Баҳои Э. Раҳмон ба литсей-интернати президентӣ

Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо ҷараёни таълиму тарбия дар он бевосита шинос шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бисёрсолаи литсей-интернати Президентӣ, ки ҷавонону наврасони зиёди соҳибистеъдодро ба камол расондааст, баҳои баланд дода, ҳамзамон мужда расонд, ки аз соли оянда сохтмони як бинои наву муосири таълимӣ ва як хобгоҳ барои ин мактаб оғоз меёбад.

Хотиррасон гардид, ки барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити таълимӣ дар ин литсей маблағгузории давлатии он аз 320 ҳазор сомонии соли 2003 то ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар соли 2012 расонда шуд. Соли 2013 бошад, барои ташкили фаъолияти босамари ин литсей ҷудо намудани 1 миллиону 840 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст

More From Author

You May Also Like