Categories Ахбори рӯз

Нозири минтақавӣ: “Ман бо супориши ҳавза ба хонаи номзад рафтам”

Алимаҳмад Маҳмадалиев номзад ба маҷлиси ноҳиявӣ дар ноҳияи Данғара ва ҳамасараш, ки масъулияти бонувони ҲНИТ дар ноҳияи мазкурро ба ӯҳда дошта, ҳамзамон номзад ба маҷлиси ноҳиявӣ низ мебошад, 17.02.2015 дар як тамоси телефонӣ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки нозири минтақавӣ ва раиси маҳалла Меҳтаров Муҳиббуло ба суроғи онҳо омаданд.

Алимаҳмад Маҳмадалиев изҳор дошт, ки гарчанде масъулини мазкур ба суроғи мо омаданд, вале то кунун суҳбату вохӯрӣ бо мо сурат нагирифтааст. Чун мо бештар ба корҳои таблиғот ва вохӯрӣ бо интихобкунандагон машғулем.

Бахши матбуотии ситоди марказии ҲНИТ бо нозири минтақавӣ дар ин хусус суҳбат намуд. Нозири минтақавӣ иброз дошт, ки аз ҳавзаи интихоботӣ даъват карданд, то ки номзад Алимаҳмад Маҳмадалиев ба ҳавза ҳозир шавад. Бинобар ин масъулини ҳавза аз ман хоҳиш намуданд, то ки ин хабарро ба номзад расонам. Вақте ба хонаи номзад Алимаҳмад Маҳмадалиев дар ин хусус муроҷиат кардам, ҳамсараш гуфт, шавҳарам ҳузур надорад, ӯ соатҳои 2 аз хона баромадааст. Бинобар ин рақами телефонамро гузошта аз ҳамсараш хостам ҳар вақте акои Алимаҳмад ҳозир шуд, бо ин рақам ба ман занг бизанад. Дигар ягон мушкиле вуҷуд надорад.

Нозири минтақавӣ илова бар ин гуфт, агар шумо низ бо номзад тамос барқарор кардед, ҳамин паёмро расонед, то ки ба ҳавза ҳозир шавад. Чунки ман ҳамчун нозири минатақавӣ ин масъулиятро дорам.

More From Author

You May Also Like