Имрӯз баъд аз зуҳр раҳбари Наҳзати Исломии Тунис Рошид Ғанушӣ ба маркази ситоди интихоботии ин ҳизб омада раванди овоздиҳиро аз наздик мушоҳида намудааст.
Қобили зикр аст, ки интихоботи пардумонӣ дар ин кишвар имрӯз баргузор шуд. Дар ҳоле, ки парлумони қаблии ин кишвар бо талаби мухолифони Наҳзат бекор карда шуда буд. Дар парлумони қаблӣ Наҳзати Исломии Тунис аксарияти курсиҳоро ба худ ихтисос дод ва тавонист ҳукумат ташкил намояд. Аммо пас аз кудатои Миср дунявиҳои ифротии ин кишвар низ мехостанд бо роҳи таҳдиду фишор ва истифода аз артиш ҳукумати Наҳзатро низ сарнагун кунанд. Рошид Ғанушӣ ва наҳзати Тунис аз таҷрибаи Миср дарси ибрат гирифтанд ва аз ҳуқуқи машруъи худ даст кашиданд. Яъне ҳукуматро мунҳал карданд ва парлумонро ҳам бекор намуданд. Дар баробари хостаҳои мухолифонашон ҳукумати наҳзат сабру таҳаммули болое нишон дод ва гузаштҳои зиёде ҳам кард.
Бинобарин имрӯз дар ин кишвар бори дигар интихоботи парлумонӣ баргузор гардид, то як ҳукумати шомил ва фарогир ташкил шавад. Рошид Ғанушӣ дар як суханронии маъруфи худ пештар гӯфта буд, ки “мо ба хотири ҳифзи озодӣ аз қудрат даст мекашем, зеро агар озодӣ дар кишвар боқӣ бимонад ба даст овардани қудрат ҳамеша имконпазир аст”.
Тибқи гузоришҳои хабаргузориҳо то соати 16 имрӯз ҳудуди 51% аз интихобкунандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Аммо раванди интихобот то соати 20 идома доштааст.
Ба гузориши сойти “Аларабия” бархе аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар ин кишвар ба хотири таҳдидҳои амниятӣ дарҳои худро дертар боз кардаанд.