Categories Uncategorized

Муҳаммадалӣ Ҳаит: “Рӯирост мегӯям, Шумо мустақил нестед!”

Дирӯз дар мулоқоти намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва КМИР Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ аз дахолати КМИР дар мавриди ҷамъоварии имзоҳо аз тарафи ҳукуматҳои маҳалӣ сухан кард.

Маҳмадалӣ Ҳаит аз ваъдаҳои раиси ҷумҳур ва КМИР дар бораи озоду шаффоф ва бе монеа гузаштани интихобот изҳори нигаронӣ мекунад: “Мо тӯли 8 рӯз дари ҳукумати ноҳияҳо будем ва барои ҳалли ин кор ҳар лаҳзаву соат ба КМИР муроҷиат мекардем. Вале то ба имрӯз ҳамин масъала ҳалли худро пайдо накардааст.”

Ҳамчунин оқои Ҳаит аз дахолати Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, ёдовар шуд: “Шумо дахолат кардед ва то имрӯз Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Исфара танҳо 6 ҳазорро имзо кардаасту 50 дарсади дигараш дар ихтиёраш аст. Ҳатто кор ба дараҷае расида, ки дар баъзе ноҳияҳо мегуфтанд, ки мувофиқи талаби Протоколи 32-20 рӯйхати аъзоёни ҳизбатонро оред, танҳо баъд аз он мо ба варақаҳо имзо мегузорем. Масалан, мисол ду маротиба кормандони амният ва умури дохила раиси бахши ҲНИТ-и ноҳияи Ҷ. Румиро ба ҳукумати ноҳия бурданд ва гуфтанд, то он замоне ки рӯйхати аъзоёнатро намеорӣ, ҳизбро барҳам намедиҳӣ, мо бо ту ҳамкорӣ намекунем.”

Муовини раиси ҳизб ба мустақил будани КМИР бовар надорад: “Шумо ҳар чиз ҳам, ки гӯед, аммо ман рӯирост мегӯям, шумо мустақил нестед. То ба имрӯз мустақилии шуморо эътироф надорам, зеро имрӯз ҳам мардумро тарсонданд ва ҳам ҳукумати марказӣ намояндаҳои худашро дар сатҳи маҳал он қадар тарсонидааст, ки аз ҳама охир варақаҳои ҷамъоварии ҲНИТ-ро имзо мегузоранд. Аз ҷумла, масъалаи ҷамъоварии имзо дар ноҳияҳои Роштқалъа, Дарвоз ва Исфара то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст.”

Вале Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР мегуфт, ки “Тибқи қонун мо мустақилем ва ба ягон мақомот итоат намекунем, қарори қабулкардаи мо барои ҳама ҳатмӣ аст.”

Аммо оқои Ҳайит мегуфт, ки “Шумо мувофиқи қарори худ гуфта будед, ки дар охир тамоми имзоҳо ҷамъоварӣ мешавад, гурӯҳҳои ташаббускор, раисони бахш протокол тартиб дода, назди раиси ҳукумат мераванд. Ва раисони ҳукумат боз як ҳафтаи дигар, аз 7 то 15-уми октябри соли равон мардумро овора намуда, ба протокол имзо намегузоранд.”

Баъдан ҷаноби Ҳаит дар мавриди комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ба Шоҳиён муроҷиат карда гуфт: “Шумо дар қарори худ гуфта будед, ки комиссияи ҳавзавӣ  аз нафарони мустақил бошанд, раиси мактаб бошанд, вале қариб ҳамаашон аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонанд, яъне, дар участкаҳо аъзоёни ҲХДТ нишастаанд.  Мо барои озод ва шаффоф гузаштани интихобот бовар надорем.”

Вале оқои Шоҳиён ин гуфтаҳои муовинро рад кард: “Комиссияи ҳавзаҳо на ҳамаашон аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонанд, балки аз доираи гуногуни ҷамъият интихоб гардидаанд. Мо ба ҳизбияти онҳо таваҷҷӯҳ накардаем.”

Бояд гуфт, ки то ба имрӯз 6 ҳизби сиёсӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ 8 ниҳод номзадии 7 нафарро ба мансаби Президенти ҶТ пешниҳод кардаанд. Ва ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳои пешниҳодшуда идома дорад.

More From Author

You May Also Like