ҳуқуқ ба заминро дастгирӣ намуда, барои рушди ҳуқуқи истифодабарандагони замин кӯшиш ба харҷ медиҳад. USAID тасмим дорад, ки дар 12 ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон шабакаҳои махсус ташкил диҳад. Ин шабакаҳо марказҳои маҳалии дастгирии ҳуқуқӣ ва ташаббускорони маҳаллиро фаро гирифта, манфиъатҳои марбут ба ҳуқуқи заминро ҳимоя мекунанд. Ҳадафи шабакаҳои мазкур аз иттилоотонии кишоварзон дар бораи ҳуқуқҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши намояндагони мақомоти маҳаллӣ оид ба қонуну қарорҳои нав дар бораи истифодаи замин, ҳалли баҳсҳо бо роҳи ҳимояи манфиатҳои кишоварзон дар додгоҳҳо иборат мебошад.

Дар назар аст, ки шабакаҳои номбаршуда дар бораи вазъи озодии ҳоҷагидории деҳқонӣ дар минтақаҳо бо мақсади дастгирии самти амали лоиҳа дар ислоҳоти қонунгузорӣ, назару пешниҳодҳои саривақтӣ ирсол намояд.

Бо мақсади таъмини дастрасӣ ба маълумот барои кишоварзон берун аз маҳдудаи шабакаҳои номбаршуда, чопи ҳармоҳаи рӯзномаву мақолаҳо оид ба кишоварзоне, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд, пешбинӣ шудааст. Инчунин силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва радио дар бораи навигариҳои ин масъала омода мешаванд.

Аз соли 2003, Ҳукумати ИМА тавассути USAID барои гузаронидани ислоҳоти замин дар Тоҷикистон кумак мерасонад ва дар беҳтар сохтани қонунгузорӣ оид ба замин ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кишоварзону ҳимояи ин ҳуқуқҳо дастгирӣ менамояд. Беш аз 150 ҳазор шаҳрванд аз лоиҳаҳои пешинаи USAID оид ба ислоҳоти замин бевосита баҳра гирифтанд.

Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои кӯмакрасонест, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми ИМА имконпазир гаштааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаву кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии ин кишвар маблағи беш аз 1 миллиард долларро истифода кардааст.

More From Author

You May Also Like