Ихвонулмуслимин пешнависи Қонуни асосиро рад кард

Ихвонулмуслимин пешнависи Қонуни асосии нави Мисрро рад карданд ва онро иқдоми кудаточиён барои аз байн бурдани Қонуни асосии Миср донистанд, ки дар замони раёсати ҷумҳурии Муҳаммад Мурсӣ тадвин шуда буд.

Пешнависи Қонуни асосии Миср шаби якшанбе ба тасвиби ҳайати тадвини Қонуни асосӣ расид. Ин пешнавис қарор аст дар як ҳамапурсӣ ба раъй гузошта шавад ва ба унвони нахустин гом дар роҳи барқарории демократия дар Миср аз он ёд мешавад.

Амр Мусо, раиси ҳайати 50 нафараи тадвини Қонуни асосӣ қарор буд, ки рӯзи сешанбеи гузашта ин пешнависро ба Адлӣ Мансур, раисҷумҳури муваққати Миср таслим кунад, то вай барои баргузории ҳамапрусӣ фарохон диҳад.

Тавре гуфта шуда, қарор аст, ки интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Миср, тибқи Қонуни асосии нав ва дар шаш моҳи оянда баргузор шавад.

Ин ҳама тасмимҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки то имрӯз майдону хиёбонҳои Миср пур аз тарафдорони Мурсӣ аст ва то имрӯз талаби бозгашти Мурсӣ ба курсии президентиро доранд.

More From Author

You May Also Like