Categories ҶОМЕА

И.Ёқубов: Мусибати хонаводаҳои афроди фавтида мусибати мусалмонони кишвар аст

Имрӯз, 19 март ҳайате аз шуъбаи ҳизб дар вилояти Суғд, бо шумули аъзои раёсати вилоятӣ, зери роҳбарии Илҳомҷон Ёқубов, раиси шуъба ба ноҳияи Айнӣ сафар намуда, нафарони дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба садамаи ахир дучоршударо аёдат намуда, ҳамчунин ҷиҳати баёни тасаллият ба манзили онҳое, ки дар пайи ин тасодум фавтиданд, рафтанд.
Зимни суҳбат бо аъзои оилаи фавтидагон ба эшон таъзия ва ҳамдардии раис ва роҳбарияти ҲНИТ, раёсати шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғдро расониданд.
Илҳомҷон Ёқубов гуфт, ки «мусибати рухдода танҳо мусибати хонаводаҳои афроди фавтида набуда, балки мусибати ҳамаи мардуми мусалмони кишар аст ».
Сипас ҳайати корӣ бо ҳамроҳии Акрам Қосимов, муовини раиси ноҳияи Айнӣ ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, аз вазъи саломатии сенафараи бемор дидорбинӣ намуданд.
Дар ахир Илҳомҷон Ёқубов ба раиси вилояти Суғд, раиси ноҳияи Айнӣ ва муовини . ӯ ҷиҳати ҳамкорӣ Дар Ин Кори хайр изҳори сипос намуд
Бояд ёдовар шуд, санаи 17 март дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд садамаи нақлиётие рух дод, ки бар асари он 7 нафар ҷони худро аз даст дода, 4 нафари дигар ба бемористони Айнӣ ва як нафар ба бемористони Суғд интиқол дода шуд.

More From Author

You May Also Like