Categories ТАҲЛИЛ

Иштиҳои заминфурушӣ дар Мастчоҳ

Ҳукуматдорони ноҳияи Мастчоҳ баъд аз тамом шудани фуруши дашту даман ба фурухтани заминҳои наздиҳавлигӣ пардохтаанд. Ман, истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия Махфират Ҳасанова, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошам ва дар шароити вазнине ба сар мебарем. Ҳамсарам муҳоҷир дар Русия ва фарзанди бузургам донишҷӯи курси аввали донигоҳ мебошанд. Маблағи фиристодаи падари муҳоҷир ба буду боши фарзанди донишҷӯ кифоя мекунад. Худамон дар саҳро ба пахтакорӣ машғулем.
Ҳукуматдорони ноҳияи Масчоҳ дар баробари мушкилоти печидаи рӯзгор боз мушкили дигареро болои оилаҳои камбизоъат таҳмил намудаанд. Моҳе қабл кормандони ҳукумати ноҳия, архитектор М.Амонов ва заминсоз Н.Нуров ҳамроҳ бо заминхар Х.Назиров ба ҳавлии мо бидуни иҷоза даромада, замини наздиҳавлиро аз назар гузаронида, бо машварати ҳамдигар иқдоми аз худкунии онро пеш гирифтанд.
Зимни талошҳои пайгирона омилҳои заминфуруширо мушаххас кардам, ки мутаасифона раиси ҳукумати ноҳия М.Аҳмадзода ҳам саҳм доштааст. Ҳамчун зане, ки ҳамсараш дар муҳоҷират сарсону саргардон мебошад, беш аз як моҳ дари мақомоти ноҳияро дар ин сардиҳои зимистон кубидам, то омилони заминфуруширо ифшо созам. Билохира баъди талошу истодагариҳо то ҷое маълумам гашт, омили аслии заминфуршӣ ҳукумати ноҳия оғоз ёфта, то ба кормандони ҷамоъатҳо мерасад. Вақте кор ба ин дараҷа расидааст, намедонам дарди хешро дигар ба кӣ гуям, чун боварам аз ин гуна роҳбари ҳукумати ноҳия аз даст рафтааст.
Билохира маҷбур шудам, то ҷон дар бадан дорам, алайҳи ин гуна
масъулини бевиҷдон ба тариқи матбуъот мубориза мебарам. Ҳоло чанд иллати заминфурушии мақомотро мехоҳам арз намоям. Дар ноҳияи мо тақрибан 5 сол мешавад, ки мардумро имрӯз ба пагоҳ гуфта, замини наздиҳавлигӣ ваъда медиҳанд. Яке аз сабабҳои ваъдахилофӣ фуруши кӯҳу даштҳои лалмӣ аз ҷониби раисони қабли ҳукумати ноҳия мебошад. Ҳар нафаре аз онҳо дар навбати худ минтақаеро фурухтанд ва имрӯз барои ҷаноби Аҳмадзода дигар кадом замине боқӣ намондааст. Ҳоло ин шахси «бузург» ба фуруши заминҳои наздиҳавлигӣ пардохтааст. Оё аз ин кирдор ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон огоҳӣ дошта бошад ва ин гуна роҳбаронро кадрҳои худ медонад?
Ман хамчун модар дар чанд рӯзе, ки бо кормандони ҳукумати ноҳия муносибату сару кор доштам, ба хулосаи мушаххас расидам. Агар фасод дар низоми давлатдории мо, мисли ноҳияи Масчоҳ бошад, аз тоҷикистонӣ буданам афсус мехурам.
Дар охир аз тамоми мақомоте, ки ба ин қазия робита доранд, илтимос мекунам мусоидат расонанд, то мо аз ҳаққи замини наздиҳавлигӣ маҳрум намонем.

Махфират Ҳасанова, аз Фотеҳободи Масчоҳ

More From Author

You May Also Like