Categories Ахбори рӯз

Иштироки президенти Афғонистон ва Покистон дар Конфронси Душанбе

Дар конфронси панҷуми минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки дар Душанбе рӯзҳои 26- 27 – уми март доир карда мешавад, раҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон, Ҳомид Карзай ва президенти Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар ин бора дирӯз зимни вохӯрие муовини Вазири корҳои хориҷаи кишвар, Низомиддин Зоҳидов бо намояндагони корпусҳои дипломатие, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд изҳор доштааст. Ӯ ҳамчунин истисно намекунад, ки дар давоми вақти боқимонда то конфронс сарони баъзе кишварҳои дигар низ барои иштирок дар он мароқ зоҳир намоянд. Ба иттилои мавсуф ба Конфронс намояндагони 40 давлати дунё ва 34 созмонҳои байналмилалӣ даъват карда шудаанд. Зимни Конфронс якчанд лоиҳаҳо оид ба энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо ва омода кардани кадрҳо барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.

More From Author

You May Also Like