Categories СИЁСАТ

Интизориҳои шумо аз Паём бароварда шуданд?

Умеди Сиддиқшоҳ


Ҳамасола Паёми Президенти кишвар ба парлумон садо медиҳад, ки албатта, интизориҳоеро дар пай дорад. Аммо чун паём садо медиҳад, афкори мухталиферо ба бор меорад, қисме мусбат ҳастанду қисме манфӣ. Бо назардошти таҷрибаи ҳарсола фикр намекунем, ки Паёми имсолаи Президент афкори гуногунеро ба бор наоварда бошад. Бинобар ин суоли навбатиро ба ин тарз ҳузури шахсиятҳои касбу кори гуногун пешниҳод кардем, ки интизориҳои Шумо дар паёми президент садо дода, барварда шуданд?

Абдуманнон Шералиев, узви раёсати шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд:

«Бори аввал буд, ки ман Паёми раисҷумҳурро гӯш кардам.

Аз ин паём чизи хеле муҳиме барояи кашф шуд: ман хеле «кундфаҳм» будаам! Мардуме, ки паёмро гӯш мекарданд, сари ҳар чанд дақиқа ба по мешуданду кафкӯбӣ мекарданд, чунон кафкӯбие, ки банда онро танҳо барои ягон кашфи барои инсоният муҳим мекардам.

Аммо мани «кундфаҳм» чизе аз он «нафаҳмидам». Аслан мумкин нест, ки ин ҳама мардум ба суханҳои нофаҳмо ин қадар кафкӯбӣ кунанд. Пас, ин манам, ки «намефаҳмам».

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигор:

«Паёми навбатии президент аз Паёмҳои пешинааш тақрибан фарқ надошт, ба истиснои ин ки дар баъзе мавридҳо ҷаноби президент ба худтаърифкунӣ машғул шуд. Ҳатто зикр ҳам кард, ки бояд чанд Эмомалӣ Раҳмони дигар бисозем, то дар раъси ин миллат бошаду роҳбарии онро уҳда намояд.

Вале хоҳиши ман аз Худо ин аст, ки чунин роҳбарро дигар ба ин миллат надиҳад.

Аз тарафи дигар дар ин паём ҳеҷ гуна мушкилоти мардуми Тоҷикистон, ҳатто барномаи як соли кории давлати Тоҷикистон зикр нашуд, чӣ расад ба мушкилоти мардум. Ба ин хотир дар паёми имсолаи президент чизеро мушоҳида накардам.

Бояд гуфт, паёми имсолаи раисҷумҳури Тоҷикистон охирин паём дар ин давраи 7-солаи кориаш буд. Бинобар ин, ҳадди ақал мебоист, ки барномаҳои 7-солаи кориашро натиҷагирӣ намояд. Ҳол он ки дар интихоботи қаблӣ ваъда дода буд, ки дар давоми се соли оянда Тоҷикисон бо барқ таъмин мешавад. Аммо на танҳо бо барқ таъмин нашуд, балки барқи мавҷуда ҳам коста шуд ё норасоии барқ бештар эҳсос гашт. Соири мушкилоти мардум, аз қабили раванди муҳоҷират, маоши ночиз бетағйир боқӣ мондаанд. Ҳарчанд ба қадре ҳар сол маош баланд бардошта мешавад, аммо дар қиёс бо нархи бозор шароитро тағйир дода наметавонад.

Нуқтаи дигареро дар бораи хоҷаҳои хориҷӣ бояд ишора кард, ки мақоли “аввал гиребони худро маҳкам банд, баъд ба дигарон насиҳат деҳ”-ро ба ёд меорад. Яъне соли 1992 хоҷагони хориҷӣ бар маҳзи даъват ва хоҳишҳои Фронти халқӣ, ки раисҷумҳур намояндаи он аст, ба Тоҷикистон ворид шуданд…

Ба ҳамин хотир ман ҳайронам, ки вақте раисҷумҳур на бояд аҳзоб бо хоҷаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта бошанд мегӯяд, бояд аввалан таҷрибаи худашро мисол биёрад, ки “ман бо хоҷаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ кардам ва ҳоли ҳозир дучори ҳамин мушкилие ҳастам, ки наметавонам кишварро ба таври бояду шояд ва ба таври мустақилона пеш барам”.

Раисҷумҳур дар бораи бебарқӣ гап мезанад. Ӯ мегӯяд, ки дар кишвар барқ нест. Зимнан бояд суол гузошт, ки бебарқиро кӣ бояд аз байн бубарад? Бо бардошт аз ин натиҷагирии ман чунин аст: мардуми тоҷик дар муқоиса бо Ҳукумати Тоҷикистон пешрафта ва пешқадамтар аст. Ҳукумати имрӯза бошад, монеъи пешрафти давлат аст, ки раисиҷумҳур сабабгори асосии он аст.»

Абдулқодири Абдулқаҳҳор, директори телевизиони ҷамъиятии “Пойтахт”:

«Ман зимни ироаи паём ширкат он ҷо доштам ва бо таваҷҷуҳи хос суханҳои президентро гӯш кардам. Барои ман ҳамаи гуфтаҳо писанд омаданду бори дигар эҳсос кардам, ки воқеан ҳам, мо як лидери на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки як сарвари дараҷаи байналмилалӣ дорем.

Ҳар нафаре, ки даст ба сина мезанаду лофу газоф мегӯяд, бояд чанд дақиқае дар мавриди пайкори лидери сиёсӣ ва пешвои миллии кишвари азизамон андеша намояд. Мо борҳо беэҳтиромӣ кардем, фурӯхтем, хиёнат кардем, аммо боре ҳам атрофи сарварамон муттаҳид нашудем.

Вале бубинед, ки дар ин консепсияи ахирашон шурӯъ аз падару модаре, ки бесаробонанд, то ба ҳама паҳлӯҳои сиёсати хориҷии кишвар ҳама рӯшану возеҳ ворид ҳастанду садо низ доданд. Хоса дар мавриди тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва сиёсати хориҷӣ бубинед, ки Ҷаноби Олӣ чӣ гуфт: “ман истиқлолияти миллиамро ба касе намефурӯшам ва ба касе намедиҳам”, яъне ин ҷо арзиши баландтарини давлатдориамонро нигоҳ доштааст.

Хулоса, ман аз ин паём ҳар чизе ки мехостам шунавам, шунидам: ҳам вобаста ба арзишҳои миллӣ, ҳам вобаста ба иқтисод ва ҳам вобаста ба ояндабинӣ.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Перспектива +”:

«Паёми имсолаи президенти Тоҷикистон бисёр эҳсосотӣ буд, яъне манзур ба ёд овардани ҷангу харобиҳост.

Ман фикр мекардам, ки паём камтар дигар гуна шуда, Президент иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро тайи се соли ахир таҳлил мекунаду баррасӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин гумон доштам, ки дар ин суханрониаш сардори давлат ҳукми қатлро бекор мекунад. Ва боз фикр доштам, ки чанд чизҳои нав дар ҷомеаи шаҳрвандӣ садо медиҳанд. Вале суханронии президент дар паёми имсола хеле эҳсосотӣ буд. Он чизҳое, ки мо мунтазир будем, садо надоданд. Ба ибораи дигар ман мехостам, ки ба пеш нигоҳ карда шавад, аммо ба ақибнигоҳкуниҳоро мушоҳида намудам.»

More From Author

You May Also Like