Categories СИЁСАТ

М. Ҳаит: Рад кардани лоиҳаи мазкур, ин ҳарос аз шикаст дар интихоботи президентӣ аст

Мижгона Ҳалимова

nahzat.tj

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ вазъи сиёсии кишварро мавриди баррасӣ карда, дар мавриди такроран пешниҳод намудани лоиҳаи тағироту иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ ба Маҷлиси намояндагон тасмим гирифт ва ба вакилони ҳизб дар парлумон супориш дод, ки дар машварат бо гурӯҳи тадорукот оид ба тағийиру иловаҳо ба қонуни мазкур, лоиҳаи мазкурро ба Маҷлиси Намояндагон бори дигар пешниҳод намоянд.

Сари ин масъала, мо назари чанде аз рӯшанфикрони кишварро бо суоли «Шумо боварӣ доред, ки ин лоиҳаи тағйиру иловаҳои такрорӣ ба қонуни мазкур ворид шаванд?» гирифтем, ки инак пешкашатон мегардонем.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос

«Комиссияи тадорукот тасмим гирифтааст, ки такроран ба парлумон муроҷиат намояд, яъне такроран лоиҳаи тағийру иловаҳо ба қонуни интихоботро тавассути намояндагони ҲНИТ дар парлумон ирсол намояд. Аммо ман фикр мекунам, ки ин дафъа низ он аз ҷониби парулмон ба инобат гирифта намешавад, зеро ҳукумат манфиатдор нест, ки қонуни интихобот тағйир ёбад. Чунки дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо гузаронидани интихоботи озоду шаффоф бояд таъмин карда шавад, аммо ҳукумати имрӯза одат кардааст, ки интихоботҳо ғайришаффоф сурат гирад ва райъи мардум дӯздӣ шуда, ба сохтакориҳо роҳ диҳанд ва ба ҳамин васила манфиатҳои худро пиёда созанд.»

Нуралӣ Давлат, таҳлилгар

«Назари ман ин аст, ки ин пешниҳод қабул намешаванд, зеро ба фоидаи ҳукумат нест. Маҷлиси намояндагон худ тобеи ҳукумати иҷроия аст ва мустақил нест. Дар Тоҷикистон ягон вақт интихобот шаффоф нагузаштааст, бинобар ин, созмонҳои ғарбӣ ягон интихоботи моро шаффоф эътироф накардаанд. Инро дар ҳукумат хуб медонанд. Бинобарин, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешаванд, ки тағйироте, ки Эътилофи мухолифин дар қонуни интихобот пешниҳод кардааст, қабул кунанд.»

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос

“Эҳтимолияти такроран пешниҳод гардидани тағйиротҳо бе шубҳа вуҷуд дорад, вале дар кадом шакл қабул гардидани онҳо бештар аз иродаи сиёсии намояндагони ҲХДТ вобастагӣ дорад. Райъи вакилони ин ҳизб кифоя аст, ки ҳама гуна пешниҳодҳо дарҳол рад кунанд ё бипазиранд.”

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ

«Дар ҷаласаи ахири Шӯърои сиёсии ҲНИТ, дар мавриди дубора пешниҳод шудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баҳс қарор гирифт. Ҳадаф аз чунин тасмим ин аст, ки дар хулосаи кумитаҳо ва ҳамчунон дар Шӯрои МН, баъзе далелҳои оварда шудааст, ки ба талаботи замон мувофиқат намекунад. Дар робита ба ворид намудани аъзо ва ё намояндагии баробар аз аҳзоби сиёсӣдар участкаҳои интихоботӣ, аксари он кумитаҳо хулоса доданд, ки гӯё ҳамаи аҳзоб имкон ё қудрати ворид намудани аъзоро ба ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ надоранд. Ва ин пешниҳоди онҳо ба воқеият созгор нест, чунки аксари аҳзобҳои сиёсии кишвар қудрати ворид намудани аъзоро доранд. Танҳо дар сурати надоштани баъзе ҳизбҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон фаъолият доранд, яъне агар аъзо пешниҳод карда натавонистанд, онгоҳ мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва ҳизби ҳоким, ки аксари участкаҳои интихоботиро ғасб карда, интихоботро ба таври ғайришаффофу ғайридемократӣ баргузор менамоянд.

Имрӯз ҳам кумитаҳои МН ва Шӯрои МН лоиҳаи мазкурро рад карданд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби ҳоким ва ҳукумати кишвар дар бораи гузаронидани интихоботи шаффоф иродаи сиёсӣ надоранд ва аз шикаст хурдан дар интихоботи президентӣ ҳарос доранд.

Дар мавриди он ки оё лоиҳаи такрорӣ қабул мешавад ё на, фикр мекунам, ки ҳукумати кишвар ва МН, ки аксари вакилони МН аъзоёни ҲХДТ мебошанд, як маротиба иродаи сиёсӣ нишон диҳанду ба истиқболи мардум раванд ва кӯшиш кунанд, ки интихобот ҳадди ақал озоду шаффофро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд. Чун натиҷаи ин интихобот ба ояндаи Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар вобастагии зиёд дорад.»

More From Author

You May Also Like