Categories Ахбори рӯз

Путин: ба пирӯзӣ дар интихобот интиминон дорам

Мухолифони давлати Русия қасд доранд пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, фардо якшанбе ба хиёбонҳо омада ва даст ба эътироз бизананд.

Ба гузориши хабаргузории “Ирна”, эҳтимол вуҷуд дорад, ки Владимир Путин, нахуствазири кунунии Русия ва номзади раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар интихоботи фардо пирӯз шавад. Нозирони интихоботӣ дар мавриди тақаллуб ва ба хушунат кашида шудани интихоботи фардо ибрози нигаронӣ карда, эълом намуданд, ки мӯътаризон ва мухолифон нисбат ба тасмими Владимир Путин барои омадан ба сари қудрат хушнуд набуда ва ӯро қабул надоранд.

Бар асоси навиштаи рӯзномаи “Горден”, мухолифон қасд доранд, як рӯз пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, яъне рӯзи душанбе дар майдони “Пушкин”, ки дар макази шаҳри Москов ҷойгир аст, тазоҳуроти васеъе баргузор кунанд. Дар ҷараёни чанд рӯзи музокирот, мақомҳои шаҳрии Москов бо баргузории ин тазоҳурот мувофиқат кардаанд, то аз бурузи танишҳои бештар ҷилавгирӣ кунанд.
Яке аз роҳбарони мухолифи давлати Русия аз пайравони худ хост, то дар майдони “Манеж” даст ба тазоҳурот бизананд. Аввалҳои ҳафтаи ҷорӣ низ талош шуд, то чодарҳои эътирозӣ дар миёни мӯътаризон тақсим шавад, аммо ин иқдом тавассути мақомҳо манъ гардид. Ба гуфтае, пештар эълом шуда буд, ки мӯътаризон қасд доранд ба инқилобе чун инқилоби Украина дар Русия даст бизананд. Ба ин хотир ҳудуди шаш ҳазор полис барои таъмини амният пеш аз баргузории интихобот ба шаҳри Москов фиристода шудааст.

Ҳамин тариқ назарсанҷиҳои ахир нишон дода, ки Путин беш аз 50 дарсад аз орои умӯмиро дар ихтиёр дорад, аммо нозирони интихоботӣ ба ин нукта ишора доранд, ки Путин бо истифода аз манбаъҳои давлатӣ муборизаи интихоботии худро ноодилона пеш бурдааст. Вале дар баробари ин назарсанҷиҳои дигар низ нишон медиҳад, ки 60 дарсади аз раъйдиҳандагон ҳомии Путин ҳастанд ва ӯ ба осонӣ метавонад чор рақиби худро дар интихобот шикаст диҳад.

Ҳамзамон Владимир Путин эълом кардааст, ки аз пирӯзии худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки фардо якшабе, 04.03.23 баргузор мегардад, итминон дорад. Рӯзномаи “Дайли мейл” дар гузорише ба нақл аз нахуствазири Русия навишт, ки агар чи аз ҳимояти камтаре дар шаҳрҳои бузург бархӯрдорам, аммо боварӣ дорам, ки аксарияти мардуми ин кишвар ҳомии ман ҳастанд. Путин гуфтааст, ки 12 сол ҳукумати вай таҷрибае барои Русия буда ва дар ин даврон барои таҳкими сохторҳои давлат кӯмакҳои зиёде кардааст. Путин таъкид кард, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, Димитрий Медведев, раисҷумҳури феълии Русияро ба унвони нахуствазир мансуб хоҳад кард, чаро ки ин симат ба ӯ иҷоза медиҳад, то ислоҳотеро, ки ваъда дода амалӣ кунад. Мӯътаризони русӣ пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳуриро, яъне имрӯз шанбе 03.03.12 – ро “Рӯзи сукут” эълом карданд. Дар ин рӯз ба раъйдиҳандагон фурсат дода мешавад, то бо хаёли роҳат ва дур аз ҷанҷолҳои муборизаи интихоботӣ ба интихоби ниҳоии худ бипардозанд.

More From Author

You May Also Like