nahzat.tj
Рӯзи 10 майи соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Димишқ дар натиҷаи ду ҳамлаи маргталабон 55 нафар кушта ва беш аз 370 нафар сокинони ин кишвар маҷрӯҳ шудаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин шадидтарин ҳамлаи терористӣ дар чаҳордаҳ моҳи ахири нооромиҳо дар Димишқ маҳсуб мешавад.
Таркиш дар назди бинои Маркази хадамоти ҷосусии ин кишвар рух додааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, ки ин ҳамла субҳи барвақт ҳангоме, ки мардуми зиёд дар куча буданд сар зад, ки сабаби кушта шудани мардуми зиёд гардид.
Ин амали хунинро аксар кишварҳои олам шадидан маҳкум карда, аз тарафҳои даргир дархост карданд, ки шартҳои оташбасро иҷро кунанд.
Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки дар назди бинои Маркази хадамоти ҷосусии Димишқ ҳамлаи терористӣ сурат мегирад. То ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Пан Ги Мун, дабири кулли СММ аз ҳар ду ҷониб хост, ки ба даргириҳо хотима диҳанд ва нақшаҳои сулҳ, аз ҷумла оташбасро риоя кунанд.