Абдуллоҳи Карим
nahzat.tj
Чанд рӯз қабл дар Миср дар анҷумани нахустини ҳизби Озодӣ ва адолат, ки сарварии онро то ба мансаби раисҷумҳурӣ интихоб шуданаш, Муҳаммад Мурсӣ бар уҳда дошт, баргузор шуд ва дар он раиси нави ин ҳизб интихоб гардид. Мансаби раисии ҳизби мазкур баъди истеъфои Мурсӣ аз он то ҳанӯз холӣ буд ва онро ба таври муваққат ноиби ӯ Исом Урён ишғол мекард. Дар интихоботи имрӯз, ки дар анҷуман доир гардид, бо аксарияти овозҳо раиси порлумони пешини Миср Муҳаммад Катотинӣ ба курсии сарварии ҳизб баргузида шуд.
Муҳаммад Катотинӣ, яке аз раҳбарони намоёни ин ҳизб, то замони судури қарор оид ба пароканда шудани порлумони кишвар аз тарафи Додгоҳи Конститусионӣ, раисии онро бар ӯҳда дошт ва дар айёми Муборак, низ чанд навбат аъзои порлумон буд.
Маъракаи пеш аз интихобӣ барои раҳбарии ҳизби Озодӣ ва адолат, ки чанд моҳ инҷониб идома дошт, хеле тезу тунд гузашт, чун дар он чанд нафар аз ҷумла як нафар намояндаи масеҳиёни мисрӣ, ки аъзои раёсати ин ҳизби бар асоси динӣ бунёдшуда, як нафар зан, ки ӯ низ аъзои раёсати ҳизб аст, дар қатори номзадҳои “гаронвазн” мисли Исом Урён ва Муҳаммад Катотинӣ, ки ҳар ду аз ҷумлаи пешвоёни намоёни ҳаракати Ихвонулмуслимин мебошанд, барои сарварии курсии раёсат талош доштанд.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъди таъсиси ҳизби Озодӣ ва адолат аз тарафи ҷамоати Ихвонулмуслимин таъйин гардида буд, баъди ба маснади раисҷумҳурӣ расидан, аз сарварии ин ҳизб истеъфо дод, то рақибони сиёсии худ ва боқӣ мардумро бовар кунонад, ки ӯ дигар бастаи як ҷамоат ва сарвари як ҳизб набуда, балки акнун сарвари як давлат ва раиси ҳамаи мардум мебошад. Чун яке аз эродҳои асосие, ки рақибон ба номзадии ӯ дар маъаракаи пешазинтихоботӣ доштанд, ин буд, ки дар ҳоли интихоб шудан, пойбанду бастаи ҷамоати худ мемонад ва аз “хати кашида”-и раҳбари он намебарояд. Бар хилофи ин гумону иддаоҳо тибқи баҳогузории бархе аз таҳлилагарон Мурсӣ дар ин муддати чандмоҳаи сарварии худ то ҳаде исбот намуд, ки ӯ дигар ходими як ҷамоат ва раиси як ҳизби муайян нест, балки Раисҷумҳури давлат асту ходими миллат.
Дар баробари ин исломиёни Миср низ агарчӣ бар асоси дидгоҳҳои сиёсии мухталифи худ дар чанд ҳизбу ҳаракати сиёсӣ гирдиҳам омадаанд, мекӯшанд, то рақибони худ аз ҷумлаи “дунявигароён”-ро бовар кунонанд, ки аз эшон хатаре нест ва ҳамаи он гуфтузор ва воҳимаҳое, ки дар аҳди низоми Муборак дар ҳаққи эшон роиҷ буд, билкул аз сохтаҳои худи Муборак ва низоми амнии ӯ буд, то ҷомеаи мисрӣ ва олами беруна, махсусан Амрико ва Аврупоро аз рӯйи кор омадани “исломиёни тундрав ва ифротӣ” пос дорад.
Бино ба назари аксари коршиносон, агарчӣ имрӯз нирӯҳои мухталифи исломӣ дар Миср бо ҳар роҳу восита мекӯшанд, то бардошти нодурусти мардумро нисбат ба онҳо, ки аз “самараҳо”-и низоми Муборак буд, коҳиш диҳанд, аммо ҳамлаву ҳуҷумҳои нирӯҳои “дунявигаро” ва боқимондаҳои низоми пешин бо роҳи васоити ахбори омма, ки ҳанӯз аксари он ба дасти эшон аст, ҳамаи он кӯшишотро ба нобудӣ баробар кардан дорад.
Ин интихоботи ахир, ки барои сарварии ҳизби Озодӣ ва адолат, яке аз боризтарин аҳзоби исломии Миср аст ва ба гунае ба масобаи “ҳизби ҳоким” ҳам аст, ҷараён гирифт, бори дигар исбот менамояд, ки исломиёни Миср, дигар акнун роҳи демократиро барои фаъолият баргузиданд ва беҳтарин намунаи татбиқи онро барои дигар аҳзобу ҳаракоти ғайриисломӣ, ки демократияро асоси фаъолияти худ меҳисобанд ва гоҳо бо илова намудани ин ном ба унвони ҳизбу ҳаракатҳои худ онро “оро” медиҳанд, нишон хоҳанд дод.