Ба
раиси Комиссияи
марказии
интихобот ва
раъйпурсии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
муҳтарам
Шоҳиён Шермуҳаммад
Раёсати бахши ҲНИТ дар ш. Исфара ба маълумоти Шумо
мерасонад, ки
дар маъракаи
пешазинтихоботӣ: дар пешбарӣва бақайдгирии номзадҳо ба вакилии вакилони маҷлисҳои халқӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ аз тарафи масъулини маҳалии ҳокимияти
ичроияи давлатии ҷамоатҳо,
мақомоти шуъбаи ШКД- 1 ш.Исфара, шуъбаиКумитаи давлатии
амнияти миллии ш. Исфара, шуъбачаи ҳамин ниҳод дар чамоати Ворух ҳар гуна амалҳои
зиддиконститутсионӣсурат гирифт.
Масъулини ҳокимияти маҳаллии ҷамоати деҳоти Навгилем бо роҳҳои
гуногун баномзад ба вакилии мачлиси шаҳрӣАбдуқаюмов Каттахӯҷа
аз ҳавзаи шаҳрии № 28 «Гумбазӣ»
фишору таҳдид намуданд, ки Абдуқаюмов номзадиашро аз номзадӣ боз хонад. Кор то ҷое расида, ки ӯро ба ШКД-1 ш Исфара даъват
намуда,ҳатто аз кумитаи
замин бо намояндагӣаз нозири минтақавӣба маҳалли
зисти номзад Абдуқаюмов Каттахуҷа рафта, қарор аз участкаи наздиҳавлигии
ӯро талаб карданд,ҳол он ки ин қарор дар бойгонии Ҳукумати шаҳр вуҷуд дорад, яъне, боз ҳамон талаб ё аз номзадиат
даст мекашӣ ё
парванда оғоз мегардад…
Дарҷамоати Ворух
корманди шуъбачаи амният аз номзад Турсунов Абдураҳмон
ариза оиди аз ҳизб хориҷшуданро гирифтааст. Ғайр аз ин аз
тарафи масъулини ҷамоати Ворух ба номзад Солиев Раҳмон Урунович ҳавзаи № 16
«Тидон» таҳдид карданд, ки номзадиатро нагирӣ, аз саҳмияи заминат низ мемонӣ.
Рӯзи 29. 01. 2015 шуъбаи КДАМ
ш Исфара номзад аз ҳавзаи шаҳрии интихоботи № 18 «Фирдавсӣ» Ҳайдаров Ҳидоро
даъват намуд ва рӯзҳои 30 ва 31 явар, 2 ва 4 феврали 2015 ба шуъбаи КДАМ дар вилояти
Суғд даъват намуданд.
Ҳамин гуна таҳдиду фишорҳо ба
номзад ба вакили шаҳрӣ Саидов С. И. аз тарафи раиси ҷамоати деҳоти Чилгазӣ,
сархатиб ва ҷонишини сархатиби масҷиди деҳа ва раиси танзими расму оинҳои
чамоат низ сурат гирифтааст. Илова
бар ин сардухтури бемористони ш.Исфара низ ба ин
қазия дахолат кардааст.
Се
маротиб шаҳрвандони маҳаллаи Шанқаи ш. Исфара аз номзад ба вакили шаҳрӣ аз ҳавзаи № 6 «Маҳмудҷон Воҳидов» талаб карданд, ки ба хубӣ номзадиашро гирад. Бори охир ӯро 8 нафар сокини маҳалла ба чойхонаи Шанқай даъват карда, таҳдид карданд…
Чаро дар арафаи як чорабинии
сиёсӣ –интихоботи парлумони кишвар, ки
чеҳраи онро дар минтақа ва хориҷи дуру наздик муаррифӣ менамояд, барои панҷ соли
дигар аз чунин амалҳои зидди консититутсионӣ кӣ манфиатдор бошад?
Охир, муҳтарам
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҷашни 20-солагии Конститутсия, ҳам дар
табрикоти Соли нави 2015 ва ҳам дар Паёми охиринашон ба Маҷлиси Миллӣ (23-01.2015) таъкид намуданд, ки ҳукумат
барои фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ шароити баробар фароҳам орад ва интихоботи
дарпешистода шаффофу демократӣ доир карда шавад.
Раёсати
бахши ҲНИТ дар ш. Исфара аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ин амали ғайриқонунии
масъулини ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва мақомоти қудратии дар боло зикр шуда баҳои қонунӣ
дода шавад.
Раиси бахши ҲНИТ дар ш. Исфара
Самеев Н. А.