Categories Uncategorized

“Ислоҳи қалб боиси ислоҳ гардидани ҷасад мегардад”

Имрӯз дар қароргоҳи марказии ҲНИТ, таҳти унвони Ислоҳи қалб боиси ислоҳ гардидани ҷасад мегардад семинаре бо ширкати масъулини ҳизб баргузор гардид.
Тавре Акоша Кабирӣ, масъули шуъбаи омори ҳизб гуфт, дар ҷаласа тасмим доштем, фикри дигаронро дар робита ба масъалаи ислоҳ гирем.
Ӯ гуфт, аз суҳбати мардум бардошт намудем, ки ислоҳи ҷомеъа вобаста ба ду тоифаи мардум аст: Олимон ва роҳбарон.
Ба гуфтаи Акоша Кабирӣ роҳбари хона, корхона, ҳизбу ташкилот ва то ҳадди роҳбарияти маҳаллаву ноҳия ва кишвар агар ислоҳ шаванд, пас мардум ҳам ислоҳ мегарданд. Дар зимн олимон ва раисон бояд ислоҳ шаванд, то дигарон бо ин тобеият ислоҳ гарданд, афзуд номбурда.
Дар семинар гуфта шуд, ки агар ҷавоне, ки кадом як ташаббусе ё ягон кори хайре нишон медиҳад, бояд ҳавасманд гардад ва дар баробари ин дар ҷомеъа ҳар нафаре, ки ба кадом ҷурме айбдор мегардад, ӯ бояд ба ҳар шакле муҷозот шавад.

More From Author

You May Also Like