Categories Uncategorized

Нишасти Ҳаракати адами тааҳҳуд дар Теҳрон

nahzat.tj

Имрӯз 30 – август дар Теҳрон 16-умин иҷлоси сарони давлатҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд, бо иштироки зиёда аз 100 ҳайати дипломатҳо, кори худро оғоз намуд.

Ба гузориши телевизиони «ал – Арабия» ин иҷлос бо суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии Исломии Ирон, ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ин кишвар оғози кор кардааст.

Дар ин ҳамоиш 3 – шоҳ, 24 – президент, 8 – нахуствазир, 9 – муовини раисҷумҳур, 2 – раиси маҷлиси намояндагон ва 9 – намояндагони воломақом аз созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Иттиҳоди Араб ва Дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ низ ҳузур доранд.

Расонаҳои Ҷумҳурии Исломӣ – барои сафари Бонки Мун, Дабири кулли СММ ва мақомоти аршади баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла сарвазири Ҳинд аҳмияти вижае қоил шуда, ахбор ва тафсири дидори онҳоро бо роҳбар ва раиси Ҷумҳурии Исломии Ирон ба таври васеъ пӯшиш додаанд.

Сафари чандсоатаи Муҳммад Мурсӣ, раисҷумҳури ҷадиди Миср ба Ирон низ иникоси васеъ дар расонаҳои байналмилалӣ дошта, мавриди таъкиди мақомот ва манобеи Ирон қарор гирифтааст. Изҳори назарҳои гуногуни онҳо дар мавриди густариши равобити ду кишвар ва таъғири сиёсати хориҷии Миср дар паи ин сафарро ба дунбол овардааст.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити ин ду кишвар, ки муддате пеш аз инқилоби Исломӣ, бо дастури Оятуллоҳ Ҳумаонӣ қатъ шуда буд, ҳануз барқарор нашудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар иҷлоси сарони адами тааҳҳуд дар Теҳрон дар баробари роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дорад.

Ҳаракати адами тааҳҳуд дар соли 1961 – и мелодӣ дар замони ҷанги сард ташкил ва аввалин иҷлоси он дар соли 1961 дар Белград баргузор шуда буд.

More From Author

You May Also Like