Categories СИЁСАТ

«Ҳамла» ба мақари ҲСДТ

Дигарбора мақари ҲСДТ дар Душанбе мавриди «ҳамла»-и иддае аз занон қарор гирифтааст. Ишон назди мақари ҳизб, ки манзили Зоиров аст, мағал бардошта, ҳамсояҳоро нороҳат кардаанд.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ 1-уми феврал гуфт, қаблан тасмим гирифта буданд, то ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ баргузор намоянд, ки фарогири масоили Консепсияи азнавсозии ҳизб, тактика ва стратегияи ҳизб дар соли 2014 ва масъалаҳои марбут ба интихоботи парлумонии соли 2015 будааст, аммо ба иллати нотоб будани ӯ баргузории ҷаласа лағв гаштааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта гурӯҳе аз занон бо чунин як «ҳамла» баргузории конфронси матбуотиеро, ки аз ҷониби Раҳматилло Зоиров эълон шуда буд, барҳам заданд. Дар иртибот ба ин масъала раиси ҲСДТ гуфт, занонеро, ки маротибаи ахир ҳузур пайдо кардаанд, надидааст, аммо ба ӯ гуфтаанд, қисме аз заноне ин маротиба омадаанд, ки дар «ҳамла»-и қаблӣ ширкат доштаанд. Гузашта аз ин Зоиров мегӯяд, маълумаш гаштааст, ҳарчанд қисме аз занон дар таҷҷамуъи қабли ширкат доштанд, аммо ин маротиб манбаъи таҳрик дигар будааст.
Ба гуфтаи ӯ, баъди огаҳ шуданаш аз қазия бо пулис тамос гирифтааст, то масъала ҳалли худро ёбад. Пулис бар мабнои муроҷиати Зоиров занонро дар бинои Хадамоти куммуналӣ ҷамъ карда, номнавис намудааст, аммо аз «боло» фармон шудааст, то ишонро раҳо кунанд.
Ҷиҳати соири паҳлӯҳои масъала Раҳматилло Зоиров мубтанӣ бар беморхона буданаш изҳори беиттилоӣ кард ва гуфт, имрӯз баъди расиданаш ба Душанбе ҷузъиёти масъала ва хосияти зуҳури занонро ташреҳ хоҳад дод.

More From Author

You May Also Like