Иттилоияи ҲНИТ ба Бег Зуҳуров

Рақам: 0045

Таърих: 06.05.13

Ба раиси Хадамоти алоқаи ҶТ,

Бег Зуҳуров

Иттилоия

Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттилоъи Шумо мерасонад, ки аз рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ соати 17:30 дақиқа фаъолияти сомонаи nahzat.tj, nahzat.net va nahzat.org дар интернети ширкатҳои муҳайёкунандаи интернет дар ҳудуди Тоҷикистон мутаваққиф гашт ва мутаассифона то ҳол сомонаи мазкур ғайрифаъол аст.

Муштариёни мо, ки интернетро аз тариқи ширкатҳои провейдерӣ истифода мебаранд, шикоят аз он доранд, ки домейнҳои nahzat.tj, nahzat.net va nahzat.org кушода намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Раисҷумҳур дар паёми имсолаи хеш ба парлумон гуфт: “Мо аллакай шоҳиди густариши раванди гуногунандешии сиёсӣ, рушди босуръати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳастем ва дар ин самт аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти озоди онҳо ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.”

Оё ҳамин аст фароҳамоварии шароити мусоид ба аҳзоби сиёсӣ?

Мо медонем, ки сомона мушкили фаннӣ надошта, балки бо далелҳои зерин аз тарафи ниҳоде масдуд карда шудааст:

Якум. Сомона танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон дастнорас аст, аммо дар кишварҳои дигар бе ягон монеа мавриди истифода қарор дорад.

Дуюм. Ворид шудан ба сомона аз тариқи сойтҳои шаффофкунанда (прокси) имконият дорад.

Аз ин рӯ, аз Шумо хоста мешавад, ки сабаби дастнорас будани сомонаи ҲНИТ-ро тибқи қонуни матбуот, дар муддати се рӯз, муайян намуда, ба роҳбарияти ҳизб посухи расмӣ диҳед.

Бо эҳтиром:


Муовини раиси ҲНИТ,

Сайидумар Ҳусайнӣ

PS: Дирӯз (07.05.2013), нома ба дафтари раиси Хадамоти алоқаи ҶТ, Бег Зуҳуров, фиристода шуд ва онро Ғафурова З., корманди дафтари мазкур расман қабул кард. Инчунин, иттилоияи дигаре оиди дастнорасии сомона ба ширкатҳои провейдерӣ дар ҶТ фиристода шуд.

More From Author

You May Also Like