nahzat.tj
Ба иттилоъи матбуоти ВКД, аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Мирзосафар Гулмаҳмадов соли таваллудаш 1956, сокини деҳаи Сармайдони н. Мӯъминобод, раиси кумитаи заминсозии ноҳия ҳамчун гумонбар дар порагирӣ дастгир карда шуд.
Номбурда дар давоми фаъолияти кориаш дидаю дониста, ки замин монополияи давлат мебошад, аз Зафари Маҳмадлатифи 21 сола, сокини деҳаи Сармайдон, ба маблағи 2000 доллари амрикоӣ барои 2-га қитъаи замине, ки аз соли 1995 то инҷониб мавриди истифода ва бунёди боғ қарор дорад, тамаъҷӯӣ карда гирифтааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Ҳамзамон метавон ёдовар шуд, ки чунин дастгиршуданҳо дар кишвар аз тарафи мақомоти давлатӣ бештар ба чашм мехурад, ки рӯз то рӯз ҷомеаи Тоҷикистон рӯ ба пастӣ бурдааст.