Зайнаби Муҳаммаддухт
nahzat.tj
Вакилони парлумон аз нишондоди ҳукумат дар мавриди то 38,3% рушди некӯаҳволии мардум ва вазъи камбизоатии Маҷлиси Намояндагон изҳори ташвиш карданд.
Муҳиддин Кабирӣ вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи парлумон 26 декабр оид ба қабули лоиҳаи “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015” изҳори ташвиш кард, ки дар дасти иддае аз вакилон лоиҳаи Стратегияи мазкур дастрас нест ва онҳо аз ҷузъёти ин санад иттилоъ надоранд. Дар ҳоле, ки дар бораи баланд шудани некӯаҳволии мардум ҳарф мезанем.
-Дар дасти ман нест, варианти электронӣ. Чанд вакилеро ҳам пурсидам, гуфтанд ки надоранд. Агар рафту варианти электронӣ бошад, дар назди мо дар ин толор компютер нест, ки аз руйи он дида суол диҳем. Ҳоло мо 63 вакил 1 соат шудааст, суолу ҷавоби раис ва вазирро тамошо карда истодаем – гуфт Муҳиддин Кабирӣ.
Бино ба гуфти Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод ва савдои кишвар, сатҳи камбизоатӣ дар икшвар то 38,3 % коҳиш ёфтааст. Ин нишондод дар лоиҳаи Сатратегия то соли 2015 бояд, ки то 31,5 % расонида шавад. Сатҳи миёнаи байналмилалӣ соли 2012 19,9% то соли 2015 ба 29,4%, табақаи миёнаи аҳолӣ соли 2012 16 % то ба соли 2015 26,4% бояд, расонида шавад.
Аҳолии сатҳи табақаи байналмилалӣ як нафар дар як рӯз аз 6 то 10 доллари амрикоӣ ва дар як моҳ 210 доллари амрикоӣ сарф мекунад. Сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ сари ҳар нафар дар як рӯз 2 доллари амрикоӣ сарф мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси Намояндагон ҳам аз нақшаи пешбинишудаи Стратегия ва роҳҳои татбиқи он изҳори ташвиш кард.
Шодӣ Шабдолов вакил аз ҲКТ рақамҳои истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишвоарзӣ дар Стратегия пешбинишударо зери шубҳа гузошт.
“Зеро истеҳсоли картошка 1 миллион тона бояд, ки зиёд карда шавад. Аммо медонед, ки барои ин бояд, ки 300 ҳазор гектар замини корам зиёд шавад, ба болои ин техника ва дигар заруратҳо лозим ҳастанд” – иброз намуд ӯ.
Лоиҳаи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2015 бо тарафдории 62 вакил қабул шуд..