Интиқод дигар таъсир надорад

Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Шодавлат
Шонусайриев, коршиноси тоҷик дар масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Фазо ва муҳити
сиёсии кишварро ҷи гуна арзёбӣ мекунед?

Аз назари ман, фазо
ва муҳити сиёсии кишвар бӯҳронӣ буда, тамоюл ба ташаннуҷ дорад. Омилҳои зиёди
таъсиррасоне арзи вуҷуд кардаанд, ки аслан сунъианд. Ин омилҳо аз сиёсати кадрӣ
ва сатҳи фарҳанги сиёсии мансабдорони давлатӣ маншаъ мегиранд. Модоме, ки дар
кишвар ба Конститутсия эҳтиром гузошта
намешавад, пас дигар хоҷати тавзех намемонад. Чунин сатҳи фарҳанги
сиёсӣ ва муносибат ба муқаддасоти миллӣ ба он оварда расонидааст, ки асосҳои сохтори
конститутсионӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон эълом
доштааст, амалӣ нашаванд. Манзурам, Тоҷикистон давлати
демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ нашудааст ва ин ҳолат ба фазои сиёсии кишвар таъсири
манфӣ гузоштааст.

Дар интихоботи ахири
парлумонии кишвар барои ҲСДТ камтарин раъй дода шуд. Яъне аз
қафо ва аз ақиб ҷойи якумро гирифт. Аммо аз
ҷониби ин ҳизб кадом вокуниш ё аксуламалеро ҷомеа ва аз ҷумла ҳамон афроде, ки
барояш овоз дода буд, мушоҳида накард. Ё инки дар воқеъ ба он раъйи додашуда
қаноат кард? Ҷун сокит
аст ва табиист, ки сукутро аломати ризо меҳисобанд

Дар маҳофили сиёсӣ ва коршиносии Тоҷикистон кам касоне пайдо мешаванд, ки
ба натиҷахои интихоботи парлумонӣ эътимод доранд. Бояд зикр кард, ки
мо низоми интихоботиро ба бозор табдил додем, он ҳам бошад, бозори гурӯҳи муайян. Дар ин
низом барои “бегонаҳо”, амсоли ҲСДТ ҷой нест, чун намояндагони ин
ташаккули сиёсӣ аз мавқеъи сиёсие бархурдоранд, ки
барои аксари роҳбарону раисони камсаводу ноӯҳдабаро писандида
нест ва барояшон хатарбор аст. Ҳизбҳои мухолиф дар
шароити Тоҷикистони имрӯза раъйи зиёдтар мегиранд ва на
барои он ки барномаи
писандида ва ҷолибтар доранд ва аз пуштибонии мардум бархурдор ҳастанд, балки ин як
гуна эътирози мардумӣ нисбати ҳукумати вақт аст. Боиси таасссуф аст ки дар
шароити феълии Тоҷикистон вокуниш ба таҳаввулоту рӯйдодҳои сиёсӣ паёмадҳои хатарбор дар пай
дорад. Шумо тасаввур кунед, ки дар кишвар ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл нагирифтаю
заиф аст ва дар сурати даст задан ба иқдомҳои ҷиддитари эътирозӣҳизбу созмонҳо қудрати идораи онҳоро надоранд. Ва аз чунин вазъияти
баамаломада метавонанд гурӯҳҳои ҷиноӣ ба манфиатҳои гурӯҳии худ истифода
баранд. Аз ин рӯ ҳар гуна иқдоми эътирозӣ дар шароити феълӣ хатарбор аст.

Ҳукумати Тоҷикистон
ҳар тавре ки хоҳад, интихоботҳоро баргузор мекунад ва аслан интихоботҳо аз
саҳнасозие беш нестанд. Барои чунин ранг гирифтани вазъият аҳзоби сиёсии
мухолиф худро гунаҳкор намеҳисобанд?

Маълум
аст ки интихобот дар кишвари мо мазмун
ва моҳияти аслии худро аз даст додааст ва муносибати мардум ҳам ба онхо кайҳост,
ки ҷиддӣ нест. Бубинед, гузаронидани интихобот куллан ба раисони навоҳӣ вогузор
шудааст ва аз сатҳи фарҳангии сиёсии онҳо вобаста аст. Масъалаи интихобот
идомаи мавзӯъи фарҳанги сиёсӣ ва демократию ҳуқуқбунёдии кишвар аст. Сиёсати
давлатдории мо духӯра шудааст, яъне ҳуқуқҳои шаҳрванд, ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти
давлатӣ ва ниҳоди қонунгузории кишвар дар Конститутсия аз як тараф ва зарфияти ҳокимияти
иҷроия, бахусус роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо – аз тарафи
дигар. Низоми интихоботии кишвар куллан дар дасти ҳокимияти иҷроияи махаллӣ аст
ва роҳбарони ин ниҳодҳо рисолати худро дар сабқати садоқати бештар ба раиси ҷумҳур
мебинанд. Ва чунин иттифок афтода, ки раиси ҷумхур барои таъмини интихоботи
озоду шаффоф даъват мекунад, раисони ноҳияҳо мегӯянд – мо дастури дигар дорем.
Дар натиҷа парлумони кишвар клуби «маҳбубони ҳукумат»-ро мемонад, ки барои
баррасии масоили мубрам, таҳияи қонун, ё баррасии лоиҳаи пешниҳодшуда на майл
доранду на малака. Оне ки аз мансаби давлатӣ барканор шуд, боз депутат
мешавад. Дар ин сурат ягона иқдоми аҳзоби сиёсӣ он аст ки дар ин маъракаҳои сиёсӣ ширкат мекунад, ҳарчанд натоиҷи онҳоро қаблан дарк мекунанд, аммо ба
раванди онҳо таъсире расонида наметавонанд. Дар тӯли солиёни зиёд аҳзоби мухолиф пешниҳод мекунанд, ки
намояндагони онҳо ба комиссияҳои қитъавӣ шомил карда шаванд,
аммо он пазируфта намешавад, агарчи мантиқан он қобили қабул аст, зеро КМИР
аз намояндагони аҳзоб ташкил шудааст.

Чаро ҳукумат фикр мекунад, ки мардум аз
тақаллуб ва дасткориҳои интихобот то ба охир сокит мемонанд? Чи ҳукуматро ин
қадар шерак кардааст, ки аслан ба раъйи додаи мардум ба аҳзоби мухолиф ин гуна
бархурд мекунад?

Мардум
аллакай ба тақаллуби раъйи хеш одат ва дар ин маворид мавқеъи бетарафиро пеша
кардааст.Яъне раъйи он ҳалкунанда нест ва ҳокимияти маҳал натоиҷи раъйдиҳиро
мувофиқи салоҳдиди худ ҷамъбаст мекунад. Ин бармегардад ба ҳамон набуди фарҳанги
сиёсӣ. Мардум дигар ба ҳокимияти худ, ки онро конститутсия эълом доштааст,
бовар надорад ва ниҳодҳои намояндагиро
дигар ба таври ҷиддӣ намепазирад. Дар ҳар сурат дар маҳал қарори
дахлдорро раиси ҳокимияти давлатӣ дар маҳал, ки ҳамзамон раиси ду шохаи ҳокимият
аст, содир мекунад, на депутатҳои сатҳҳои мухталиф. Аз сӯи дигар аҳзоби мухолиф
қудрати пӯшиши иттилоотии ҷомеъаро надоранд, то муҳиммияти интихобот, нақши
депутат дар ҳаёти ҷомеа, нақши шохаҳои ҳокимият ва масоили дигари мавриди таваҷҷӯҳро
ба мардум фаҳмонад. Костагии маънавиёт ва адами дастрасӣ ба матбуоти озод,
мушкили низоми давлатдорӣ аз ҷумла нобаробарӣ дар амри таҷзияи шохаҳои ҳокимияти
давлатӣ аз дигар сабабҳои яккатозии ҳокимияти иҷроия дар гузаронидани
интихоботанд.

Дар ҳар сурат ба андешаи Шумо аҳзоби мухолиф ҲСДТ ва ҲНИТ дар ҷомеа аз ҷи
ҷойгоҳ ва мақом бархурдоранд?

Ҷойгох
ва мақоми аҳзоби мухолиф ба мисли ҲСДТ ва ҲНИТ дар шароити феълии Тоҷикистон
пурра аз фаъолияти ҳукумат вобаста аст. Яъне фасодзадагӣ, касодии иқтисодиёт,
адами корхонаҳои истеҳсол ва ҷойхои корӣ, содироти моли рақобатпазир дар бозорҳои
ҷахонӣ, маҳсулоти босифат, ироаи хадамоти тандурустӣ, адолати судӣ, имконоти
баробари иштирок дар ҳаёти давлатӣ ва ғайра таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба аҳзоби мухолиф
бештар мекунад. Феълан дар кишвар тарафдорони аҳзоби мухолиф бамаротиб
афзудааст ва бояд гуфт, ки ин амр баёнгари фаъолияти муассири ин аҳзоб набуда
маҳз ба фаъолияти номуассири ҳукумат бастагӣ дорад. Имрӯз дар сурати баргузории
интихоботи шаффоф ин созмонҳои сиёсӣ аз дастгирии аксарияти раъйдиҳандагон
бархурдор мешаванд. Яъне мардум алайҳи ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои «кисагӣ» раъй
медиҳад ва онро аҳзоби мухолиф соҳиб мешаванд.

Яке аз камбудиҳо дар кори
ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ интиқод мешавад, ҷалби
ҳамшаҳриҳо ва ҳатто фарзандони мақомоти аввал ба роҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ
аст. Чаро ба ҷунин корҳое, ки медонанд, боиси мазаммат ва интиқод қарор мегирад,
даст мезананд?Ин ҳам дар ҳолест, ки дар иҷлосияи 16 Э. Раҳмон гуфта буд, ки дар
авлодаш танҳо ӯ маълумоти олӣ дорад.

Масъалаи ҷобаҷогузории кадрхо, е ҷойивазкуниҳои
мақомдорон дар кишвар маъмул аст ва яке аз омилҳои аслии номуассирии фаъолияти ҳукумати
феълӣ ба шумор меравад. Ҷомеъа арзишҳои миллию инсониро тадриҷан аз даст дода
истодааст ва нафсу манфиатҷӯи ҷойгузини онҳо шудаанд. Ва боиси таассуф аст, ки
ин раванд дар кишвар аллакай побарҷо шудааст ва дар сатҳи болоии ҳокимияти
давлатӣ шакл мегирад. Интиқод дигар
таъсир надорад, чун фаъолияти ҳукумат дар маҷмӯъ сазовори интиқод аст, яъне
ягон самти фаъолияти ҳукуматро намешавад мусбат арзёбӣкард.

Бархеҳо имрӯз ҳукумати Тоҷикистонро ба як ширкати тиҷоратӣ монанд мекунанд,
ва мегӯянд, ки фаъолияти он дар бештари вақт монанд ба чунин ширкатҳо аст. Ба
назари Шумо ҷаро имрӯз ҳукумати Тоҷикистон бо шарики сулҳи худ-ҲНИТ бархурди
хашин ва хасмонаро ба роҳ андохтааст.

Фикр намекунам, ки чунин бошад, зеро дар асл ҳам
ҲНИТ шарики ҳукумати Тоҷикистон буд ва мондааст. Равандҳои сиёсӣ дар кишвар баёнгари
онанд, ки ҲНИТ шарики боэътимоди ҳукумат буд ва монд. Дар ин роҳ ин ҳизб қурбониҳоеро
ҳам дод. Ба назари ман бархӯрди хасмона ба манфиати ҳукумат нест ва ин метавонад
як бозии сиёсӣ низ бошад. ҲНИТ ҳама вақт ба ҳукумат содиқ буд ва интихоботи
ахири раиси ҷумхур баёнгари ин гуфтаҳост. Дар ҳар сурат ҲНИТ аз ин фишорҳо фақат
бурд мекунад.

Фикр мекунед инҷо авомили дохилӣ ва ё хориҷӣ асосан таъсиргузор аст?

Гуфтан душвор аст, ки омилҳои берунӣ ба ин
падида таваҷҷӯҳи зиёд дошта бошанд, ғайр аз доираҳои муайяни давлатҳои исломӣ,
ки шояд аз номуассирии фаъолияти ин ташаккули сиёсӣ ноумед шуда бошанд. Аз авомили дохилӣ боз ҳам номуайянии низоми
давлатӣ оиди дунявият ва демократиро мешавад қайд кард.

Коршиносон баъид
намедонад, ки баъди интихоботи ахир фазои корӣ барои расонаҳо ва хабарнигорон
ба шиддат тангтар карда мешавад ва аз болои кори онҳо назорат пурзӯр карда
мешавад. Ҳатто имкон дорад бархе аз хабарнигорон ҳам таҳти таъқиб ва фишорҳое,
ки имрӯз ташаккулҳои сиёсии мухолиф гирифторанд, қарор бигиранд? Назари шумо
дар ин бора
чӣ аст?

Аз назари ман, ягона узви ҷомеъаи шаҳрвандии кишвар, ки
рисолати худро ба қадри ҳол роҳандозӣ кардааст, ниҳодҳои иттилоърасонии ғайридавлатист.
Хабарнигорон дар кишварҳои фасодзада ва
номуассир ҳамеша таҳти фишор буданд ва
мемонанд. Аз сӯи дигар хабарнигорон ба қишри бедифоъ ва
осебпазири ҷомеъа мансубанд ва фаъолияти
касбиашон ҳамеша дар гирди таҳаввулоти кишвар аст.
Амнияти хабарнигор имрӯз дар дасти худи ӯст ва ягона роҳи наҷот барои ӯ ваҳдати ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандист, ки аз ҳамдигар ба қадри ҳол дифоъ
кунанд.

И. Каримов, раиси
ҷумҳури Ӯзбакистон ҳамтои тоҷики худро дар ҷиҳати ғалабаи ҳизбаш дар интихобот
табрик кард. Бархе бар ин ақидаанд, ки нарафтани ҲНИТ ба парлумон раиси ҷумҳури
кишвари ҳамсояро рӯҳбаланд кардааст ва низ гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд яке аз
шартҳо ва дархостҳои ҷаноби Каримов аз Раҳмон барои нарм сохтан ва ба ҳолати
одӣ даровардани робитаҳо маҳз ҳамин тавр ҷамъбаст намудани ин маърака будааст.
Бояд, ки исломиҳои Тоҷикистон аз парлумон хориҷ карда шаванд, то ки исломиҳои
Ӯзбакистон”ҳаво” нагиранд ва даъво ҳам накунанд ва ҳамин тавр дар ҳолат ва
шароити саркӯфтагӣ ва беҳуқуқӣ боқӣ бимонанд. Фикр ва назари Шумо дар ин бора
чӣ аст?

Табрикоти раисҷумхурон – ин расмияте беш нест
ва ба муносибати байнидавлатӣ қариб, ки таъсир
надорад. Аз будан ё набудани ҲНИТ дар парлумон ҳам кишвари ҳамсоя на бурд мекарду на бой медод.
Гузашта аз ин, ҲНИТ ташаккули сиёсии расмӣ аст, ки тибқи қонунхои мавҷуда ба қайд гирифта шудааст
ва фаъолияташ зери танзими қонунист. Ҳаракати исломии Ӯзбакистон бошад, ғайрирасмӣ ва ғайриқонунӣ амал мекунад ва
фаъолияташ аз ҲНИТ бештар ба назар мерасад. Дар Тоҷикистон
садҳо узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро боздошт
кардаанд ва на давлату на ҷомеъа аз он ҳаросе ҳам надоранд. Ихроҷи ҲНИТ аз парлумон ҳам ба хотири манфиатҳои кишвари ҳамсоя сурат
нагирифтааст. Таҳаввулоти сиёсии кишвар дар солҳои пешин гувоҳанд, ки барои ҳукумати феълӣ бештар ҳизбҳои кисагӣ, хомуш ё балегӯй лозиманд, ки
феълан онро дорад ва майдони сиёсии кишварро бисёрҳизбӣҷавлон медиҳад. Аз сӯи дигар фишорҳои зиёд метавонанд боиси
ба пинҳонкорӣ гузаштани ин ташаккули сиёсии исломӣ шаванд, ки ин ҳам ба манфиати
давлату ҷомеъа нест.

Аҳзоби сиёсии мухолиф дар
Тоҷикистон ҷуръат ва ҷасорат надоранд. Ин нуктаро аксарияти коршиносон таъкид
мекунанд. Ва коршиносон мегӯянд, ки онҳо карахт ва сокитанд, аз бақия тафовут
надоранд, ба ҳодиса ва рӯйдодҳо мисли тамошобин бархӯрд ва муносибат мекунанд.
Назари Шумо дар ин бора ҷӣ аст? Устод боз ҳар ҷизе
ки илова ва изофа карданиед дастатон боз аст.

Гувоҳи ҷасорату матонати
аҳзоби мухолиф он аст ки онҳо арзи вуҷуд доранд
ва сарфи назар аз фишорҳои беохир ва таъқиби пайравонашон ба
фаъолияти худ идома дода истодаанд. Агар аз номуассирии фаъолияти онҳо гӯем, бояд дар назар
дошт, ки низоми сиёсии феълӣ ва муносибати ҷомеъа
ба созмонҳои он созгор нест. Бубинед, дар шароити
кишвари мо узвияти ҳизби сиёсӣ қариб, ки ҷурм ба ҳисоб меравад. Аз аҳзоби мухолиф ҳама вақт домангир мешаванд,
ки гӯё онҳо манфиатҳои бегонагонро
дунболагирӣ мекунанд. Ва ин ҳама дар ҷаласахои
расмӣ ва дар сатҳи навоҳӣсурат мегирад. Зарфияти имконоти аҳзоби мухолиф дар
баробари зарфияти ҳокимият ночиз аст. Кор ба дараҷае
мерасад, ки номзадҳои пешниҳодии аҳзобро дар давраи
интихобот боздошт мекунанд, фишор меоранд ва барои ин иқдом касе масъулият
бар дӯш надорад. Нафароне, ки худро коршинос муаррифӣ мекунанду мушкилоти
дохилиҳизбӣ ва ҳаёти сиёсии кишварро аз
дохил эҳсос намекунанд, дар изҳори назари хеш
нисбатан озоданд. Гӯё, ки бахшҳои дигари фаъолият
дар кишвар пешрав бошанду фақат ҳизбҳои мухолиф ноӯҳдабароанд. Аз сӯи дигар афроде, ки
аз саводи кофӣ ва мавқеъи шаҳрвандии муайян
бархурдоранд, аз узвият дар ин аҳзоб парҳез мекунанд, то зери
фишор намонанд.Мисле,ки манфиатҳои миллӣ, некӯаҳволии мардум ва
шукуфоии кишвар фақат барои гурӯҳи кӯчаки аъзои аҳзоби мухолиф лозим
бошаду фақат бояд онҳо мубориза баранд.Дар баробари ин лозим ба зикр аст, ки мушкилоти аслии ин аҳзоб адами таҷрибаву
малакаи сиёсист ва ин боз бармегардад ба парешонии ҷомеа. Ба
назари ман, то ақалан 20 фоизи ҷомеаи Тоҷикистон ба ваҳдати аслӣ ба хотири нигаҳдошти арзишҳои миллӣ нарасад, аҳзоб ҳам мисли ниҳодҳои дигари ҷомеа
неруманд намешаванд ва фаъолияташон номуассир мемонад.

More From Author

You May Also Like