Аз азал бо ҳам қарину ошно будем мо,
Машъалафрӯзи раҳи сидқу вафо будем мо.
Хоҳ дар Марву Бухоро, хоҳ дар Тусу Ҳирот,
Ҳар куҷо бар чашми ҳам, чун нур ҷо будем мо
Алӣ Бобоҷон
Қариб сад сол аст, ки Афғонистони бародар рӯзи 19-уми августро ҳамчун рӯзи истиқлолияти миллӣ ҷашн мегирад. Яъне шурӯъ аз соли 1919 мардуми сарбаланду далер ва шуҷоъи ин кишвари шаҳидхез ғалабаи худро бар импературии истилогари вақти Бритониё таҷлил мекунанд.
Бале, бо ғасби ин сарзамини мусалмоннишини Шарқ абарқудратҳо ба мардуми зери истеъмор буда таъсири забонӣ ҳам мерасониданд. Ба забони дарӣ-форсии Афғонистон ҳам, мисли форсии Вароруд, ҳамлаҳои бегона сурат гирифтанду мафҳумҳои дигаре ба ин забони ноб ворид шуданд.
Вале забони дарӣ дар ин кишвари дӯст, агар баъзе аз мафҳумҳоеро аз забонҳои дигар қабул қарда бошад ҳам, солимӣ ва шириниву ноб будани худро нигоҳ дошта тавонист. Тоҷикони ду тарафи руди Ому дар заминаи хиёнатҳои импературии инглису рус ва пиёда шудани сиёсатҳои геополитикии онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Қӯшуни инглис ҳамчун ғосиб ба воситаи уқёнуси Ҳинд ба Афғонистон ворид шуда, танҳо баъд аз хунрезиҳои 200 сола шаҳри Кобулро забт карда тавонист, он ҳам барои се моҳ. Дар як зимистони қаҳратун бо сардории пиразане шӯриши сар зад ва мардум инглисҳоро бо досу табар, белу шохин маҷбур ба ақибнишинӣ, то ба Қандаҳор карданд. Дар ин набарди сангин танҳо доктор Брайтон, ки ба мардуми маҳаллӣ хидмат расонида буд, ҷон ба саломат бурд. Аммо ин шикасти таърихӣ ба инглисҳо сабақ нашуд ва онҳо дубора баъди 30 сол Кобулро аз нав забт карданд. Вале боз ҳам баъди ду сол шӯриши дигаре сар заду истилогарон маҷбуран шаҳри мардони ҷасур ва далерро тарк карданд, ин дафъа шикасти онҳо хеле шадид буд. Яъне аз се полки савораи инглисҳо танҳо як генерал бо аспи ланге худро то Қандаҳор расониду халос. Баъд аз чанд сол инглисҳо даст заданд ба ҳамлаи навбатӣ, вале 19-уми августи соли 1919 шармандавор дар деҳаи Гандумаки наздик ба Кобул ба шикасти сангин мувоҷҷеҳ гаштанд, агарчи созиши сулҳеро имзо карданд, вале боқӣ гузоштани неруҳои низомии худро дар қаламрави ин кишвар дигар лозим надиданд. Маҳз ҳамин рӯз, яъне 19-уми августро мардуми шарафманди Афғонистон рӯзи ғалабаи комил ба инглисҳо қабул дошта, онро ҳамчун рӯзи истиқлолияти миллӣ ҷашн мегиранд.
Ҳоло вақте аз ҷойгоҳи забон дар ҳувияту ҳайсияти мардуми Афғонистон ҳарфҳое болои саҳифа овардем, бояд иқрор кард, ки таъсири забони инглисӣ дар эчодиёти даҳанакии ин мардум бе таъсир набудааст. Инглисҳо, вақте аз тарафи Покистон ба сарзамини форсзабонҳо ҳуҷум мекарданд, намояндаҳои паштузабонро роҳбалад истифода мекарданд, ҳамчун гумоштаи худ.
Бо вуҷуд тоҷикони он тарафи Ому намегузоштанд, ки фармонравоёни бегонатабор бо гӯишҳои худ забони дариро омехта намоянд, аммо ба ҳар ҳол аз калимаҳои инглисӣ дар фолклори мардум боқӣ мондааст. Масалан, калимаи ардил, яъне хизматгор (ordеrly);
Арақчини сарат гул-гул зарӣ буд,
Бародарҳот ба Кобул ардилӣ буд.
Шавам қурбони шабҳои зимистон,
Ки дасту бозу зери сандалӣ буд.
Мардуми пашту беш аз 200 сол аст, ки дар Афғонистон қудрати сиёсиро дар даст доранд, ки дар ин ҷо саҳми инглисҳо хеле зиёд аст. Баъд аз рафтани инглисҳо доираҳои манфиатхоҳи миллати пашту талош доштанду доранд, ки ҳар чӣ бештар калимаҳои бегонаро ба забони дарӣ ворид созанд. Масалан, истилоҳи «Луи Ҷирга» (Маҷлиси олӣ), ки дар гузашта як маҷлиси ом барои намояндаҳои ақвоми паштуҳо будааст, бо мурури вақт маҷлиси оми тамоми мардуми Афғонистон қарор гирифт ва ҳоло парлумони Афғонистон ин номро дар худ дорад. Инчунин калимаҳои дигаре, мисли «пуҳантун» (донишгоҳ), «пухонд» (профессор), «чавкӣ» (курсӣ), «мирман» (хонум), «пигла» (дӯшиза), «саранвол» (додситон), «чагран», «дагармон», «дагарвол», «туран», «чек туран», рутбаҳои ҳарбие мебошанд, ки тавассути забони пашту барои дигар қавмҳои Афғонистон ҳам расмият касб кардаанд. Ҳамин тавр беш аз 300 калима дар гӯиши дарии форсӣ ба таври расмӣ ворид шудааст.
Чанд сол пеш баҳсе пайдо шуд дар мавриди баргардонидани номи «Пуҳантуи миллӣ»-и Кобул ба донишгоҳи миллӣ, вале мухолифатҳое пеш омаданд, ки боиси ба гирдиҳамоӣ даст задани ҷавонони донишҷӯи даризабон гардид. Онҳо бо қатъият талаб карданд, ки пуҳантуи дар гузашта донишгоҳ бояд номи аввали хешро бигирад. Ин дар ҳоле буд, ки хатари маргу зиндон ё ҳадди ақал хориҷ шудан аз донишгоҳ барояшон таҳдид мекард. Вале ҷавонон қаҳрамонии хос нишон доданд. Тоҷикон дар вилоятҳои Балху Андароб, Парвону Кобул, Зобулу Каписо, Самангону Бомиён, Урузгону Шибирғон, Лағмону Бағлон, Ҳироту Форёб, Тахору Бадахшон ва дигар манотиқи хурду бузург дар роҳи нигоҳ доштани асолати забонӣ ва миллӣ муборизаҳо бурдаанд.
Ҳоло ҳам ҳизби «Паштун миллат» шадидан талош меварзад, ки мақоми забони дариро дар ин қисмати Хуросон ба шиддат коҳиш бидиҳад, вале дар ин самт он интизориҳои худро ба даст оварда натавонистааст..
Ҷаноби Бзежинский, яке аз стротегҳои собиқадори ИМА мегӯяд: Компанияи Юникал дар таъини ҷаноби Карзай ба мақоми президентӣ барои давраи гузор дар Афғонистон нақши асосӣ доштааст. Яъне ба сари қудрат овардани паштунҳо ва сӯиқасд ба ҷони собиқ президенти Афгонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ кори дасти аҷнабиён будааст.
Муҳаммад Башри Бағлонӣ, собиқ прокурори генералии Афғонистон, яке аз сарварони ҳизби «Ситами миллӣ», ки волидони ӯ солҳои инқилоби болшевикӣ аз Ховалинги Тоҷикистон ба Бағлон ҳиҷрат кардаанд, мегӯяд: Вожаи «афғон» ва «паштун» номи қавм аст, ки феълан ин номро кишвар дар худ дорад. Яъне бори нахуст вожаи «Афғонистон» дар асри 19 пайдо шудааст ва нашри пул бо номи «афғонӣ» ҳам ҳувияти ҳамин қавмро бозтоб месозад.
Дар моддаи 20-и Қонуни асосии феълӣ «Суруди миллии Афғонистон» ба забони пашту» хонда мешавад, ки бартарии ҳамин забонро ба намоиш мегузорад.
Дар гузашта барои ба даст овардани истиқлолият саҳми зиёиву равшанфикрон бузург буда, давраи такомули истиқлолиятхоҳиро дар ин сарзамин ба се марҳала ҷудо мекунанд:
– Марҳалаи аввал, такомули рӯҳияи ватандӯстист, ки онро ба Саид Ҷамолиддини Афғонӣ иртибот медиҳанд.
– Марҳалаи дувум, оғози онро аз соли 1903 медонанд, аз замоне, ки литсеи Ҳабибия таъсис гардида, дар он ҷо анҷумани «Сироҷул ахбор» ташкил ва чанде баъд ба як маркази ҷунбиши ҷавонони ватандӯсту истиқлолиятхоҳ табдил ёфтааст.
– Марҳалаи савуми такомули рӯҳияи ватандӯстӣ ва равшанфикриро бо номи Маҳмуди Тарзӣ вобаста медонанд, ки пас аз солиёни зиёди дур аз ватан будану сафарҳояш ба Ғарбу Шарқ ва дар баробари баргашт ба ватан, дар соли 1911 рӯзномаи «Сироҷул ахбор»- ро роҳандозӣ кардан мебошад.
Ҳар яке аз ин марҳалаҳои рӯҳияи ватанхоҳӣ ва такмили ҳувияти миллӣ мардуми Афғонистонро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ наздик намуда, барои мубориза алайҳи истилогарон ва расидан ба озодиву истиқлолият тарғиб намудааст.
Таҷрибаи охирини муборизаи ҳадафмандонаи миллати шариф ва озодаи Афғонистонро, ки тавонист душмани ғаддорро ба шикасти ҷиддӣ мувоҷҷеҳ сохта, истиқлолияти хешро ҳифз намояд, ин саркӯб кардани неруҳои низомии импературии Шӯравӣ буд, ки оқибат худи ин импературӣ ҳам пароканда гашт.
Абдулаҳад Нуров,
узви Бунёди забон