Categories Uncategorized

Худо куҷост?


Онҳо гуфтанд: Худо дар осмон аст. Вале ман қонеъ нашудам. Аз дӯстонам пурсидам, ки оё шумо медонед, ки Худо куҷост? Онҳо низ мисли ман буданд. Яке мегуфт Худо дар осмон аст, дигаре мегуфт дар осмони ҳафтум ва баъзеи онҳо мисли ман ҳайрон буданд. Ин савол зеҳни маро бисёр машғул карда буд, ҳамеша фикр мекардам, ки охир ин Худое, ки падару модарам мегӯянд, куҷост? Чаро ман ӯро намебинам? Мегӯянд агар ҳар коре бикунӣ, ӯ мебинад, пас чаро ман ӯро намебинам? Модарам мегӯяд агар гуноҳ кунам, маро Худо ба дузах мебарад. Ӯ чӣ гуна маро ба дузах мебарад?
Боз аз ҳама аҷоиб ин аст ки мегӯянд ӯ ҳама кори маро мебинад, ҳама сухани моро мешунавад ва ҳатто медонад, ки дар дилам чи мегузарад. Охир ӯ чӣ гуна худое бошад?
Дар ҳамин ҳангом садои муйсафеди ҳамсояро шунидам: «эй худозада, куҷо мегурезӣ? Ту аз Худо наметарсӣ? Ҷувонимарг шавӣ».
Дар зеҳнам фикри дигаре пайдо шуд. Худо одамро чӣ гуна мезада бошад? Чаро ба ӯ гуфт: худозада?
Хулоса, солҳо мегузашту ин гуна саволҳо дар зеҳни ман бештар ва бештар мешуд. Аз ҳар касе, ки дар бораи Худо чизе мепурсидам аз қаҳру ғазаби ӯ мегуфт. Гоҳе тасаввур мекардам, ки Худованд ҳамеша ва дар ҳама ҷо муроқиби ман аст, то як хато кунаму маро ҷазо диҳад. Худованд дар зеҳнам ба як мавҷуди ҷазодиҳанда табдил шуда буд.
Вақте дар бораи биҳишт чизе мегуфтанд, боз ҳам дар канораш дузахро меоварданд. Касе ба ман намегуфт, ки Худованд инсонро барои чӣ офаридааст?
Ман фикр мекардам, ки худованд инсонро офаридааст, то бо ҳар баҳонае муҷозоташ кунад ва аз муҷозоти ӯ лаззат барад.
Бинобарин вақте солҳо гузаштанду ман бузургтар шудам, дар зеҳнам аз Худованд як мавҷуди тарснок сохта шуда буд.
Ман дар назди устодони бузургворе таълими ислом мегирифтам. Бачаҳои зиёде буданд, ки дар онҷо таълим мегирифтанд. Яке аз бачаҳо дарси тафсир мегирифт ва ман дуртар аз онҳо нишаста будам ва ба онҳо гӯш медодам. Дар ин ҳангом устод ояти «ало бизикриллоҳ татмаинну-л-қулуб» яъне « ҳаройина дил бо ёди Худо ором мегирад»-ро хонд ва тафсир намуд. Ман ба фикр фуру рафтам. Охир Худое, ки ман мешинохтам, бисёр тарснок буд. Ёди худо барои ман дузахро ба ёд меоварду азобро, чӣ гуна ором мегирифтам?
Ба ҳамин хотир аз он рӯз тасмим гирифтам, то Худоямро беҳтар бишносам. Зеро Худое, ки ёдаш оромбахш бошад, набояд ин гуна тарснок бошад. Ин лаҳза дар фикри ман як чизи наверо эҷод кард.
Бори дигар саволи даврони кӯдакиам дар зеҳнам омад. Худо куҷост ва чӣ гунааст? Бо ин саволҳо барои таҳсил ба кишвари дигаре рафтам ва онҷо китобҳои зиёде дар ин бора пайдо намудам. Китобҳоро хондам ва аз устодони фалсафа гирифта то орифони бузург дар ин бора пурсидам.
Омӯхтаҳоямро бо ҷавобҳои шунидаам дар канори ҳам гузоштам ва баъд натиҷагирӣ намудам.
Натиҷа гирифтам, ки ҳоло воқеан метавонам бигӯям, ки Худо куҷост. Худо дар ҳама ҷо ҳаст ва дар ҳар лаҳза аз ҳар кори мо огоҳӣ дорад. Ӯ аз раги гардан ба ман наздиктар аст. Ӯ ҳар нидои дарунӣ ва берунии маро мешунавад. Ӯ ҳар амали неку бади маро мебинад. Барои исботи ин гуфтаҳо шумо ҳам метавонед ба  худ муроҷиат намоед. Чашму гӯши шумо, дасту поятон, мағзу забонатон ва рӯҳу равонатон инро собит хоҳад кард.
Аммо барои ман ҷолибу муҳим чизи дигаре буд. чунончи вақте фаҳмидам, ки Худованд инсонро халифаи худ дар рӯйи замин гуфтааст, дигар бароям тарснок набуд.
Вақте фаҳмидам, ки Худованд аз рӯҳи худ дар инсон дамидааст, фикр кардам, ки ӯ ҳатман барои ман хубӣ мехоҳад.
Вақте фаҳмидам, ки ҳамаи малоикро ба саҷдаи инсон амр кардааст, дарк кардам, ки ӯ беҳтарин дӯсти ман аст.
Вақте фаҳмидам, ки ӯ асмои ҳуснояшро ба инсон омӯхтааст, эҳсос кардам, ки ӯ беҳтарин раҳнамои ман аст.
Ин аст шинохти ман аз Худованду холиқи ин ҷаҳон. Баъд аз ин талош мекунам, то ишқу муҳаббати Худоро дар дили фарзандонам ҷой намоям. Зеро Худое, ки ман мешиносам аз модар ҳам нисбат ба инсон меҳрубонтар аст. ӯ Худои дӯстдоштанӣ ва меҳрубон аст. Ёд ва номи чунин Худое ҳамеша оромбахш аст. Чунин Худое сазовори беҳтарин сипосҳо ва болотарин ибодатҳост.
Чӣ хуб мебуд агар дар замони кӯдакиам дар баробари он ҳама тарсу ваҳшат, каме меҳру муҳаббат низ нисбат ба ин Худои меҳрубон медоштам.
Аммо боз ҳам туро шукр мекунам, эй Худованди меҳрубон, зеро ту маро ба сӯйи меҳрубониҳоят роҳнамоӣ кардӣ.
Бобоҷони ҚАЮМЗОД

More From Author

You May Also Like