nahzat.tj
Дирӯз 29 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 10-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.
Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатӣ оид ба сармоя ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ҳайати Қазоқистон зери раисии Нурлан Каппаров, вазири ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Қазоқистон, иштирок менамоянд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла муносибатҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, саноати сабук, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф ва илм, хоҷагии қишлоқ, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ ва варзиш, фарҳанг, ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир баррасӣ мегарданд.