Categories Uncategorized

Боз ситорае аз илм моро тарк гуфт

Домулло Муҳаммаднабиро бо ҳалимиву меҳрубонӣ, мутафаккирӣ ва фақеҳи замон будан, ходими Ислому муслимин ва бо шогирдон муносибати дӯстона доштанаш мешинохтанду дӯст медоштанд. Ин марди дидадаро рӯзи 7-уми январ бо сабаби бемории дил дорул-фониро ба қасди дорул-бақо тарк гуфт.

Домулло Муҳаммаднабӣ 15 декабри соли 1955 дар деҳаи Тегирмии ноҳияи Комсомолобод (Нурободи имрӯза) дар оилаи кишоварз таваллуд ёфтааст. Марҳум ҳанӯз ҳангоми дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаи хеш таҳсил намудан назди мулло Шамсуллоҳ ба омӯхтани улуми исломӣ шуруъ намуда буд.

Пас аз хатми мактаб, соли 1972 барои такмил додани дониши динии худ ба шаҳри Орджоникидзеобод (Ваҳдати имрӯза) меояд ва назди махсуми Маҳфузуллоҳ таҳсилоти хешро идома медиҳад. Сипас озими шаҳри Душанбе гардида, назди яке аз уламои варзида махсуми Убайдуллоҳ касби илм мекунад.

Марҳум ба ҳалқаи шогирдони эшони Абдурраҳмонҷон ҳам пайваст буд. ӯ дар назди домулло Муҳаммадҷони Қӯқандӣ, машҳур ба Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил намуда, то охири ҳаёт дар хидмати устодаш қарор доштааст ва танҳо баъди фавти Мавлавии Ҳиндустонӣ ба таълими шогирдон камар мебандад.

Мавсуф баъд аз солҳои 2000-ум дар деҳаи Корвони ноҳияи Рудакӣ имомхатиби масҷиди Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба уҳда дошт ва дар шафати он низ мадрасаи ғайрирасмии исломиеро низ таъсис дода, дар як вақт ба зиёда аз 300 нафар толибилмон дарс мегуфт.

Баъд аз қабули Қонун дар бораи озодии виҷдон ва содир шудани фармони президенти ҶТ барои бозпас овардани донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои мусмалмонӣ, солҳои 2009-10 наздик ба 70 нафар аз шогирдони домулло Муҳаммаднабӣ ҳам тавассути мақомоти зидахли кишвар дастгир гардиданд, ки боиси дилмондагӣ ва шикастаруҳии домулло Муҳаммаднабии комсомолободӣ шуда буд.

Саидмирзои Саидраҳмон, яке аз шогирдони ҳазрати Домулло, ки беш аз 10 сол дар назди ӯ таълими илм намудааст, мегӯяд: «Ман то ҳол ёд надорам, ки домулло касеро барои кадом коре мавриди таҳқир қарор дода ё аз зӯр истифода карда бошад. Марҳум хонаи худро ба мадрасае табдил дода буд, ки ҳамарӯза садҳо шогирд барои таълими илм меомаданд. Дар ин макони илм ҳазрати домулло аз анвоъи улуми исломӣ, аз қабили фиқҳ, сарфу наҳв, ҳадису тафсир бо истифода аз китобҳои муътабар дар се бахш ба шогирдон дарс мегуфт. Ҳатто дар замони нобасомониҳо ҳам ҷони худро дар хатар гузошта, нимашабӣ ба таълими толибон машғул буд.»

Файзиддин Ҳалимов, дигаре аз шогирдони домулло мегӯяд, «бо вуҷуди инсони ҳалим буданаш домулло барои дарс нахондани шогирд, албатта, сиёсат ҳам мекард, вале ин сиёсат ба маънои азоб додани шогирд набуд. Барои расонидани илми илоҳӣ миёни шабу рӯз фарқ намегузошт, ҳамеша шогирдонро ба ҳузур мепазируфт. Назди домулло шуруъ аз “Ҳофиз”-у “Бедил” то китоби “Шарҳ – ул-виқоя” хондем.»

Домулло Муҳаммаднабӣ дар роҳи Ҳақ ҳазорҳо шогирдонро ба воя расонида, беш аз 40 сол ба тадрису тарбия машғул будааст. Мулло Қобилҷон Боев, Судур Носиров, Саидмирзо Саидраҳмонов, Акбаршоҳ Қурбонов, Абдусаттор Мирзомуҳиббов ва чанди дигаре аз чеҳраҳои маъруфи динии кишвар ҳам аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошанд, ки иншоаллоҳ, номи домулло Муҳаммаднабиро зинда хоҳанд дошт. Ҳоло  аксари шогирдони ин марди шариф дар чандин масҷиди кишвар имомхатиб мебошанд, ки ба ин масъули ифтихорӣ расидани онҳо ҳам заҳамоти Домулло будааст.

Марҳум дар тарбияи динии ҷомеъаи мусалмонии кишвар саҳми бориз ва дар расидан ба саъодати дорайни насли миллат нақши муҳим дорад. Дар ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон кам касонеро пайдо менамоем, ки аз мавъизаҳои домулло Муҳаммаднабӣ баҳравар нашуда бошанд.

Азизхӯҷа Хоҷаев, муовини раиси шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе, ки бо марҳум чандин солҳо робитаи дӯстӣ доштааст, мегӯяд: “Домулло одами ҳалим, хидматгори дин буд ва дар таълими шогирдон заҳмати зиёд кашидааст. Бо масъулини Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам робитаи ҳасана дошт. Дар нишастҳои фарҳангӣ ва иршодии ҳизбӣ ширкат меварзид. Ҳамин буд, ки дар ҷанозаи ӯ ҳазорҳо мусалмон аз тамоми Тоҷикистон, аз ҷумлаи уламо, фузало ва шогирдону мухлисон ҷамъ омаданд”.

Хушо ба ҳоли ин вориси Паёмбар (с) ва фирдавси аъло подоши ҷаҳду талоши ин олими раббонӣ бод. Хуш он умре, ки дар роҳи тадрису нашри улуми исломӣ сипарӣ мешавад.

Дуъо мекунем, ки тадриси беш аз чиҳилсолаи марҳумро Худованд пазируфта бошад ва бо Омӯзгори аввали башарият (с) ва дигар уламои раббонӣ ҳамнишин бигардонад.

Шогирди дигаре (Домулло Иброҳими Сайиднуриддин), ки солиён зиёд бо марҳум буда ва аз илму дониши ӯ файзи камол бурдааст, чунин ҳарфҳоеро дар нисбати устоди хеш рӯйи сафҳа овардааст: «Дидани рӯйи мунаввари эшон худ дарси муассир ва ахлоқи волояш таълимгоҳу мадрасаи руҳоние буд. Он солҳое, ки дар хонаи устод будам, беҳтарин солҳои умрам буд ва бо эшон хотироти зиёде дорам. Воқеъан, олими раббонӣ ва бақияе аз салафи солиҳ буданд. Муболаға нест, агар гӯям, дар тавозуъу фурӯтанӣ ва зуҳду дилбастагӣ ба охират, мисли эшон касеро надидаам, рӯйи дарс дар шарҳи баъзе аҳодису оёт бе ихтиёр мегирист ва дар дарси сирати Паёмбар(с) гиряи ӯ ҳатман ба назар мерасид ва ашки шабеҳи дурдона ба риши муборак мефаромаданд ва чеҳраи нурониро мунаввартар месохт.»

Худованд барои Устоди гиромӣ мақоме дар баландиҳои фирдавси аъло омода карда бошад, қабрашон мунаввару васеъ ва малоики раҳмат зоирини ин қабр бодо, бар хонадонашон ва шогирдон, ҷумла мардуми мусалмони кишвар сабру таҳаммули ин мусибати бузург ато бифармояд ва аз эшон ворисону ҷонишиноне омода созад, то мояи нашру насри дини мубин ва ифтихори миллати соҳибфарҳанг ва мусалмони тоҷик бошанд.

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like