Чанд сол мешавад, ки Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Барои ба даст оварданаш товони калоне додем ва бо мушкилоти зиёде онро ба даст овардем. Солҳои аввал қадрашро беҳтар медонистем. Аммо бо мурури замон ба назар мерасад, ин дастоварди миллии мо камрангтар шудааст.
Як бор агар ба қафо баргардему замони нооромиҳо ва имзои созишномаи сулҳро ба ёд биёварем мебинем, ки дар он рӯзҳо ду тараф бо гузаштҳои зиёде оромишро ба ҷомеа баргардонданд. Нақши раҳбарияти ду тараф барои расидан ба ин дастовард аз ҳама бештар буд. ИНОТ дар он замон бо раҳбарии устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳукумат ва президент Эмомалӣ Раҳмон бовар кард ва беш аз 10 ҳазор нерӯи мусаллаҳи худро дар ихтиёраш гузошт. Агарчи дар он замон баъзеҳо дар дохили ИНОТ ҳам бар ин бовар буданд, ки қисме аз нерӯҳоро дар як гӯша ҳифз кунанд ва қисми дигарашро ба ҳукумат шомил намоянд, вале устод Нурӣ ва раҳбарияти Наҳзат ба хотири ҳусни ният ва нишон додани эътимод ба тарафи дигари сулҳ тамоми нерӯҳоро ба ҳукумат шомил намуданд. Дар муқобил интизор доштанд, ки дар ҳукумати оянда ҳама дар канори ҳам барои рушд талош намоянд ва ҳама гуна беэътимодӣ аз байн равад.
Дар солҳои аввал як чунин фазое ҳоким шуд. Бо вуҷуди гузаштани замони каме аз нооромиҳо ду тараф тавонистанд бо ҳамдигар муносибати дурустро ба роҳ монанд. Бештари пешрафтҳои имрӯз ҳам маҳсули ҳамон даврон аст. Аммо дар идома ин фазо тағйир ёфт.
Бардошту фаҳми мардум аз сулҳу ваҳдат он буд, ки дар оянда ҳама дар як ҳукумат озодона зиндагӣ меекунанд. Ба ин маъно, ки президент худашро ба ҳизбу гурӯҳи хосе маҳдуд накарда, роҳбарии умумии ҷомеаро дар даст мегирад ва кишварро ба сӯйи рушд роҳнамоӣ мекунад. Яъне президент дар кишвар бояд мавқеи болотар аз ҳизбу гурӯҳро дошта бошад, ки дар ҳолати ба бунбаст расидани ҳизбу созмонҳо ӯ битавонад байни онҳо созиш ва тафоҳум эҷод кунад. Мавқеи раҳбари давлат бояд аз доираи гурӯҳҳо болотар бошад ва дар ҳолати зарурӣ битавонад нерӯҳову гурӯҳҳои мухталифро ба ҳам оварда, дар атрофи манофеи миллӣ муттаҳид созад. Ин мавқеъгирӣ аз тариқи мушовирони дурандешу дилсӯз метавонад дар ҷомеа ба вуҷуд биёяд, зеро президент ба танҳоӣ наметавонад ба ҳама кор расидагӣ намояд. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки як гурӯҳ президентро ба ҷойи он ки меҳвари Ваҳати миллӣ қарор бидиҳанд, ӯро ончунон дар ҳисор гирифтаанду муаррифиаш кардаанд, ки гӯё танҳо президенти як гурӯҳи хурд аст ва бо нерӯҳои дигарандеш ё ҳамон оппозитсия душманӣ дорад. Дар ҳоле ки агар ӯ душмани ин гурӯҳ мебуд, бо онҳо сулҳ намекарду дасти дӯстӣ ба сӯяшон дароз намекард.
Ба назар мерасад, як гӯрӯҳ ба президент хидмати хирсона карда истодааст. Онҳо намегузоранд, ки президент ҳамчун як раҳбари миллӣ дар ҷомеа амал кунад, балки бо ин корҳояшон ӯро роҳбари як гурӯҳ ё ҳизби хос ва рақиби гурӯҳи дигар муаррифӣ мекунанд. Ин кор бо ягон мантиқ рост намеояд. Зеро ҳар як президент ё раҳбаре дар ҳар кишвари дунё пешрафти кишвар ва саодати миллаташро мехоҳад ва мухолифони он ҳукумат ҳам ҷузъи ҳамон миллатанд. Муносибат бо рақибон меъёри санҷиши ҳар ҳукумат ва раҳбарияташ аст. Дар гурӯҳи кишварҳои худкома қарор гирифтани Тоҷикистон маҳз ба сабаби хизматҳои хирсонаи ҳамин гурӯҳ аст, вагарна боварӣ дорам, ки президент метавонад бо мардуме, ки ба ӯ бовар карданду ӯ бо онҳо созишномаи сулҳу ваҳдатро имзо кардааст, забон ёбад.
Хулоса дар ин шабу рӯз ҷомеаи мо ниёз ба як сигнал ё паёми ваҳдатзо дорад. Ҷомеа ниёз ба як паёми дилсӯзонаи самимӣ ва оромбахш дорад; паёме, ки битавонад фазои сиёсиро аз ин рӯҳияи душманона ба сӯйи ҳамгароӣ ва тафоҳум баргардонад; паёме, ки муштаракот ва манофеи миллиро бар ихтилофот бартар гузорад ва заминаи рушди кишварро бо ин роҳ фароҳам созад. Ҳамагон медонанд, ки чунин паёме дар шароити кунунӣ ба ҷуз аз президент ҳамчун роҳбари давлат дигар аз касе буда наметавонад. Дар ғайри ин сурат мо ҳар рӯз шоҳиди беэътимодии бештари ҷомеа ба ҳукумат, ноумедии мардум аз ояндаи равшан, ноадолатӣ ва ҳатто пайдоиши падидаҳои хатарноктари дигар низ хоҳем буд.
Categories
Мавқеъ