Баъд аз ҳамла ва муҳосираи якмоҳаи Қазон аз сӯи Иван Грозний ин шарҳ фатҳ шудааст.
Дар Вазорати маориф ва илми Русия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки китоби таълимии таърихи Русия тавре таҳия шавад, ки ангезаҳои бадбинии миллиро дар Русияи бисёрмиллата ба вуҷуд наорад.
Ба ин хотир дар мавриди таъиноти марҷаъ ба қароре омадаанд, ки феҳристи адабиёти рабтдошта ба таҳияи чунин китобро тартиб диҳанд, яъне ба «масоили баҳсӣ» ва таърихи манотиқи Руксияро тартиб диҳанд, навиштааст «Известия» имрӯз, 6-уми июн.
Ҳамин тавр, коршиноси масоили этникӣ, фарҳангӣ ва псхологияи сиёсӣ, роҳбари Маркази байналмилалӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ-таълимии фарҳанги иҷтимоъӣ (НИУ)-и «Мактаби олии иқтисодӣ» Надежда Лебедева шарҳ дода, ки вазъи мураккаби таърихиро ҳатман дар китоби таълими қайд кардан лозим аст, аммо бо назардошти фикри ду ҷониби низоъ.
«Агар иттилоъ якҷониба боқӣ монад, дар оянда ҳам боиси пайдо шудани низоъ мегардад. Бояд таносуби баҳамоии миллатҳо риъоя шавад, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, он ҳам ба хотири дур гирифтани худ аз низоъҳои оянда, шаҳр додааст хонум Лебедева.
Дар ҳамин ҳол, муаллими мактаб ва раиси иттифоқи касабаи кормандони маъорифи байниминтақавӣ Андрей Демидов ба ин назар аст, ки таҳияи чунин китоби таълимӣ Русияро аз авзоъи низоъбарангез раҳо наменамояд. «Маълум аст, ки «китоби ягона»-и таълимиро ба вуҷуд овардан мушкил аст, аммо дастурҳои умумӣ бояд бошанд. Донистан ҳатмист, ки чӣ тавр ин масъаларо дар сатҳи маҳал ва мамлакат роҳандозӣ кард. Аммо низоъҳо анҷом намеёбанд ва ин ҷо мушкилотро мулоим кардан имкон надорад. Барои мисол, дар Тотористон нуқтаи назари назокатҳои «ҳамроҳкунӣ»-и Қазон аз сӯи Иван Грозний вуҷуд дораду дар ҷумҳуриҳои Қафқоз бошад, фикр дар мавриди берун кардани мардуми ин минтақа хос аст», гуфтааст ӯ.
Categories
Ахбори рӯз