Озодии 500 зиндонии фаластинӣ марҳилаи дуввуми қарордоди озодии як исроилӣ дар муқобили 1000 фаластинӣ аст. Ин иқдом вокуниши гуногунеро миёни исроилиҳо ва фаластиниҳо барангехтааст.
Ба гузориши “persiannews”, Исроил дар моҳи октябр 477 зиндонӣро, ки бархе дар бамбгузориҳои интиҳорӣ ва тамоми ҳамлаҳои маргбор даст доштанд, озод кард. Дар ивази Гелод Шолит, сарбози исроилӣ, ки тавассути фаластиниҳо рабуда ва асир шуда буд, озод шуд. Ҳамос ивази зиндониёнро эътиборе барои худ медонад ва аз он баҳрабардорӣ мекунад.
Фавзӣ Барҳум сухангӯи Ҳамос мегӯяд, мо дар ҷунбиши Ҳамос роҳе барои озодии зиндониёнамон пайдо кардем ва аҳд бастем, то тамоми зиндониёнамонро аз қайди Исроил озод кунем. Масъалаи зиндониён ҳамчунон як амри муқаддас аст. Ҳамос баҳои озодии ин зиндониёнро пардохт ва мо боз ҳам баҳои озодии тамоми зиндониёнро мепардозем.
Аммо Мер Эндор, раиси Анҷумани қурбониёни терроризми Исроил мухолифи озодии зиндониёни фаластинӣ аст ва мегӯяд, дар листи зиндониён мо номҳои террористҳои бисёреро дидем, ки талош кардаанд яҳудиҳои бегуноҳро бикушанд. Ҳоло аз зиндон озод мешаванд ва бо ҳам кӯшиш мекунанд даст ба куштан бизананд. Мо фикр мекунем давлати Исроил набояд марҳилаи дуввуми озодии зиндониёнро ба иҷро гузорад, гар чи мо як қарордодро имзо кардем, вале он қарордод таҳти шароити як одами дузде имзо шуд. Ин паймони қонунӣ нест. Лозим ба ёдоварист, ки зиндони Исроил рӯзи чоршанбе номҳои зиндониёнеро, ки қарор аст озод шаванд, эълом кард.