Истиқболи гарми Самӣ Юсуф дар Маскав

Овозхони шинохтаи бритониёӣ дар рӯ ба рӯи мухлисони хеш дар Маскав дар ҳоле рост истода, ки толор моломоли шунаванда будааст. Самӣ Юсуф, сарояндаи машҳурест, ки омезиши мусиқии муосирро бо мантиқи бойи маънавӣ бо ҳам овард ва дар шаклгирии андешаи мухлиси хеш ҷиҳати маънои зиндагӣ таъсири мустақим гузошт.
Ӯ таронаҳои хешро дар як ҳолат бо чанд забон месарояд ва ин ҳолатро мухлисони маскавӣ ҳам шоҳид гаштаанд, аз ҷумла бо забони инглисӣ, арабӣ, туркӣ, форсӣ, озарӣ, ки барои сокинони Русия фаҳмо мебошанд. Маҳз дар ҳамин замина толор моломоли мухлис гашта буд, ки дар миёни онҳо намояндагони рӯҳоният ҳам буданд, инчунин зиёиёни дунявӣ, ки барои онҳо низ арзишҳои маънавӣ бегона нестанд.
Баъзе агар ба хотири ба таври мустақим дидани Самӣ Юсуф омада бошанд, иддаи дигар мехостанд энержии маънавӣ пайдо намоянд, агарчи яке дигареро инкор намекунад. Худи овозхон изҳор дошта, ки «аз Русия ва ҳузури шаҳрвандони гуногунмиллати он такон хӯрда», ҳамчунин аз истиқболи гарму самимие, ки аз мухлисони маскавӣ пайдо кардааст.

More From Author

You May Also Like