Шаби 24 ба 25 -уми июл дар дафтари марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аъзо ва ҳаводорони ҳизб ҳамоише доштанд ба хотири шаби Қадр ва гиромидошти «Рӯзи ҷаҳонии Қудс». Дар ин ҳамоиши нур ва ҳимоя аз мардуми мазлуми Фаластин дӯстон ва бародароне мақола ва дидгоҳҳои хешро нисбати фазилатҳои шаби Қадр ва раванди муқовимати бо шаҳодати мардуми Фаластин матраҳ сохтанд. Нашрия тасмим гирифт, ки иддае аз онҳоро манзури хонандаи хеш бигардонад.
Нигоҳе ба пайдоиши Исроил ва қазияи Фаластин
То камтар аз 100 соли пеш, яъне то соли 1948 дар Ховари Миёна сарзамине бо номи Фаластин вуҷуд дошт, ки мутааллиқ ба мусалмонони араб аст. Танҳо 6% яҳудиҳо вуҷуд доштанд, ки дар оромиш бо ин мардум зиндагӣ мекарданд. Агарчи пеш аз он Фаластин борҳо байни мусалмонону масеҳиён дасти ба даст шуда бошад ҳам, ягон бор яҳуд бар он тасаллут надоштааст.
Саҳюнизм, яъне чӣ
Дар охири қарни 18 ва аввалҳои қарни 19 бадбиниву нафрат нисбат ба яҳудиҳо дар Русияи импературӣ, Олмон ва Аврупои шарқӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошт ва аксари мардум дар ҷаҳон ба яҳуд бо нафрат менигаристанд. Далел ҳам бармегашт ба даъвои худи яҳудиҳо мабнӣ бар қавми бартар будани онҳо.
Дар ҳамин ҳол яҳудиҳо барои наҷоти худ аз ин вазъият гурӯҳеро бо номи саҳюнистҳо ташкил карданд, ки баргирифта аз кӯҳи Саҳюн аст (оромгоҳи ҳазрати Довуд) ва дар он рӯзҳо ҷузъе аз Фаластин буд.
Дар соли 1897 аввалин конференсияи саҳюнистҳо дар шаҳри Базели Шветсиё баргузор мегардад ва Теодор Ҳертсел раҳбарии ҳаракати зиддибашарии саҳюнистиро ба уҳда мегирад. Ҳадаф ва созмондиҳии чунин як ҳаракат ташкили давлати яҳудӣ будааст.
Барои анҷоми ин кор, аввалан хариди заминро барномарезӣ ва бо ташкили сандуқи миллии яҳудӣ хариди махфиёнаи замину хонаҳои фаластиниҳо оғоз кардаанд. Танҳо баъд аз ташкили деҳкадаву шаҳракҳо дар Фаластин, мардуми ин сарзамин ҳадафи саҳюнистҳоро дарк карданд ва ба муқобила бо онҳо бархеста, фурӯши заминро ба яҳудиён манъ карданд. Аммо саҳюнистҳо бо маблағҳои бисёр калон аз тариқи созмонҳои худ ба харидории замин идома дода тавонистанд. Онҳо дар замини харидаи худ таъсисоти кишоварзӣ оварда, барои худ «коллега»-ҳо, ҳамон колхозу совхозҳоеро ба вуҷуд оварданд.
Ғайр аз ин, саҳюнистҳо медонистанд, ки фаластиниҳо ба осонӣ иҷозаи ташкили давлаташонро намедиҳанд. Ба ин хотир, созмонеро ба номи «Ҳогоно», яъне нерӯи дифоъ аз худ ташкил доданд.
Аз тарафи дигар, баъд аз шикасти хилофати Усмонӣ, Фаластин мустамликаи Инглистон гардид. Чун ҳамон вақт инглисҳо фаҳмида буданд, ки нафт дар дурнамо аҳамияти зиёд пайдо мекунад. Барои ҳамин, дар фикри эҷоди бандаре дар Ҳайфо шуданд, то бо ин васила ҳам аз нафт истифода карда тавонанду ҳам аз нуфузи Фаронса пешгирӣ шавад.
Войзман, яке аз раҳбарони ҳаракати саҳюнистӣ, ки химик буд ва дар ҷанг дар артиши Британиё хизмат мекард, талош ба харҷ дод, то дар як лоиҳа ҳимоят аз саҳюнизмро ба кобинаи Британиё пешниҳод кунад. Дар ин кор муваффақ ҳам шуд, Британиё ба таври қонунӣ ҳомии саҳюнизм гардид. Дар соли 1930, вақте нафрати умум нисбат ба яҳуд афзоиш ёфт, Британиё бо ҳамкорӣ бо ҳаракати саҳюнистӣ муҳоҷирати яҳудиёнро ба Фаластин афзоиш бахшид.
Дар воқеъ, дар он замон яҳудиҳо ҳукумате надоштанд, вале бо ҳимоят аз Бритониё як ҳукумати ғайриқонуниеро дар дохили ҳукумати Фаластин ҷо дода тавонистанд. Фаластиниҳо ба дарки хатару таҳдидҳо танҳо дар соли 1936 расиданд ва хезишҳои эътирозиеро оғоз бахшиданд, пардохти молиётро ба Бритониё қатъ карда, ба рустоҳои яҳудиён ҳамла карданд. Вале яҳудиҳо сариштаи пеш омадани чунин як ҳолатро аз қабл андешида будаанд.
Ба ҳар ҳол, дар натиҷаи ин даргириҳо афроди зиёде кушта шуданд. Соли 1937 саҳюнистҳо гуруҳи низомии ҷадидеро таъсис доданд зери номи «Созмони низомии миллӣ», ки истифодаи ин нирӯ бар зидди хезишҳои мардумии араб буд. Яке аз корҳои ин созмон, ҳамла ба бозору бомгузорӣ дар ҷойҳои ба ин монанди фаластиниҳо низ будааст, то аз ин тариқ тарсро афзоиш бахшида, арабҳоро аз рустоҳои ба вуҷуд омадаи атроф дур биронанд. Бо роҳи террору куштор онҳо ғасби заминҳои фаластиниҳои мусалмонро густариш бахшиданд.
Вақте 14 майи соли 1948 Бритониё аз Фаластин хориҷ шуд, Девид Бангурян расман эълон дошт, ки давлати Исроил вуҷуд дорад. Бо гузашти камтарин фурсат Амрико ва Шӯравӣ ҳам Исроилро ба расмият шинохтанд, дар ҳоле ки марзҳои ин «давлати навпайдо» маълуму мушаххас набуданд. Аз тарафи дигар, СММ ҳам бо ба расмият шинохтани Исроил аз мардуми таҳҷову соҳибони аслии ин сарзамин ва ҳуқуқи онҳо ҳеҷ ҳарфе нагуфт.
Аммо билофосила давлатҳои Мисру Урдун, Суриё ва Лубнон бо «давлати навпайдо» эълони ҷанг ва Теловивро бомбаборон намуда, ниме аз сарзаминҳои хешро бозпас гирифтанд. Шӯрои Амнияти СММ дид, ки ҷанг ба зарари Исроил аст, талаби оташбасро пеш гузошт ва Исроил бо кӯмаки Амрикову Чехославакии вақт аз оташбас истифода бурда, артиши худро тақвият ва нируманд сохт. Се моҳ баъд бар хилофи оташбаси амалкунанда ба ин кишварҳо ҳамла кард. Шаҳри Ако ҷое буд, ки наздик ба 1 миллион фаластинӣ паноҳанда буданд, Исроил ин мардумро ба таври ваҳшиёна бомбаборон кард ва пешравиашро дар заминҳои фаластиниён идома дод. Танҳо дар 1 сол Исроил 400 рустои фаластиниро вайрон ва дар ҷои онҳо ҷангали маснуъӣ дуруст кард. Давлатҳои Мисру Суриё ва Лубнону Урдун дигар муқовимат нишон дода натавонистанд, зеро мисли қабл фармондеҳии ягона ва ваҳдат вуҷуд надошт.
Оворагии миллати Фаластин
Беш аз 1,5 миллион фаластинӣ дар кишварҳои ҳамсоя овора шуданд ва барои ҳимоя аз ҳуқуқ ва бозпасгирии сарзамини худ Созмони Озодибахши Фаластинро ташкил намуданд. То имрӯз муборизаҳои ин миллат барои ба даст овардани ҳуқуқҳои худ идома дорад.
Абарқудратҳо бо густариш ёфтани муборизаи фаластиниҳо маҷбуран Ташкилоти худгардони Фаластинро ба расмият шинохтанд, вале ҳоло ҳам онҳо дар сарзамини худ давлат надоранд, тобеъи «давлати навпайдо»-и саҳюнистҳоянд.
Пас маълум мешавад, ки Бритониё маҳз барои таҳти тасарруф даровардани сарвати минтақа ва коноли Суиз дар Миср, Исроилро ба вуҷуд овард ва тақвият бахшид, агарчи ин режими таҳмилӣ дар минтақаи мазкур феълан таҳти ҳимояти ИМА ба сар мебарад.
Аз ин таърихча барои он ишора кардем, ки аз василаҳои пайдо шудани ин «давлати навпайдо» ҳама огаҳӣ дошта бошем, ки пайдо кунонидани он ба хотири террор ва куштору ғасби бештари сарзамини мардуми муқимӣ будааст. Ҳоло вақте мардуми муқим ба мубориза бархоста, танҳо дар хона ва сарзамини худ озодона зиндагӣ кардан мехоҳад, муқовимати онро амали террористӣ мегӯянд.
Баргардем ба қазияи Фаластин аз нигоҳи имрӯз. Дар ин чанд соли охир, Исроил борҳо болои Ғазза ва ҲАМОС ҳамла карда, пайваста баҳонаҳои бепояеро пеш овардааст, инчунин ҳеҷ бор оташбасро риъоя намекунад. Агарчи омилҳои ҳамла ба Ғаззаро дар мақолае пештар ҳам баён кардем, вале иҷмолан аз онҳо ишора мекунем:
1. Шикасти музокирот ва созиш. Исроил дар музокироти сулҳ бо фаластиниҳо ҳаргиз содиқ набуда, дар фикри додани кадом имтиёзе ҳам ба онҳо нест. Аммо шикасти созишро бо баҳонаҳои мухталиф болои фаластиниҳо бор кардааст. Ин бор ҳам маҳз ба хотири фирор аз мусолиҳа ва музокира даст ба ҳамла зад.
2. Ба шикаст кашондани мусолиҳаи фаластиниҳо. Дар ин ҳамлаҳо Ташкилоти худгардони Фаластин тақрибан бо Исроил ҳамоҳанг амал карда, ба бархе аз ҷиноятҳои он машруъият бахшидааст, ки ин кор наметавонад бар рӯи мусолиҳаи Фатҳу Ҳамос бетаъсир бошад.
3. Арзёбии қудрати ҲАМОС. Исроил ҳамеша донистан мехоҳад, ки ҲАМОС чиқадар тавон дорад.
4. Арзёбии вафодории Миср ва Сисӣ баъд аз сарнагунии Мурсӣ.
5. Арзёбии вокуниши ҷаҳони ислом дар ҳолати бетартибие, ки имрӯзҳо қарор дорад. Ихтилофотҳои шадиди сиёсиву мазҳабӣ ва нобасомониҳои дохилии кишварҳои исломӣ онҳоро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Исроил донистан мехоҳад, ки дар чунин ҳолат бояд чикор кунанд.
Натиҷаи ҳамла
Мутаассифона, ҷанги феълӣ дар Ғазза, ҷанги Исроил бо ҲАМОС нест, ҷанги тамоми қудратҳо бо «бедории исломӣ» ва «баҳори арабӣ»-ст. Ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон ин ҳамла бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Мисру Иморот сурат гирифтааст.
Ҳамос, ки бо ба даст овардани аксарияти овозҳо дар интихобот яке аз мардумитарин нерӯи минтақа ҳаст, баъди табаддулот дар Миср диктаторҳо ягон нишоне аз қудрати мардумиро дар минтақа дидан намехоҳанд. Ба ин хотир, дар муддати 16 рӯз Миср гузаргоҳи Рафаҳро боз намекунад, ҳатто намегузорад дору ва хӯрока ба Ғазза ворид шавад. Ин кори Сисӣ ҳам ба хотири зарба задан ба ҲАМОС-у «бедории исломӣ» дар минтақааст ва ҳам қадрдониаш аз Исроил.
Аммо ҳамла ба Ғазза ва тавони муқовимати ҲАМОС тамоми муодилоти минтақаиро ба ҳам задааст ва ҳоло Исроилу кишварҳои минтақа бо як воқеъияти дигар рӯбарӯянд. Воқеъияте, ки дар оянда наметавон аз он нодида гирифт. ҲАМОС ҳар нуқтаи Исроилро ҳадафи мушак қарор дода метавонад, яъне аз байн рафтани амнияту оромиши Исроил аз миён рафта, эҳсоси хатар барои ҳар як исроилӣ пеш омадааст. Сайёҳон мисли қабл дигар бидуни тарс вориди Исроил шуда наметавонанд ва исроилиҳо ҳам дар муомила бо фаластиниҳо бояд ин воқеъиятро дар назар бигиранд, ки ҳар лаҳза имкони партоби мушак ба ҳар гӯшаи Исроил имконпазир аст.
Исроилу Амрико бояд ин воқеиятро низ бипазиранд, ки дигар дар ҷангҳо танҳо фаластиниён нестанд, ки қурбонӣ медиҳанд. Балки Исроил ба талафоти сангин мувоҷеҳ мегардад, барои мардуми ҷаҳон маълум гардида, ки агар Исроил дар Ғазза бештар мардуми бегуноҳро ба шаҳодат расонда бошад, ҲАМОС танҳо сарбозони ҷинояткори Исроилро куштааст. Барои аввалин бор дар чанд соли охир артиши Исроил беш аз 60 кушта ва 300 захмӣ додааст, ки ин бар рӯҳияи артиш ва мардум дар ин давлати ғосибро сахт таъсир кардааст. Исроил аз ҳамлаи худ ба натиҷаи дилхоҳаш нарасид, на ҲАМОС-ро шикаст доду на авзои дохилиашро ором кард.
ҲАМОС ҳоло хостаҳояшро ба онҳо таҳмил хоҳад кард ва маҳз аз ҳамин нигоҳ шарти оташбасро бекор кардани муҳосираи Ғазза қарор додааст. Нафрати ҷаҳониён ҳам нисбат ба Исроил бештар гардид, чун куштори беш аз 170 кӯдаки бегуноҳ Исроилро як давлати ҷинояткору террорист ба намоиш гузошт. Агарчи созмону давлатҳое Исроилро маҳкум намекунанд, вале нафрати мардуми ҷаҳон нисбати он афзоиш пайдо кардааст.Дурӯғ будани сипари дифоъи мушакии Исроил бо номи «гунбади оҳанин» ҳам ошкор шуд. ҲАМОС медонад, агар 4 мушакро якбора ба самте партоб кунад, ин гунбади сохта ҳамаи онҳоро пешгирӣ карда наметавонад. Мардуми Исроил низ дигар ба ин сипар, ҳамчун афсона нигоҳ мекунанд ва боварро нисбат ба ояндаи ором аз даст додаанд.
Мушкилоти дохилии нав барои Исроил ба вуҷуд меояд ва раҳбаронаш мавриди пурсиш қарор хоҳанд гирифт, ки чаро инқадар кушта доданд. Рақобатҳои дохилӣ ранги дигар гирифта, раҳбарони Исроил маҷбуран вақти бештареро барои ин рақобатҳо сарф мекунанд. Рӯҳияи артиш ва мардум заиф шуда, сокинони Исроил амнияти ҷониашонро онгунае, ки раҳбарон даъво мекарданд, таъмин дида наметавонанд. Артиши Исроил ҳам медонад, ки ҳар лаҳза марг дар каминаш аст ва онҳо ҳамеша қотил боқӣ намемонанд, балки кушта низ мешаванд.
Хиёнати раҳбарони бархе кишварҳои исломӣ собит гардид, бахусус Мисру Иморот дар ин ҷанг чеҳраи воқеъии худро ошкор карданд. Фарзияи ҳимояти Исроил аз Сисӣ дар кудатои низомиро ҷанги феълӣ ба исбот расонид ва нафрати мардуми Миср аз Сисӣ ҳам бештар хоҳад шуд, ки барои ҳукумати бебарномаву ноустувори Сисӣ зарбаи сахте хоҳад буд.
Аз тарафи дигар, мардуми минтақа дарк карданд, то замоне, ки диктаторҳо дар кишварҳои онҳо ҳокиманд, қазияи Фаластин ба нафъи мусалмонон ҳал нахоҳад шуд. Ҳокимонро мардум ҳамроҳӣ намекунанд ва ояндаи онҳо дар хатар афтод, обрӯяшонро беш аз пеш аз даст доданд. Ба ҳама исбот гардид, ки Сисӣ бар асоси як барномаи амрикоӣ ва исроилӣ-халиҷӣ барои аз байн бурдани озодиву каромат ва ҳувияти мардуми мусалмон сари қудрат омадааст.
Ин аст натиҷагирие аз ин ҷанги золим болои мазлум.
Ҷойгоҳи «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» дар қазияи Фаластин
Пайдо шудани қазияи Фаластин бевосита ба заъф ва парокандашавии хилофати Усмонӣ алоқаманд аст. Зеро ин қаламрав то ибтидои асри 20, дар маҳдудаи хилофати Усмонӣ буд.
Империяи Инглис дар муқобили хилофати Усмонӣ аз ангезаи миллатгароии арабӣ моҳирона истифода кард. Аввалин шӯриши арабҳо алайҳи ҳукумати марказии Усмонӣ бо сардории Ҳусейн, амири Макка, ки аз ҷониби Усмониҳо таъин шуда буд, ба вуқуъ пайваст. Инглисҳо бо таҳрики Ҳусейн ва кӯмаки молӣ ва низомӣ ба ӯ, хостанд бо ангезаи миллӣ-арабӣ, истиқлолияти ҳукумати зери нуфузаш (қисме аз нимҷазираи Ҳиҷоз)-ро эълон намояд ва ин боиси авҷи ҷудоихоҳии арабҳо ва дигар қавмҳои зери нуфузи хилофати Усмонӣ гардид. Дар заъф ва парокандагии хилофат, дар баробари инглису фаронсавиҳо, русҳо низ манфиъатдор буданд.
Дар он замон яҳудиёни бумӣ, қисми андаке аз мардуми Фаластин, худуди 5%-ро ташкил медоданд. Бо ташкили ҳизби Саҳюн (бо номи минтақа), дар ахири асри 19, ба хотири ташкили давлати мустақили яҳудӣ дар сарзамини Фаластин, муҳоҷирати яҳудиён аз манотиқи мухталифи дунё ба ин сарзамин шуруъ шуд.
Соли 1920 Фаластин аз хилофати Усмонӣ ҷудо ва ба султаи Инглис дароварда шуд. Инглисҳо ҳукумати Фаластинро ба як нафар яҳудии муҳоҷир вогузор намуданд ва аз ин ба баъд муҳоҷирати яҳудиён шакли оммавӣ гирифт, ки боиси норозигии мардуми бумии Фаластин гардид. Зеро яҳудиёни ифротии муҳоҷир фаластиниҳоро бо хариди заминҳояшон ва бо роҳи зӯр аз сарзамини Фаластин берун мекарданд.
Аввалин бархӯрди хунини саюнистҳои муҳоҷир ва фаластиниҳо соли 1929 рух дод, ки боиси шаҳодати худудан 400 нафар фаластинӣ гардид. Аз солҳои 20 то 40-и асри гузашта саюнистҳои муҳоҷир бо кӯмаки низомӣ ва молии ҳукумати зери султаи Инглис ба куштору ихроҷи сар то сарии фаластиниҳо даст заданд, ки бо муқовамати гурӯҳҳои мардумии Фаластин рӯ ба рӯ шуданд, аз ҷумла, муборизаи фаластиниҳо бо раҳбарии Шайх Қиссом (1930-1936), Абдулқодири Ҳусайнӣ (1937-1939), Ҳусайн Салома (1944-1945) дар муқобили саюнистҳо қобили зикр аст. Азбаски нирӯҳои фаластинӣ имконоти ночизи низомӣ ва молӣ доштанд, бо вуҷуди истодагарии шадид дар муқобили нирӯҳои саюнистӣ, бо пуштибонии Инглис шикаст хӯрданд.
Соли 1948 Инглис, бо вогузории тамоми имконоти низомӣ ва иқтисодӣ ба саюнистҳо, аз Фаластин берун рафт. Бо истифода аз фурсат, Шӯрои миллии яҳудӣ рӯзи 14.05.48, дар минтақаи Телавив, ташкили давлати саюнистии Исроилро эълон кард, ки худи хамон рӯз аз тарафи ИМА ва баъдан Инглису Шӯравӣ эътироф гардид.
Бо вуҷуди қатъномаи СММ дар бораи ташкили ду давлат: Фаластин ва Исроил дар сарзамини Фаластин режими саҳюнистии Исроил бо зери по гузоштани ин қатънома ва дигар қарору қатъномаҳои созмонҳои байналмилалӣ ба куштор ва овораю беватан намудани мардуми бумӣ, ваҳшонияти худро ба ҷаҳониён ошкор намуд, ки дар натиҷа аксари мардуми араби Фаластин аз сарзамини аҷдодии худ ихроҷу овора шуданд.
Ҷангҳои аъроб ва Исроил солҳои 1948, 1956, 1967, 1973 бо шикасти аъроб, аз ҷумла кишвари Миср, Сурия, Урдун ва пирӯзии режими истилогар анҷом гирифтаанд. Зеро Ғарбу Амрико ба режими саюнистӣ кӯмакҳои низомиву иктисодӣ мерасониданд.
Аз ибтидои солҳои 70-ум раҳбарони кишварҳои арабӣ иқдом ба эътирофу созиш бо ин режимро пеш гирифтанд. Аввалин шуда Анвар Содот, раисиҷумҳури вақти Миср соли 1975 Созишномаи Сино ва соли 1978 Созишномаи Кемп-Девидро ба тасвиб расонида, бо режими саюнистӣ муносибати дипломатӣ барқарор намуд. Солҳои баъдӣ Урдун, Иморот ва иддаи дигаре аз кишварҳои арабӣ ин режимро эътироф карданд.
Дар натиҷа мардуми овора ва қазияи давлати Фаластин ба фаромӯшӣ супорида шуд. Дар ин солҳо Созмони Озодибахши Фаластин, бо роҳбарии Ёсир Арафот ба фаъолият шуруъ намуд, ки баъдан, он ҳам бо кӯшиши Амрико ва кишварҳои арабӣ ба созиш бо режими саҳюнистӣ кашида шуд.
Режими саҳюнистӣ, бо истифода аз ин фурсат, куштор ва ихроҷи мардуми бедифоъи Фаластинро дар дохили сарзамини ишғолӣ, ҳатто берун аз он, дучанд намуд. Гурӯҳҳои террористии саҳюнистӣ, дар тамоми нуқоти дунё, роҳбарону муборизони фаластиниро бе мамониъат ба шаҳодат мерасониданд.
Ҳамлаи густурдаи низомии ин режим дар соли 1982 ба урдугоҳҳои паноҳандагони фаластинӣ; Сабро ва Шатило дар Лубнон ва куштори бераҳмонаи даҳҳо ҳазор марду зан ва кӯдак дар ин урдугоҳҳо, нишонаи авҷи ваҳшонияти режими хунхорро нишон дод. Аммо, мутаассифона, абарқудратҳо, хусусан ИМА, инчунин аксари низомҳои худкомаи арабӣ ба ин ваҳшонияти режими саҳюнистӣ аксуламали ҷидди нишон надоданд, ки боиси ҷуръати бештари сардамдорони он гардид.
Дар солҳои 80-ум, баъд аз пирӯзии инқилоби исломии Ирон, муборизони фаластинӣ рӯҳу илҳоми нав гирифтанд ва даст заданд ба ташкили ҳаракатҳои сиёсие мисли ҲАМОС, Ҷиҳоди Исломӣ дар Фаластин ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, ки ба тағйири самти эътиқодӣ ва роҳбурдии муборизони фаластинӣ-арабӣ аз миллӣ-нажодӣ ба исломӣ-умумиинсониву зидди истикборӣ гардид. Ва аз байн рафтани афсонаи «шикастнопазирӣ»-и режими саҳюнистӣ дар ҷанги 22-рӯза ва 8-рӯзаи ҲАМОС, 33-рӯзаи Ҳизбуллоҳ натиҷаи ин дигаргуниҳст.
Режими саҳюнистӣ ба ҷои амалӣ сохтани орзуи саҳюнистҳо дар ташкили давлати худ «аз Нил то Фурот», ҳоло машғули нигоҳ доштани сарҳадоти имрӯзааш мебошад.
Ҳаракатҳои исломии ҲАМОС, Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳизбуллоҳ бо зарбаҳои чонкоҳ ба пайкари ин режим, саҳюнистҳоро маҷбур намуда, ки ҷануби Лубнон ва навори Ғаззаро тарк намоянд ва аз шикасти режими саҳюнистӣ ба тамоми олам мужда расонид.
Тағйири токтик ва дурнамои муборизаи озодихоҳӣ
Қаблан фаластиниҳо ба хотири пирӯзӣ алайҳи саҳюнистҳо дар соли 1948, дар дараи Каромаҳ, миёни Урдун ва Сурия, рӯзеро «Рӯзи ҷаҳонии Фаластин» эълон намуда буданд, вале чун маънии он миллӣ-арабӣ буд, пуштибонии зарурии ҷаҳонӣ пайдо накард. Эъломи «Рӯзи ҷаҳонии Кудс», мушкили Фаластинро аз маҳдудаи миллӣ ба исломӣ- умумиинсонӣ табдил дод, ки боиси набарди «нарм»-и ҷаҳонӣ алайхи саҳюнистҳо гардид ва муборизони фаластинӣ пуштибонии тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто ғайри мусулмонҳоро пайдо карданд. Самти муборизаи зидди саҳюнистӣ ҳам исломӣ-умумибашарӣ ва зидди истикборӣ маънӣ касб кард.
Имом Хумайнӣ зимни эъломи «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» фармуд: Рӯзи Қудс фақат рӯзи фаластинӣ ва арабҳо нест, рӯзи қудрат ва ҳокимияти Ислом аст, рӯзи Расули акрам (с) ва тамоми мустазъафону муборизони зидди истикбор аст. Бояд мусалмонҳо аз инзивоъ ва ҳошияе, ки бар он кашонида шудаанд, берун биёянд ва дуввумбора Исломи азизро ба саҳнаи ҳаёт бозгардонанд.
Осор ва паёмадҳои «Рӯзи ҷаҳонии Қудс»
1. Тақвияту густариши бедории исломӣ бар хилофи хости ҳукуматҳои истибдодӣ ва дастнишонда дар минтақа:
а) Исломӣ ва оммавӣ будани ҳаракатҳои мардумӣ дар минтақа
б) Зидди саҳюнистӣ ва зидди истикборӣ будани ҳаракатҳои мардумӣ.
2. Шаклгирӣ ва тақвияти интифозаҳо дар сарзамини ишғолии Фаластин:
а) Тақвияту густариши қиёмҳои мардумии зидди саҳюнистӣ дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ. Яъне баъд аз эъломи «Рӯзи ҷаҳонии Қудс», мардуми Фаластин бо сангу фалахмон бар куча баромада, саҳюнистҳоро аз барномаҳои стротежии худ берун бурда тавонистанд. Аммо мутаассифона, аксари сарони кишварони арабӣ қадри қиёмҳои мардумиро дар Фаластин намедонанд. Агар қиёмҳои мардумӣ намебуданд, режими саҳюнистӣ кайҳо ба қасру кушкҳояшон расида, онҳоро низ бехонаю овора карда буд.
б) Дар кишварҳои авупоӣ ва ИМА, ки хилватхона ва оромгоҳи саҳюнистҳост, касе ҷуръат надошт, ки номи Фаластинро ба забон биёрад. Аммо имрӯзҳо тазоҳурот бар зидди ҷиноятҳои саҳюнистӣ ва пуштибонӣ аз мардуми мазлуми Фаластин, амали ифтихории ҳар фарди озодандеш дар ин манотиқ гаштааст.
3. Тақвияти муқовамат ва истодагӣ дар муқобили режими то дандон мусаллаҳи Исроил ва пирӯзиҳои ифтихоромез дар муқобили он:
а) Озодсозии навори Ғазза ва ҷануби Лубнон,
б) Пирӯзӣ дар ҷангҳои 22- рӯза ва 8- рӯза ҲАМОС ва Ҷиҳоди Исломӣ ва 33-рӯзаи Ҳизбуллоҳ
в) Муқовамати ҲАМОС-у Ҷиҳоди Исломӣ ва пирӯзии чашмраси онҳо алайҳи режими саҳюнистӣ
г) Ҳамоҳангии ҳаракатҳои муковамати фаластинӣ ва дигар нирӯҳои зидди саҳюнистӣ дар минтақа.
4. Тағйири шакли мубориза аз миллӣ-нажодӣ (арабӣ-яҳудӣ) ба исломӣ-умумибашарӣ ва зидди истикборӣ.
Эй Фаластин
Ин ҳама охир дурӯғ аст,
Шарқи ман ҳоло намурдаст !
То лабе хуншор фарёди азоне мезанад,
То дарахте тирхӯрда дар намоз истодааст,
Ин Ватан ҳоло намурдаст !
Эй Фаластин, эй садои хастаи виҷдони дунё,
Эй азони субҳдам дар гӯши карҳо,
Он қадар бар хоби серӣ рафта Мағриб,
Ки 6а ҷуз овозҳои ишками худ
Кай садои дигаре хоҳад шунидан?
Эй Фаластин — ҳуҷҷати номардии ақвоми Машриқ,
Бо пайи хунини як тифли шаҳиде
Ҷои мӯҳру ҷои имзо
Эй Фаластин —эй умеди захмдори ман,
Эй ба хун олуда гулханди баҳори ман,
Эй 6а рӯи хоки асри бист ашки шашқатори ман,
Аз паси тобути Муин.
Ин чӣ марге буд ё раб !
Ин чӣ марге буд, моро зиндатар кард,
Баъди марги ӯ дил исёни дигар кард,
Сӯи ту азми сафар кард,
Эй рафиқи он сӯи садҳо биёбон.
Эй Фаластин — эй рафиқи ман дар ин зиндони дунё.
Бо ту фаҳмидам, ки охир
Яъс ҷуз занҷири тиллой набудаст,
Бар сару бар гардану бар пову бар даст.
Лек агар ҳиммат баланд аст,
Метавон онро шикаст.
Гӯш деҳ дар дурие дарё гузар дорад,
Ё худ ин печида дар роҳи гулӯ фарёди мост I
Гӯш деҳ дар жарфнои хок вулқон ҷӯш дорад,
Ё худ ин овози гарми хуни туфонзоди мост
Гӯш деҳ,
Як парранда чомаи шабгоҳ мехонад,
Ё ки моро роҳ мехонад ба озодӣ,
Даст деҳ, эй зиндагонӣ, эй рафиқ !
Сиёвуш
Мушкилоти Фаластинро бояд шинохт
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар оғози суханронии худ изҳор намуд, ки ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон, бахусус дар шаби Қадри он мавзӯи суҳбат фазилатҳои рамазонӣ ва шаби Қадр, инчунин дигаре аз мавзӯъҳои рабт дошта ба ин моҳ ва дар умум Ислом сурат мегирифт. Вале имсол лаҳзаҳои мудҳише ҳанӯз аз аввали моҳи Рамазон ва ҳоло низ, ки рӯи ҷонамоз нишастаем, рост омад. Имрӯз ҳар инсони озода ва мубориз баҳри адолат дар тамоми ҷаҳон дар ҳамин бора, аз ҳодисаи Навори Ғазза ва ҷиноятҳои сангини Исроил алайҳи мардуми бегуноҳ, муборизу ҷасур ва шарифи Фаластин суҳбат мекунад. Пас мо ҳам наметавонем дарди дили хешро нисбати ин ҳаводиси рӯз дар ин шабҳои муборак изҳор надорем, чун инҳо ҳам навъе аз ибодат буда метавонад.
Бале, дар шаби Қадр, ба хусус дар шароити кунунӣ, ки хуни мардуми мазлум рехта мешавад ва ҷаҳони мутамаддин аз «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» ҳарф мезанад, аз ин мавзӯъ ва ин баҳс ибодати бартаре нест. Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ягона нирӯи ошкоргӯ ва мавқеъи рӯшандошта дар қиболи ҳама ҳаводиси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, доир ба таҷовузи саҳюнизми истилогар ва хунхори мусалмонон ҳам дар ин марҳалаҳои ҳассос ҳарфи хешро бо сароҳат эълон доштааст.
Раҳбари ҲНИТ дар ин маврид гуфт: Мо дар ин шаб намози хешро барпо медорему Қуръон тиловат хоҳем кард, бо Худо розу ниёз хоҳем гуфт, ки ин ҳама аҷру подоши худро хоҳад дошт, аммо ин амалҳо танҳо барои худи мо ва барои наҷот ёфтан аз оташи ҷаҳаннам мебошад. Вале суҳбатҳое, ки дар ин шаб дар мавриди бародарони худ дар Фаластин мекунем, инро ҳам ибодат медонем, анҷоми фаризаи илоҳиро бародарони фаластинӣ дар ҳамин шабу рӯз ва эҳтимол дар ҳамин лаҳзаҳо ҳам шаке нест, ки дар муборизаанд, ё ба шаҳодат мерасанд ва ё душманро аз байн мебаранд. Дар ин ҳолат бо онҳо будан ва эҳсоси ҳамдиливу ҳамбастагӣ кардан, ҳадди ақали масъулияти як мусалмон аст. Ҳадиси шариф аст, ки агар шумо кори бадеро дидед, онро тавассути даст ислоҳ намоед, агар натавонистед бо забон ва дар ниҳоят агар ҳам муяссар нашуд, бо дил бад бубинед.
Табиист, ки мо бо далелу сабабҳои гуногун дар паҳлӯи мардуми мазлуми Фаластин буда наметавонем, вале қудратеро дорем, ки бо забон ва қаламу мол ва дигар имкониятҳои худ ин ҷиноятро маҳкум намуда, дар паҳлӯи бародарони фаластинӣ қарор бигирем. Агар касе ин қудрату ҷасоратро надорад, ҳадди ақал дар дуъоҳо ва бо қалбаш ин амалро маҳкум кунанд, ки тибқи ҳадиси мазкур поёнтарин сатҳи имондорист.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба дастандаркорони ин ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти ҳизб изҳори ташаккур мекунам, инчунин ба баъзе бародарони дигарамон, ки иқдоми хуберо пеш гирифтанду дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мардумро, бахусус масъулинро дар бетараф набудан дар қазияи Фаластин таҳрик доданд. Аз аҳли уламо ва хутабо хоҳиш ба амал овардаанд, ки ҳадди ақал дар намозҳои ҷумъа нисбати мардуми мазлуми Фаластин дуъо кунанд, мардуми намозхонро огоҳ кунанд, ки чӣ мусибате болои уммати исломӣ ва дар яке аз гӯшаҳои ҷаҳони ислом мегузарад. Агар мо холисона ин амалҳоро танҳо барои ризои Худо анҷом диҳем, ҳатман дар қалбҳо таъсир мегузорад ва масъулин ҳам лаббайк хоҳанд гуфт.
Ин корҳо холисан барои ба даст овардани ризои Худованд мебошанд, вале бад ҳам нест, агар инсоне огоҳ шавад, ки мусалмонони Тоҷикистон дар паҳлуи мусалмонони мазлуми Фаластин қарор доранд. Дониста бошем, ки вақте миллатҳо дар ҷаҳон ё кишварҳое мисли Ирону Туркия дар паҳлӯи Фаластин меистанд, табиъист, ки дар истодагарӣ ва муқовамати фаластиниҳо бетаъсир нахоҳад буд. Аммо огоҳ шудани бародарони фаластинӣ аз он ки дар кишварҳои хурд ва хеле дур иддае аз мардум ва ҳизбу ҳаракатҳо дар паҳлӯяшон қарор доранд, ин таъсири дигар хоҳад дошт.
Фаластин қазияи башарист
Ёдам ҳаст, дар ҷанги аввали Ғазза айнан ҳамин ҳодисаҳо такрор мешуданд. Мо дар Наҳзати Исломии Тоҷикистон иқдом гирифтем ва маблағи ночизеро дар як рӯз ҷамъоварӣ кардем барои кӯмак ба бародарони Ғазза, дар ҳаҷми бештар аз 30 ҳазор доллар ва масъулияти расонидани ин амонатро низ доштем. Дар як нишасти байналмилалӣ бо масъулини ҲАМОС ҳамроҳ будам ва маблағи мазкурро таслим кардам. Дар он ҷо ҳам гуфта шуд, ки ин кӯмакест аз бародарони шумо дар Суғду Хатлон ва Раштону Бадахшон. Ҳамчунин маблағи алоҳидаеро дар ихтиёр доштам ҷамъоваришуда аз зиндонҳои Тоҷикистон. Вақте чунин як кӯмаки хосро эълон кардем, ин комилан ба тарзи дигар қабул гардид. Яъне бубинед, маҳбусин худ ниёз ба кӯмак доранд, вале боз ҳам дар чунин як ҳолат масъулияти мусалмонии худро анҷом доданӣ мешаванд. Ба ин хотир, маблағро ҷудогона ҳифз ва таслим кардам.
Дар он конфронс барои ҲАМОС ва дар умум Ғазза кӯмакҳои зиёде ҷамъоварӣ шуданд, ки ҳар ҷонибе беш аз миллион доллар буданд. Вале З0 ҳазор доллари мо тоҷикҳо дар баробари миллионҳо доллар ба тарзи дигар қабул гардид. Воқеъан, дар баробари миллионҳо доллар аз 30 ҳазор суҳбат кардан хиҷолат дошт, вале ин масъулият ва амонат буд, ки онро эълон кардему супоридем.
Бародарони фаластинӣ гуфтанд, ташаккур мекунем аз ҳамаи миллату кишварҳое, ки чунин кӯмакҳоро барои онҳо фиристоданд, вале ҳамин кӯмаки бародарони тоҷик, ки аз кунҷи зиндон расидааст, барои онҳо авлотар мебошаду баракаташ бештар.
Тавре ахиран маълум гардид, яке аз дармонгоҳҳои Ғазза, ки онро исроилиҳо хароб карда буданд, аз ҳисоби маблағи тоҷикҳо таъмир шудааст ва дар гӯшае аз ин бино тахтачае овезон кардаанд, ки ин дармонгоҳ аз пули хайрияи тоҷикон таъмир шудааст.
Бубинед, ин чӣ қадар баракат ва чӣ дуъоҳоеро дар худ дорад. Оне, ки миллион медиҳад, шояд аз ҷайбаш надиҳад, аз пули нафт ё аз буҷаи давлат дода бошад. Вале бародарони тоҷики мо ҳарчи ҷамъ оварданд, аз ҷайби худашон буд, аз ҳисоби ризқу рӯзии фарзандони худ. Пас иншоаллоҳ баракат ва савоби ин ба маротиб аз он миллионҳо бештар хоҳад буд. Ҳатто ҳамин нишасти мо, ки ҳеҷ пуле дар дохилаш нест, вале ҳарфҳои гуфта шуда аз қалби мардум ҷӯш мезананд, чун касе шуморо ин ҷо иҷборан наовардааст ва касе ҳам дастур надодааст, аз ҷониби донишгоҳе ё ташкилоте ин ҷо ҳузур пайдо намоем, балки худатон ба як даъвате лабайк гуфтеду омадед, ҳам барои ибодат ва ҳам барои ҳузур дар ин ҳамоиш. Савоби ин ва баракати ин иншоаллоҳ, ҳам барои фаластиниҳо ва ҳам барои уммати исломӣ, ки мову шумо шомили он ҳастем, аз ҳама корҳои хайр болотар аст.
Бархӯрд ва муносибати баъзе аз дӯстони мо, чӣ исломӣ ва чӣ ғайриисломӣ, ба қазияи Фаластин ва ба дигар мушкилоти уммати исломӣ фарқ мекунад. Вақте мехонем ё мешунавем, ки баъзе аз онҳо вақте иддае аз ҷавонони тоҷик ҳамдилӣ нишон медиҳанду кӯмак мекунанд, мегӯянд: шуморо чӣ кор ба мардуми Фаластин ва чӣ кор доред ба баҳси яҳуду араб? Ду миллат, ду қавм барои як ваҷаб замин баҳсу ҷанҷол мекунанд, ин ба тоҷик чӣ рабт дорад?
Ин гуна ҳарфҳои бемаънӣ ва ноогоҳона барои инсони дигар, ки тибқи воқеъиятҳо бархурд ва мавқеъгирӣ мекунад, албатта, сахт мерасад, вале боз ҳам таҳаммул мекунад. Шояд баъзеи онҳо қалбан бо Исроил ҳам бошанд, вале чун Исроил ғосибу золим ва назари башарият алайҳи Исроил аст, аз эълони муҳаббат ва ҷонибдории худ аз Исроил шарм медоранд. Фақат ғаризаи қалбии худро дар пӯшиши дигар бо партофтани шиъорҳое, «моро чӣ кор ба ин баҳс» ошкор сохта гуфтанианд, ки тоҷикон набояд ба баҳси арабу яҳудӣ дохил шаванд. Вале фикр намекунад, ки қазияи Фаластин ва Қудс, масъалаи арабу яҳудӣ нест. Агар ин қавмӣ мебуд, арабҳо барвақт онро фурӯхта, масъаларо ҳал мекарданд, агар масъала қавмӣ мебуд, турк чӣ кор дошт, ки имрӯз ҳатто дар сатҳи ҳукумат бо Исроил даргир аст, Ирон чӣ кор медошту чаро аз мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад? Малайзиёву Индонезиё, Покистону Афғонистон ва Русия чӣ кор доранд, ки ба баҳси арабу яҳудӣ шарик мешаванд? Мо, тоҷикон магар ҷузъи башарият нестем?
Касоне, ки ба уммат сару коре надоранд, худро мусалмон меноманду аслан парвои дину диёнат ҳам надоранд, ҳадди ақал ҷузъи башарият ҳастанд. Қудс як масъалаи башарӣ ва ҷудокунанда байни адолату зулм аст, байни инсофу беинсоф ва инсон будану ноинсонист. Вақте дар Амрикову Африқо ва дигар нуқоти ҷаҳон, ҳамоишу гирдиҳамоиҳо барои пуштибонӣ аз Фаластин ва маҳкумияти Исроил баргузор мешаванд, магар онҳо ҳам ба қазияи Фаластин аз дидгоҳи мазҳабӣ нигоҳ мекунанд? Агар аз дидгоҳи динӣ ва мазҳабӣ нигоҳ мекарданд, бояд тамоми Ғарбу Амрико ва қисмате дар Африқо, бояд бо Исроил мебуданд, на бо Фаластин, ки аксарият мусалмонанд. Вале қисмати огоҳи башарият, новобаста аз дину диёнат дар замири хеш фаросати инсонӣ доранд ва мебинанд, ки дар ҳаводиси Ғазза ҳақ бо кист!
Пас аз ҳамон ҳамватаноне, ки масъаларо масъалаи динӣ диданӣ нестанд, даъват мекунем, биёед ҳади ақал инсон бошем ва аз ҳамин манзар ба масъала баҳо бидиҳем. Имрӯз дар Фаластин танҳо мусалмонҳо нестанд, ки баҳс мусалмонӣ бошад, дар Фаластини ишғолӣ масеҳиён ҳастанду яҳудиҳо ҳам. Ҳатто яҳудиҳое дар худи Исроил ва Амрикову Аврупо алайҳи ҷиноятҳои Исроил гирдиҳамоӣ мекунанд.
Масъалаи Фаластинро набояд аз нигоҳи қавмӣ ё мазҳабӣ баҳо дод, пеш аз ҳам ин як масъалаи башарист ва баъдан динӣ. Вале мо, тоҷикҳо ҳамчун инсон ва мусалмон, бояд аз ду нигоҳ ба қазияи Фаластин бархурд намоем, яке аз нигоҳи исломӣ, дигаре инсонӣ. Вақте мавқеъгирии худро рушан месозем, иншоаллоҳ, масъулият аз дӯши миллат соқит мегардад. Мисли оне ки як гурӯҳе дар деҳае масъулияти имониашонро анҷом медиҳад ва анҷоми ҳамин кор аз гардани дигар сокинони деҳа соқит мегардад. Вале ин ба маъное нест, ки масъулин, ба хусус касоне, ки минбар доранд, хомӯш бошанд. Агар касе ба ин назар бошад, ки ин як кори сиёсиву байналмилалист ва аз дахолат худро канор мегиранд, иштибоҳ мекунанд.
Аввалан, масъала, як масъулияти имонӣ ва исломист, агар сиёсат ҳам бошад, сиёсат ба хотири Ислом аст. Масъулияти як хатиб суҳбат кардан дар бораи як мавзӯъ аст, ба намозгузорон расонидани ҳаққиқату воқеъиятҳоест, ки барои онҳо заруру муҳиманд. Воқеъияте, ки дар Фаластин мегузарад, як ҳаққиқати ошкор аст. Агар сиёсат ҳам бошад, имомхатибони муҳтарам он қадар аз сиёсат дур нестанд. Дар ҳар намози ҷумъа аз масоили сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла ворид шудан ба СҶТ ва ахбори ҷаҳон суҳбат мекунанд, ҳатто аз сафару мулоқотҳои масъулин ҳам. Пас дар як гӯшае аз ин суҳбатҳо аз мардуми мусалмону мазлуми Фаластин суҳбату дуъои хайре шавад, ин масъулият аз гардани ҳамаи мусалмонони Тоҷикистон соқит мегардад.
Суриё ва ироқ саҳнаи мубориза нестанд
Масъалаи дигаре, ки бо истифода аз ин фурсат мехоҳам арз намоям, бештар ба кишвари худамон, ба хусус ба мову шумо ва Наҳзат рабт дорад. Кишвари мо дар як ҳолати бисёр печида ба сар мебарад. Натанҳо кишвари мо, Осиёи Марказӣ ва дар умум ҷаҳони Ислом мутаассифона, ба як минтақаи доғ табдил шудааст, шурӯъ аз Либиву Миср, Ироқу Суриё то ба Афғонистони бародару ҳамсоя. Феълан дар натиҷаи интихоботҳои пур аз тақаллуб ин бор ҳам миллати шарифи Афғонистонро ба марҳалаи ҳассос кашиданд.
Осиёи Марказӣ ҳам аз ин дору гирҳо дар канор нест, мехоҳем ё не ҷузъи уммати исломием ва ҳодисаҳо моро ба ин равандҳо мекашонанд. Имрӯз дар минтақаҳои доғи ҷаҳони ислом тибқи баъзе оморҳо аз 300-500, ҳатто баъзеи дигар шумораи 1000-ро ҳам мегӯянд, ки фарзандони тоҷик он ҷо рафтанду даст ба силоҳ задаанд, аз ҷумла дар Суриё ва Ироқ. Агарчи дар Афғонистон пештар ҳам буданд, вале бо баъзе оморҳо дар ин ҷо ҳам то 500 нафар ҳузур доранд. Ҳоло баҳси он нест, ки бо чӣ сабабе фарзандони миллат ба ин ҳодисаҳо кашонида мешаванд. Шояд иддаеро мегӯянд барои маблағ, баъзеҳои дигарро барои ақида, савумиҳоро гумроҳ шуда, вале баъзе аз онҳоро холисона, яъне барои анҷоми масъулият арзёбӣ мекунанд.
Омилҳо гуногунанд ва болои онҳо суҳбат намекунем. Атрофи воқеъиятҳо суҳбат мекунам, ки бо эътирофи умум фарзандони миллат дар ин ҳодисаҳо ширкат доранд. Бо камоли таассуф ин ҳарфҳоро мегӯям, фарзандони миллати мо дар минтақаҳои даргир нодуруст ҳузур пайдо кардаанд. Даъвати мо аз ишон ин аст, агар бо ҳар далеле рафта бошанд ҳам, баргарданд ба ватан ва ҷои талошу мубориза ин ҷост, ҷои насиҳату амр ба маъруф Тоҷикистон аст. Ҷаҳони Ислом гирифтори фитна гаштааст, дар кадом сангаре қарор ҳам бигиред, дар Ироқ ё Суриё, бидонед, гирифтори фитнаед. Имрӯз Ироқу Суриё дигар саҳнаи мубориза нестанд, ки бигӯед рафтаму он ҷо дар сангари ҳақ қарор гирфтаам ва ҷониби дигар дар сангари ботил.
Бале, дар аввали мубориза бидуни шак инро худам ҳамчун як мусалмон эътиқодан мегӯям, ки мубориза ва муқовимат дар Суриё дуруст буд ва мардуми Суриё аз низоми истибдодиву худкомаи Суриё, аз Башор Асад талаб кардан ҳаққи худро доштанд. Ҳамчуноне дар Миср аз Ҳусни Муборак, дар Тунис аз Зайналобиддин Бен Алӣ ва дар Либия аз Муаммар Қаззофӣ карданд. Дар тамоми дунё ин талабҳо мешаванду хоҳанд шуд, ин ҳаққи табиъӣ ва одилонаи мардум аст. Бояд ҳукумати Суриё, ҳамчунин дар Ироқ ба талаби марум лаббайк мегуфтанд ва хостаҳои онҳои сиёсӣ ва динии мардумро бароварда месохтанд, то кор ба ин ҳад кашонда нашавад. Вале мутаассифона чунин нашуд ва бо ҳамон ғуруре, ки хоси низомҳои диктотурист, роҳи худро идома ва мардумро саркӯб карданд. Сипас дидем, ки раванди ҳодисаҳо ба тарафи дигар кашида шуд ва неруи ислоҳотхоҳи мардумӣ, онҳое, ки воқеъан ба таври мусолиҳатомез муборизаро оғоз карданд, пас аз саркӯб шудан фирефтаи баъзе доираҳои тундрав шуданд. Вақте як гурӯҳ аз инсонҳои фитнаандоз ё воқеъан бесабр, ки дигар натавонистанд муборизаи сулҳомезро идома бидиҳанд, даст ба силоҳ заданд, дигар маълум шуд, ки кор ба куҷо кашида мешавад. Раванди мубориза аз дасти нирӯҳои солим берун рафт ва ба дасти нирӯҳои тундраву такфирӣ расид, ки дигар ҳамаро кофир эълон мекунанд. Ва тамоми минтақа, бахусус миллатҳои Суриё ва Ироқро шомили фитна гардониданд. Он гурӯҳе, ки муборизаи солим ва одилонаро шурӯъ карда буд, дар ҳошия қарор гирифт ва гурӯҳҳои дигаре бо номҳои гуногуни «Хилофат», «Ҷабҳаи Нусра», «ДОИШ» ва дигарҳо ташаббусро ба даст гирифтанд. Ҳоло мебинем, ки на танҳо як кишвар, балки кишварҳоро бо доми фитнаву ҷанг мекашанд. Пас куҷо шуданд он бародарони афкори сулҳомездошта, ки дар шурӯъи мубориза буданд? Ҳоло дигар ташаббус дар дасти онҳо нест, агарчи мо бо онҳоем ва эълон медорем, ки қалбан ва эътиқодан бо мардуми озодихоҳ, муборизони сулҳомез ва мардумсолор будему ҳастем. Вале бо ин гурӯҳҳое, ки даст ба силоҳ, ба куштори мардум задаанду кишварҳоро хароб мекунанд, аз ҳама бадтар бозичаи дасти бегонагон шудаанду чеҳраи Исломи нобро хатшадор мекунанд, табиъист, ки бо онҳо нестем. Он бародароне, ки дар аввали мубориза буданду воқеъан барои мардуми Суриё ва Ироқ озоду демократӣ мехоҳанд, ҳеҷ гоҳ нагуфтаанд, ки аз Осиёи Марказӣ барои онҳо кӯмаки инсонӣ биёяд, агар метавонанд бо мол ва фикру қаламашон кӯмак расонад.
Ҳоло гурӯҳҳое, ки мераванд бо ДОИШ пайваст мешаванд ё бо гурӯҳҳои дигар, бидонанд, ки муборизаи оғоз кардаи қаблӣ чунин ҳадаф надошт. Интихоби роҳ ғалат шудааст,скачать шаблон для dle