– Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, ки аз ҷониби Ирон бунёд шудааст, ахиран бо сабаби мушкилоти фаннӣ фаъолияташ мутаваққиф гардида буд. Ҳоло муҷаддадан оғоз ба кор кардааст ва хонаҳои мардуми тоҷикро бо барқ, агар чи кам ҳаст, бо равшанӣ ва гармӣ таъмин менамояд. Метавон гуфт, ки ин масъала ҳалли худро пайдо кард. Дар ин маврид бо ҷаноби оғои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам сӯҳбат доштем, таъкид кард Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Ирон зимни нишасти матбуотии хеш, шоми 14 феврал дар сафорати ҶИИ дар Душанбе.
Мақоми олии дипломатии кишвари дӯст ва бародар, ҳамчунин аз дигар тарҳҳои амалӣ шудаи ҶИИ дар Тоҷикистон ишора кард, ки онҳоро «танҳо барои кӯмаки мардуми тоҷик амалӣ кардаему мекунем”.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нишасти матбуъотии муъовини муҳтарами вазорати умури хориҷии ҶИИ баъд аз мулоқот бо вазири умури хориҷӣ ва раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ин маврид гузориши муфасалтареро баъди чанд фурсате ба нашр хоҳем расонид.