Родослав Сикорский, вазири корҳои хориҷии Лаҳистон идомаи сафари хешро, ки дар Теҳрон дошт, ба хотири афзоиш пайдо кардани вазъият дар Қрим қатъ сохтааст. Қабл аз берун рафтанаш аз ҶИИ, дар конфронси матбуъотии муштарак бо ҳамтои иронии хеш Муҳаммад Ҷаводи Зариф, арз дошта, ки “авзоъ дар Қрим беш аз пеш бадтар шуда истодааст».
Дар ҳамин ҳол, ВКХ-и Лаҳистон иттилоъ дода, ки тибқи хабарҳои расида аз консулгарии дар Қримбуда, низомиёне, ки дар ин нимҷазира бидуни ошкор кардани нишонии худ ҳузур доранд, аз ҷумлаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия мебошанд.
Ба вазъияти Укроин дипломати аршади иронӣ ҳам дахл карда гуфтааст, “Ҷумҳурии Исломии Ирон аз раванди ба вуҷудомада нигарон аст. Мо ба ин боварем, ки мардуми Укроин дурнаморо бояд худаш муайян созад”.
Ҷаноби М. Зарифӣ қайд карда, ки дахолати хориҷӣ дар корҳои дохилӣ хеле хатарнок аст. Ташрифи вазири корҳои хориҷии Лаҳистон ба Ирон ба хотири 540-солагии муносибатҳои импературии Форс ва шоҳигарии Лаҳистон сурат гирифтааст.
Дар ҷараёни ин сафар дар мавриди густариш бахшидани ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ миёни Ирону Лаҳистон чанд созишнома ба имзо расидааст.
Categories
СИЁСАТ