Categories ҶОМЕА

400 миллион доллар аз қолин

Чумҳурии исломии Эрон ба 70 давлати дунё қолин содир мекунад.

Дар ёздаҳ моҳи гузашта ба хазтинаи давлати Эрон танҳо аз зисоби содироти қолинҳо 400 миллион доллар ворид шудааст. Ҳамаи ин маблағ асосан аз қолинҳои дастидухт омадааст.

Бо вуҷуди он ки Эрон дар ин соҳа рақибони хеле пурқувват – Чин, Туркия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Непал дорад, он тавонист 25% фурӯши қолинҳои ҷаҳониро соҳиб шавад. Муштариёни қолини эронӣ асосан дар Аврупо ва Осиё мебошанд.

Солона дар Ҷумҳурии Эрон тахмин 5 миллион метри мураббаъ қолин бофта мешавад ва 80% он ба содирот меравад.

Буҷаи соли ояндаи Эрон, ки аз 21 март сар мешавад, наздик ба 600 миллиард хоҳад буд.

Дар назар аст, ки соли молиявии оянда даромади ғайринафтӣ 40% меафзояд.

More From Author

You May Also Like