Ёдоварӣ аз гузашта ва таъассуфу ҳасрат аз фурсатҳои рафта, аз аҳмақӣ ва девонагие беш нест. Ҳифзи ин гуна дидгоҳ қудрати ирода ва тасмимгирӣ барои зиндагии навро аз байн мебарад. Чун гузашта дигар баргарданда нест. Ғам ва андӯҳ наметавонад онро баргардонад, ҳасрат ва надомат дардеро дармон набахшад, он чӣ аз даст рафт, дубора бо нороҳат шудану машаққат кашидан ҳам барнамегардад. Аз ин хотир, бо хаёлҳои гузашта зиндагӣ накунему худро аз чанголи шубҳаҳои гузашта наҷот бахшем ва саргарми баҳсу андешаҳои нолозими гузашта набошем. Нагузорем, ки касе бо гузашта тарс бидиҳаду бо он моро машғул гардонад.
Мушкили бузурги мо ин аст, ки дар истифода аз фурсати кунунӣ оҷизем. Лаҳзаҳоро бо баҳсҳои беуҳудаи гузашта мегузаронему касеро гунаҳгору нафари дигарро ҳақ метарошем, дар ҳоле, ки тамоми ҷину инсонҳо агар як ҷо шаванд ҳам гузаштаро дубора баргардонида наметавонанд. Инсонҳои оқил ҳеҷ гоҳ ба пушти сар нигоҳ намекунанд, чун об ба пеш ҳаракат мекунанд, дарахтон месабзанд ва зиндагӣ доим рӯ ба оянда дорад…
Имрӯз рӯзи талош аст. Дирӯз, агар хубиву бадиҳое дошт, аз даст рафт, фардо ҳоло нарасидааст. Вале барои имрӯз бояд зиндагӣ кард, шояд ин дақиқаву сонияҳо охирин риштаи умри мо бошад. Аз ин хотир, бояд талош кунем барои дарёфти озодӣ ва саъодати дунёву охират! Тамоми кушишҳоро барои имрӯз бояд кард, чун дар майдони муборизаи зиндагӣ қарор дорем. Ғаму андӯҳ, нороҳативу асабониятро як тараф гузошта, худро барои ҳаводиси рӯз бояд омода сохт.
Ҳар субҳ, вақте аз хоб бедор мешавем, ин ҷумларо бояд шиъор қарор бидиҳем: Имрӯз рӯзи талош аст! Бо шиъорҳои дуруғин ва даъвогаронаву худхоҳона, барои фардои мо қишлоқи тиллоӣ ваъда медиҳанд, бовар накунем.
Эй насли ман, имрӯз рӯзи мост! Имрӯз тавони сохтани зиндагии зебову арзандаеро барои худ дорем. Ҳеҷ гоҳ зиндагии хубро барои фардо орзу накунем, чун фарзандони имрӯзем. Аз хаёлбозиҳои фардо, ки иддае дар афкори мо онро месозанд, даст бардорему бигӯем: мо зиндагии шоистаро мехоҳем, чун фардо маълум нест, ки дар куҷоем. Оянда ҳам пушти пардаҳо ниҳон аст. Бо хобу хаёл зиндагӣ накунем, асри хешро асри ваҳму ҳаррос нагардонем. Бо умеди фардои номаълум имрӯзро аз даст надиҳем. Фардо ҳоло вуҷуд надорад ва вориди саҳифаи зиндагии мо нагаштааст. Маълум кардани он душвор аст, ки хуб аст ё бад.
Онҳое, ки ба мо фардои хубро ваъда медиҳанд, худ намедонанд, ки он бо чӣ тарзе меояд. Нафарони ваъдадиҳанда кӯшиш доранд, ки барои имрӯз хуб зиндагӣ кунанд, чун фардояшон маълум нест. Пас чаро мо бо ваъдаи номаълуми фардо зиндагӣ кунем?! Зеҳнро бо афкори оянда машғул кардану дафтари хаёлотро боз кардан ҷоиз нест. Зеро танҳо Худованд медонад, ки фардо чӣ хоҳад омад. Таваккал ба Худо мекунему имрӯзро дар заминаи фармудаҳои Худованди меҳрубон ба таври накӯ истифода барем. Бо танқиду туҳматҳои муғризона чӣ бояд кард? Дар ҳар замон инсонҳои пасту нолоиқ, бевиҷдон ва касофату бешараф будаанду хоҳанд буд. Онҳо ба Худову Паёмбар (с) ва саҳобагон эрод мегиранд, бузургонро тахқир мекунанд, ба дин ва мазҳабу оин дастбагиребон мешаванд, феълан мо ҳам мувоҷҷеҳи ҳамин гуна нафаронем. Онҳо бо интиқодҳои талх, туҳматҳои беасос ва шахсиятшикани ҳадафдор то замоне алайҳи мо мубориза мебаранд.
Аз ин рӯ, руҳафтодаву дилшикаста набояд буд. Беҳтарин силоҳ алайҳи ин гуна кирдорҳо беаҳмиятист. Онҳеро, ки интиқодҳои созанда ё эродҳои бо маврид мегиранд, бояд ташаккур гуфт. Пастфитратону худхоҳонеро, ки дар нисбати мо ҳамеша нороҳату кинагиранд, онҳоро ба Худо месупорем. Чашми нобино, гӯши ношунав ва ақлу иродаи носолим зиндагии онҳоро ба ботлоқи туҳмату ғараз, кинаву душманӣ ва дуруғу нотавонӣ табдил додааст.
Мо аз ақли солим, донишу ирода, имон ва ахлоқи покиза кор бигирем ва вақти пурқимати худро дар баҳсҳои бемаънӣ бо ин гуна гурӯҳҳо сарф накунед. Худованд нозири ҳол аст ва баҳои амалкарди моро танҳо ӯ медиҳад. Мо бояд ҳамеша дар фикри ҳақталошӣ, зиндагии шоистаи имрӯз, ибодати хубу накӯ барои охират ва роҳи интихоб кардаи худ устувор ва бо ҷасорат қадам бизанем.
Бояд дониста бошем, ки муғризон замоне аз рафторҳои палиди хеш даст мебардоранд, ки мо низ дар ботлоқи пӯсидаи онҳо ба сар барем. Баъд аз ҳар сахтӣ осоние ҳаст! Ин ваъда ваъдаи касе нест, аз роҳбару шоҳу шоҳаншоҳе ҳам нест. Ин ваъдаи Худои меҳрубони мост, ки дар китоби муқаддас ва ҷовидонаи хеш зикр кардааст. Иншоаллоҳ он рӯз таҳаққуқ пайдо мекунад. Худо ҳар чӣ хост, ҳамон мешавад. Оташ Иброҳимро насӯзонд, зеро Худо намехост, чунки оташро амр кард: эй оташ Иброҳимро саломат нигаҳдор!
Паёмбар(с) ва Абубакри Сиддиқро ваъда кард: Ғамгин машавед, Худо ҳамроҳи шумост! Дарё Мусои калимуллоҳро ғарқ накард, зеро ӯ мегӯфт: Ҳаргиз Парвардигор маро танҳо намегузорад!
Пас бояд мо ҳам нороҳат набошем ва худро сарзаниш накунем, вазъияти феълӣ ҳам дар як ҳол нахоҳад монд. Рӯзҳо мегӯзаранд ва замона бо суръати баланд иваз мешавад, шояд инро бисёриҳо эҳсос накунанд, вале воқеъият чизи дигар аст. Фақат Худои меҳрубон аст, ки ҳамеша дар як ҳолат қарор дорад. Тавре мегӯянд, дунё ба умед аст. Хулас, бояд аз бумбасти зиндагӣ раҳо ёбем!
Бо умеди сарбаландӣ ва пешрафту саъодатмандии мусалмонҳо,
Далер Шарифов