Комиссиюни байналмилалии озодии мазҳабие аз вазъи озодии мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқод кард.
Ба гузориши “К-ниюз”, Комиссиюни байналмилалии озодии мазҳабӣ дар гузориши худ эълом карда, ки дар Узбакистон, Туркманистону Тоҷикистон озодиҳои мазҳабӣ нақз мешаванд.
Дар ин гузориш омадааст, ки дар Узбакистон 12 ҳазор нафар бо иттиҳомоти мазҳабӣ аз озодӣ маҳрум ҳастанд ва ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон давлат тамоми фаъолиятҳои диниро таҳти контрол дорад.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ, айни замон дар кишвари Туркманистон низ гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ таҳти фишор қарор доранд.
Комиссиюни байналмилалӣ ҳамчунин эълом карда, ки дар Қазоқистону Қирғизистон вазъият каме беҳтар аст, аммо авзоъ дар ин ду кишвар низ бо стандартҳои озодии мазҳабӣ фосила дорад.