Categories Uncategorized

Эътирози Ӯзбакистон ба сохти ду неругоҳ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазири хориҷаи Ӯзбакистон бо иддаои ин ки неругоҳҳои “Роғун” ва “Қамбарота” дар Тоҷикистон ва Қирғизистон манобеи обии Осиёи Марказиро бо хатар мувоҷҷеҳ мекунанд хостори мудохилаи СММ барои ҷилавгирӣ аз идомаи сохти ин неругоҳҳо шуд.

Ба гузориши “Ирна”, ба нақл аз дафтари матбуотии вазорати хориҷаи Ӯзбакистон, Абдулазиз Комилов гуфт, ки сохти ин ду неругоҳ бар бистари рӯдхонаҳои фаромарзии Амударё ва Сирдарё дар Осиёи Марказӣ, ин манобеъи арзишманди обии мардуми минтақаро бо хатар мувоҷҷеҳ мекунад.

Вай афзуд, ки тарҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои эҳдоси неругоҳҳои бузург бо садҳои азим, аз ҷумла садди Роғун бо иртифои 350 м дар бистари Амударё ва Қамбарота бо иртифои садди 275 м бар бистари Сирдарё нигаронкунанда аст.

Вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон тасреҳ кард, ки сохти ин неругоҳҳо дар манотиқе анҷом мешавад, ки эҳтимоли вуқуи зилзилаи шадидро ба вуҷуд меорад, аз ин сабаб дар сурати бурузи зилзила талафоти инсонии зиёдеро ба дунбол хоҳад дошт.

Ӯзбакистон пештар низ борҳо талош карда буд, то бо баҳрагирӣ аз абзорҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ монеи сохти такмили неругоҳи Роғун дар Тоҷикисон шавад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ки ин неругоҳҳо сабаби камобӣ ё беобӣ барои дигар кишварҳои минтақа нахоҳанд шуд. Дар сурати роҳандозии неругоҳи НБО – и Роғун дар Тоҷикистон бахши зиёде аз мушкили камбуди барқ дар кишвар рафъ хоҳад шуд. 

More From Author

You May Also Like