Categories Ахбори рӯз

Миср низомиҳоро дар куштори 83 намоишгар ҳақ донист

Додгоҳи ин кишвар 6 афсари пулисро, ки дар куштори 83 нафар намоишчиёни шаҳри Александрия дар моҳи ноябри соли 2011 гунаҳкор дониста мешуданд, бегуноҳ эълон кардааст. Манзур ҳамон намоишҳоест, ки дар асари он Ҳ. Муборак ба истеъфо рафта буд.
Дар парвандаи ҷиноӣ дар мавриди ширкати сардори собиқи хадамоти ҷосусӣ ва гурӯҳи таъиноти хоси пулис гап мерафт, дар ҳоле ки кадоме аз онҳо лаҳзае ҳам дар паси панҷара набуданд, хабар медиҳад “Ассошиэйтед Пресс”.
Тавре дар додситонӣ тайид кардаанд, раҳбарият дастур дода будааст, ки гурӯҳҳои хоси пулиси дар Александрия ҷамъомадаро ба хотири пароканда кардани эътирозгарон бо силоҳу дигар муҳимоти низомӣ таъмин намоянд. Натиҷа ин шуд, ки онҳо аз болои бомҳо истода сӯйи мардум тир шиллик мекарданд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар қарори додгоҳи Мисрро зери танқид гирифта, онро намунаи ошкори нотавонмандии адолати додгоҳӣ арзёбӣ кардаанд, ки кормандони пулиси гунаҳкорро дар куштори мардум ба муҷозот бикашад.

More From Author

You May Also Like