Categories БА СУИ НУР

Истеъдод – омили рушди ҷомеъа

Имрӯз дар қароргоҳи шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд семинаре таҳти унвони “Истеъдод – омили рушди ҷомеъа” бо ширкати бонувони фаъоли ҳизбӣ доир гардид. Дар маҳфил Нодира Абдуллоева, масъули фарҳанг ва иршоди шуъба, Тахмина Баҳриддинова, намояндаи яке аз ташкилотҳои ибтидоӣ, Осифа Турсунова, масъули бонувон ва дигар меҳмонон, ҳудуди 70 нафар ширкат варзиданд.
Нодира Абдуллоева зимни суҳбати хеш гуфт, ки Худованд ба мо – тоҷикон аз қадим истеъдоду ҳунари волоро насиб гардонидааст. Вазифаи имонии мост, ки аз ин неъмати худододе барои рушди ҷомеъа истифода барем. Новобоста аз он ки истеъдод ва ҳунари мо муваффақият дорад ё надорад, мо барои пешравии ҷомеъа саҳмгузор бошем ва баъдан, ҳар кас худаш пешбарандаи истеъдоду ҳунар аст. Чуноне ки Муҳаммад Иқбол мефармояд: Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,
Дар дил шуъла афрӯхтану нагдохтан аст.
Хонум Баҳриддинова дар мавриди касбу кор суханронӣ намуда, қайд кард, ки тамоми паёмбарони илоҳӣ соҳиби ҳунари худ буданд ва бонувони тоҷик ҳам бояд талош намоянд, то соҳиби ҳунаре бошанд. Аз ҷумлаи суханҳое, ки зикр гардид, ин буд, ки агар барномаи аввалини рисолати Паёмбари Худо (с) ба омӯзишу парвариш равона шуда бошад, барномаи дуввуминаш ба ибодату бузургдошти Худованд ва худсозӣ нигаронида шудааст: “Либосҳоятро пок нигаҳ дор ва аз палидӣ дур шав”(«Мудассир»:4-5). Покии бадан, либос ва маконро шарти қабули бузургтарин ибодат – намоз, қарор дода аст. Худсозӣ оғози оиласозӣ ва оиласозӣ оғози ҷомиасозист. Мо, умматон набояд кӯшишу фидокориҳои он Пешвои раббонӣ – Муҳаммад (с) -ро, ки беҳтарин айёми ҳаёти худро дар тарбияи як идда афроде сипарӣ кардааст, фаромӯш намуда бошем. Ҳадафи асосии ин пешво сохтани намунае аз инсонҳои комил буд ва ба ҳадафи худ расид, ба ҷомеаи башарӣ намунаҳое аз инсонҳои комилро тақдим намуд. Ӯ дар баробари ҳаводиси олам бидуни тарсу хавф побарҷо ва собитқадам монданд. Молу сарват ва ҷоҳу мансаби дунё ӯ фиреб надод. Зеро ба Парвардигори худ имон ва ба нусрату пирӯзии Ӯ яқин доштанд. Ва онро дар майдонҳои амалӣ бо чашми худ медиданд, дар ҳоле ки имдодҳои ғайби ба эшон мерасид. Ин Пешвои раббонӣ шогирдони худро бо барномаи Қуръону Суннат тарбия кард ва комёб гашт. Худ аз миёни мо рафт, вале барномаро бо тамоми ҷузъиёташ гузошта гуфт: “Барои шумо чизе (барномае) гузоштам, ки агар ба он баъди ман амал кунед, ҳаргиз гумроҳ намешавед. Китоби Худо ва суннати ман”, афзуд бону.
Ҳамзамон Осифа Турсунова аз боби равоншиносӣ сухан карда, таъкид кард, ки барои кӯдаконро барои меҳнатдӯстиву дарсхонӣ ҳамеша усули Паёмбарони илоҳиро бояд ба кор бурд. Аз ҷумла муносибати хуб намудан дар ҳамаи мушкилот барои тарбияи солим созгор буда, кӯдакро барои аз гапи модару падар набаромадан кӯмак мекунад.
Ахиран, семинар бо суолу ҷавоби иштирокчиён ба анҷом расида, иштирокчиён дархост намуданд, ки чунин семинарҳои муфид бештар баргузор гардад. Семинири мазкур ба гуфтаи масъули иршод ва фарҳанги шуъбаи вилоятӣ, тибқи барномаҳои ҳизбӣ буд.

More From Author

You May Also Like