Categories Uncategorized

Умаралӣ Қувватов озод шуд

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки охири соли гузашта бо дархости мақомоти тоҷик дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуда буд, рӯзи 26-уми сентябр аз зиндон раҳо шудааст. 

Ин хабарро Николай Николаев, вакили мудофеи Қувватов дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” тасдиқ намуда Қумрӣ Ҳафизова — ҳамсари Умаралӣ низ тасдиқ кардааст.

Николаев гуфтааст, ки Қувватов айни ҳол дар озодист ва ҳақ дорад, қаламрави Дубайро тарк кунад. У гуфтааст:“Дар бораи нақшаҳои Қувватов ба далоили амниятӣ ҳоло чизе намегӯем. Мо талош дорем, он парвандае, ки алайҳи Қувватов сохта шудааст, пурра лағв гардад, чун он хислати сиёсӣ дорад.”

Умаралӣ Қувватов собиқ расиси ширкати «Фароз» баъд аз эълони таъсиси гурӯҳи 24 моҳи декабри соли 2012 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд.

 Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, ҳафтаи гузашта бо як пайми аудиоӣ эълон карда буд, ки ба зудӣ озод хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like