Categories Интихобот

Интихобот 1 – уми март баргузор мешавад

Президенти кишвар
Эмомалӣ Раҳмон таи як фармон рӯзи баргузории интихоботи парлумонии кишварро
рӯзи 1–уми март эълон кардааст. Ба гузориши сомонаи Раисҷумҳури кишвар
интихоботи даъвати нави Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 уми
март таъйин шудааст.

Дар ин фармон ҳамчун
гуфта шудааст, ки интихоботи вакилони ҷамоату деҳот низ 01 марти соли 2015
гузаронида шавад.

Интихоботи парлумонии
кишвар ҳамасола дар рӯзи якшанбеи охири моҳи Феврал баргузор мегардид, вале
инбор ба хотири ба 1 – уми март рост омадани якшанбе дар ин таърих баргузор
мешавад.

Қарор аст пас аз муайян
шудани рӯзи интихобот, аҳзоби сиёсӣ анҷуманҳои худро баргузор намуда номзадҳоро
ба интихобот пешбарӣ намоянд.

Анҷумани ҲНИТ қарор аст
рӯзи 16 уми декабр баргузор шавад, ки ҳоло омодагӣ дар ҳизб барои баргузории
анҷуман дар ҷараён аст. 

Пештар Президенти кишвар ба ҳамаи ниҳодҳо дастур дода буд, ки барои баргузории интихобот дар сатҳи баланд талош намоянд. 

More From Author

You May Also Like