Categories Uncategorized

Ислом ва ороишу зебоии зан

Ҳувайдои Абдуллоҳ

Инсон, ки дар умум аз бузургтарин ва беҳтарини махлуқот ба шумор меравад, Худованд дар баробари халқ карданаш ӯро бо ақлу дарк ва фаҳмишу доноӣ дар нисбати дигар махлуқоти хеш бартарӣ бахшид. Аз ин ҷост, ки инсон дар муқоиса бо дигар махлуқоти Худованд куллан фарқ мекунад ва дар худ як ҳаёти пурмуҳтавоеро доро мебошад. Аз ҷумла, яке аз қисматҳои зиндагии инсонро зебоӣ ва ҷамол, ки дар фитрати ӯ ниҳон мебошад, ташкил менамояд. Вобаста ба ин тамоюли инсонӣ, ки зебоӣ ва ҷамол аст, дини Ислом онро ба назар гирифта, барои марду зан шароите ро муҳайё сохта, ки ҳарду метавонанд дар чаҳорчӯбаи шариъати Ислом аз он истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки фаҳми зебоӣ ва ҷамолу ороиши марду зан миёни мардум чандон хуб таҳқиқ наёфтааст. Бархе гумонпароканиҳо нишон медиҳанд, ки Ислом ороиш ва зебоиро барои зан ҳаром гардонида, ӯро аз ин ҳақ маҳрум сохтааст. Гуруҳи дигар онро танҳо моли мардон медонанд, ки бештар дар берун аз оилаанд ва ё миёни ҷамъият қарор доранд.

Аммо дини Ислом, ки баробарӣ ва баробарҳуқуқиро ҳамеша алқин менамояд, дар ҳама ҳолат миёни зану мард, ҳатто ҳама махлуқоти дунё як низоми муайянеро ба тартиб гузоштааст, аз ҷумла, дар ин росто нисбати анҳо, ки барои худ бештар зебоиву ороишро хуш доранд, дини Ислом барои бароварда сохтани ин орзуи онҳо беҳтарин шароитро дар низоми шариъати исломӣ нишон додааст.

Пеш аз ҳама пинҳон намудани зинат ва зебоии зан аз назари номаҳрамон, худ ороишест, ки иффат ва қадру манзалати ӯро миёни ҷомеъа ҳифз менамояд. Тавре Худованд дар сураи “Нур”: 31 – 33 мефармояд: Ва ба занони муъмин бигӯ, ки чашмони хешро аз нигаристан ба номаҳрамон фурӯ гиранд ва покдоманӣ варзанду зинати худро ошкор накунанд, магар он чи аз онҳо ошкор аст. Ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун даврони ҷоҳилӣ дар миёни мардум зоҳир нашавед ва худнамоӣ накунед”.

Аз ояти мазкур маълум мегардад, ки зинат ва ороиши зан манъ нашудааст, балки зан набояд ороиш ва зиннати худро барои дигарон ва миёни мардум ошкор созад. Зеро ошкор шудани зан бо ороиш ва зебоӣ, пеш аз ҳама сабаби фитна ва бедор шудани васвоси шайтонӣ дар қалби мардум меардад.

Дигар ин ки иффат ва покдомании зан, ки ояндаи ҷомеъаи башарӣ ва ҳаёти солим аз покиву тақвои ӯ вобастагӣ дорад, аз байн меравад. Хусусан занҳои шавҳардор, он ҷое, ки зинату ороиш барои ҷалби таваҷҷуҳи шавҳар ва муҳаббати ӯ муайян шудааст, набояд дар маърази ом қарор гирад.

Дар робита ба зебоии зан ва фитрӣ будани он олим ва донишманди бузурги Ислом Сайид Қутб (р) дар тафсири “Фӣ зилолил – Қуръон” менависад, ки зинати зан ҳалол ва зинат посух ба фитрати эшон аст. Ҳар зане орзуманд аст, ки зебо ва ороста бошад, тибқи навиштаи ӯ, зинат аз асре то асри дигар ихтилоф пайдо мекунад, лекин либоси он дар даруни фитрат якест. Ва ҳама алоқаву рағбат барои касби он ё такмил додану ҷилватар сохтани он дар баробари шавҳар аст. Ислом бо ин гароиш ва рағбат мубориза намекунад, балки ба ин алоқаву рағбат назму низом ва сару сомон мебахшад. Онро мухтасар ва сазовори танҳо барои марди воҳиде қарор медиҳад, ки шарики зиндагии зан аст. Бо ин зинат ба мард озодӣ медиҳад, то аз зебоӣ ва ҷамоли зани хеш баҳравар бигардад. Ва касе ба ғайр аз ӯ ҳақ надорад бар он бингарад ва ё ин зебоиро соҳиб шавад, ки ин беҳтарин неъматест аз ҷониби Худованд барои инсон.

Дигар аз зебоии зан ин аст, ки ӯ бояд ҳамеша ҳамчун зан дар пӯшидан ва рафтори худ боқӣ бимонад, яъне худро ба мардон мушобаҳат насозад. Чунки дар ин росто аз ҳазрати Ибни Аббос (р) омадааст, ки “Паёмбар (с) мардони заннамо ва занони марднаморо нафрин кардаанд”. Пас мутобиқ ба ин ривоят ҳар зану мард вазифадор аст, то аз пӯшиш ва зинате, ки ба ҷинси мухолиф вобастагӣ дорад, парҳез намояд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ороиш ва зебоӣ барои зан ҷавоз дорад, аммо зан бояд ҳурмат ва мақоми худро дар он фаромӯш насозад, зани мусалмон меъёр ва ҳудуди муайянро набояд аз ёд барорад. Хусусан ҳангоми оро додани худ набояд ба амалҳое даст занад, ки иртикоби амали ҳаром бошанд, ҳатто дар зинат бахшидан барои ҳамсараш ҳам бояд аз ҳадди шаръӣ нагузарад.

Барои мисол, аз ҳазрати Оиша (р) ривояте ҳаст, ки зане аз қабилаи Ансор духтарашро тазвиҷ кард, дар ҳоле ки мӯйҳои сараш мерехтанд. Оиша (р) ба маҳзари Паёмбар (с) расид ва он ҳазратродар ҷараёни амр гузошту гуфт: “Шавҳараш ба ман дастур дода, то бо мӯйҳои вай мӯй пайванд намоям. Расулуллоҳ (с) фармуданд, ки на, заноне ки мӯй пайванд мекунанд, нафрин шудаанд”.

Бо ин тартиб метавон гуфт, ки зебоӣ ва зинат додан дар Ислом дорои фарҳанги хос ва он ҳам дар як низоми муайян қарор гирифтааст. Дар баробари ин, зинат ва зебоии зану марди мусалмон бояд мутобиқ ба фарҳанги исломӣ бошад ва мазоҳири инсонӣ миёни мардум чун як мусалмон намоён гарданд.

Дар ин росто бо ташбеҳ додани худ ба мардуми ғайримусалмон низ ба талабот ва низоми шариъати Ислом мухолафат дорад. Пас зани мусалмон, бояд тавре худро зинат бахшад, ки симои мусалмониро аз даст надиҳад ва худро тарзе вонамуд насозад, ки ба ғайримусалмон монанд бошад.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки истифодаи фарҳанги бегона, ки хилофи шариъат ва дини Ислом аст, ҷавоз надорад. Дини Ислом, ки ҳамеша ҳадди миёнаи иҷрои ҳар амрро беҳтар медонад ва дар ҳар амр эътидолро роҳнамоӣ менамояд, ҳамчунин дар оро додану зинат бахшидан ҳам, талаб ва риъояи миёна ва эътидолро пеш гузоштааст, исроф ва зиёдаравиро ҳаром медонад. Тибқи фармудаи дини Ислом, зебогӣ ва оро бояд то ҳадде анҷом ёбад, ки инсон ба ҳайси инсон боқӣ мондани худро аз даст надиҳад, яъне, ороиш ва зебоӣ сабаби пайдо шудани кибру ғурур нагардад.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷомеъаи имрӯз бисёре аз занҳоро мебинем, ки истифодаи аз ҳад зиёди оро ва зинат, инчунин пӯшиши либосҳои аз ҳад зиёд қимат онҳоро дар муқобили ҳамсоя, ҳатто наздикони хеш дигар кардааст.

Зани мусалмон ҳақ дорад, ки бо либоси зебо ва хоҳиши дил зоҳири худро оро бахшад. Аммо ин зебоӣ набояд барои худнамоӣ ва таҳқири зани ҳамсоя сабаб гардад. Ҳамзамон либоси ба бар кардаи ӯ бояд ба талабот ва низоми шариъати Ислом ҷавобгӯ бошад.

Пеш аз ҳама либоси зан, агар фарогири тамоми бадани ӯ нест ва авроти ӯро намепӯшонад ё либосест, ки бо пӯшидани он бадани зан намоён бошад, пас ин моли Ислом ва хоси мусалмон буда наметавонад. Зеро Паёмбар (с) ин гуна занҳоро аз аҳли дӯзах муаррифӣ кардааст. Ва онҳо гуруҳеанд, ки ба зоҳир гӯё либосе ба бар кардаанд, аммо дар асл урёнанд. Ин тарзи либоспӯширо низ дар пӯшиши зан низ метавон мушоҳида кард. Агарчи иддае аз онҳо бо ин назаранд, ки “ҳар хеле ба бар кунам, дилам пок аст, тақво дорам, намоз мехонам” ва бо ин ҳарфҳо гӯё худро қонеъ месозанд.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки покии дил аз фармудаи шариъат фарқ дорад ва занро лозим аст, ки на ба гуфтаи дил, балки бо гуфта ва назокатҳои дини Ислом мусалмонии худро собит ва комил созад.

Дигаре аз асбоби оро ва зебоии зан, истифодаи тилло ва зеварҳост, ки зан бештар инҳоро дӯст медорад ва истифода мебарад. Ғайр аз ин, аз қадим истифодаи зеварот маъмул буда, ки бештар онро занҳо барои зинати худ ба кор бурдаанд.

Дини Ислом ин асбобро барои зан ҳалол гуфта, истифодаи онро ҷавоз додааст, вале ин чизҳо барои мард ҳаром мебошад. Дар ҷомеъа мардоне ҳастанд, ки новобаста ба мусалмон будан аз ин зеварот тиллоӣ истифода мебаранд.

Индар ҳолест, ки Паёмбар (с) порчаи либоси абрешимиро ба дасти чап ва қитъае тиллоиро ба дасти рости хеш гирифтанд ва фармуданд, ин ду барои мардони уммати ман ҳаром ва барои занон ҳалоланд.

Хулоса кардан мумкин аст, ки дини Ислом бо дар назардошти тамоми ниёзҳои инсонӣ, беҳтарин роҳ ва усули зиндагиро дар ихтиёри инсон гузоштааст. Аммо дар баробари он, ҳадду маҳдудаеро низ барои пешгирии фитна, фисқу ҳаромӣ дар ҷомеъа муайян намудааст.

Ин маҳдудиятҳо дар Ислом пеш аз ҳама барои солим нигоҳ доштани ҷомеъаи мусалмонӣ аз ҳар гуна фарҳанги бегона ва нигоҳ доштани мувозинати мақоми инсонӣ дар баробари якдигар мебошад. Ҳамзамон нигоҳ доштани фарҳанги исломӣ, намуна будани як фарди мусалмон дар ҷомеъаи башарӣ, аз беҳтарин ахлоқест, ки Ислом пайравони худро бар он роҳнамоӣ мекунад.

Пас ороиш ва зинату зебоии зан, умуман як инсони мусалмон аз покдоманӣ ва тақвои ӯ бояд башорат диҳад, на аз кибру ғурур ва ё худнамоӣ пеши мардум.

More From Author

You May Also Like