Categories Ахбори рӯз

Интиқоди САБ аз Ҳукумати Тоҷикистон

Бино ба иттилоои new s ru.com. Созмони Афви байналмилал бо нашри як гузориши 547 саҳфаӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон, озодии адён ва озодии рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон интиқод намудааст. Дар ин гузориш аз 159 кишвари дунё ёд карда мешавад, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро риоя накардаанд. Тоҷик истон низ аз феҳристи тартибдодаи САБ берун намондааст. Созмони Афи Байналмилал Ҳукумати Тоҷикистонро барои риоя маҳуд намудани озодии баён ва зери назорат гирифтани марсимҳои динӣ интиқод намудааст. Созмони Афви байналмилал бо ишора ба шиканҷаи зиндониён ва рафтори ноҷойи кормандони ҳифзи ҳуқуқ хостори ислоҳи ин вазъ гаштааст. Ҳамчунин аз ба маҳкама кашидани рӯзноманигорон ва таъйқиби онҳо аз сӯи мақомоти қудратӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Созмони Афи Байналмилал ба кишварҳо назири ИМА, Чин, Русия, Туркия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ тавсия дода, ки ба иҷрои уҳдароиҳои байналилалияшон содиқ бимонанд. Бино ба ин гузориш ин давлатҳо ҳанӯз баъзе аз асноди байналмилалиро ба тавсиб нарасонидаанд. Дар радифи давлати Тоҷикистон роҳбарияти кишварҳои Узбекистон, Тукманистон ва Беларусия мавриди интиқоди шадид қарор гирифтаанд.

More From Author

You May Also Like