Categories СИЁСАТ

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 5

Талабшоҳи Салом

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 2

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 3

Иҷлоси xvi: сохтанҳову сӯхтанҳо 4

Назаре ба вақоеъи панҷ

Тавре дар яке аз шумораҳои гузашта навишта будем, Қадриддин Аслонов мехост аз ноҳияи Қумсангир, ки раёсати комиҷроияи вақти вилояти Қӯрғонтеппа бар асари ҳамлаи Фронти халқӣ ба он ҷо ба ин ноҳия интиқол ёфта буд, ба ноҳияи Панҷ сафар намояд ва ҳамин тавр ҳам кард. Албатта, дар умум, метавон гуфт, ки ҳадафи ӯ ба вуҷуд овардани субот дар ин ноҳия ва умуман, вилоят буд. Аммо ҷиҳати механизми амалии кӯшишҳои ӯ дар робита ба пойдор намудани эътимодбахшӣ миёни қувваҳои ба ҳам зид дар ноҳияи Панҷ чизи аниқе гуфтан душвор аст. Зеро Қадриддин Аслонов ба воситаи «хати сурх»-и телефонӣ танҳо гуфта буд, ки «фаъолонро ҷамъ кунед ва ман бо онҳо сӯҳбат кардан мехоҳам». Ҳарчанд ӯро раҳбарияти комиҷроияи вақти ноҳияи Панҷ маслиҳат доданд, ки вазъ муташанниҷ аст ва омадани ӯ ба ноҳия имкон надорад, аммо аз раъйяш барнагашт, балки озими ноҳияи Панҷ шуд.

Сафари Қадриддин Аслонов ба ноҳияи Панҷ дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки масокини ноҳия ду қисмат шуда буданд: ихтилоф миёни тоҷикону ӯзбакон ба ҳадди ниҳоӣ расида истода буд. Қисмате аз деҳоти ноҳияи Панҷ, хоса баъзе он деҳоте ки роҳи Душанбе- Панҷ аввалан аз онҳо убур мекарду баъдан, ба маркази ноҳия мерасид, таҳти контроли ӯзбактаборони ноҳия ва гуруҳи силоҳбадастони ӯзбактабори ноҳияи Вахш монда буданд.

Кунун суоли матраҳ ин аст, ки дар Панҷ чаро миёни тоҷикону ӯзбакон ихтилоф сар зад, ҳол он ки бархӯрдҳои гуруҳҳои Тоҷикистон аслан сиёсиву маҳаллӣ буданд, на миллӣ? Дар ҷавоб ба суоли боло масокини тоҷики ноҳия мегӯянд, ҳанӯз баъд аз анҷоми гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» дар пойтахт иштирокдорони он аз ноҳияи Панҷ эҳсос мекарданд, ки афроди шинохтаи ӯзбактабори ин ноҳия бо чашми бад ба онҳо нигоҳ мекунанд ва баъзе ҳарфҳои пасту баланде дар ин маврид мегуфтанд, ки гӯё раванди ин гуна амалкардҳои майдондорӣ муборизаест алайҳи пантуркизм. Ва баъдан ошкор гардид, ки ин аз як баҳонае беш набудааст, онҳо бо ин васила гуруҳҳои «дифоъӣ» таъсис дода, онҳоро мусаллаҳ мекарданд, агарчи қаблан ҳам саркардаҳои ин гуруҳҳо моҳҳои апрелу май мусаллаҳ будаанд. Ҳамин тарз ӯзбактаборон бо ҳар васила худро аз тоҷикон канор мегирифтанд, ҳатто масҷиди ҷомеъи хешро ҷудо ва мулло Холмат ном шахсеро имоми он таъйин карданд. Кӯшишҳои раҳбарияти ҳукумати вақти ноҳия барои барҳам задани ин гуна ангезаҳо барабас мерафтанд. Таври маълум, ин ҳама бо таъйини сиёсатҳои хосе аз беруни ноҳия сурат мегирифтааст, барои рӯзи мабодо. Ҳамин тариқ, то рафт фосила байни ақвоми тоҷику ӯзбак васеъ мешуд ва тирамоҳи соли 1992 аз ҳам ба таври ошкор канор мегирифтанд. Ба ибораи дигар дар ҳамин айём сепаратизми амиқе пайдо шуд миёни ду қавми гуногунзабони ноҳияи Панҷ.

Гузашта аз ин ҷиҳати бурузи ихтилофот миёни ақвоми зикршуда афкори мухталифи дигаре низ ироа мешаванд. Баъзеҳо мегӯянд, ҳанӯз солҳои ахири ҳукмравоии Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай ихтилоф миёни ду миллати маскуни як ноҳия шурӯъ шуда буд, аммо аксаран онро ба созмон ёфтани майдонҳои «Шаҳидон»-у «Озодӣ» рабт медиҳанд. Ин ҷо месазад нуктаи нозукеро ишора кард, ки ба ҷудоии ин ду қавм то ҷое заминаи ошкор гузошт. Ба андешаи баъзе ҳолдонҳо, ин назокат пуштибонии тоҷикони ноҳия аз паҳлавон Салами Ванҷӣ буд, ки ӯ солҳои 80-ум дар омӯзишгоҳи ноҳияи Қумсангир мехонд ва барои гӯштингирӣ ба Панҷ меомад. Дар яке аз маъракаҳои гуштингирӣ Салам паҳлавони ӯзбактабореро, ки дар ноҳияи Панҷ гӯштингири рақами аввал ҳисобида мешуд ва Бекмат ном дошт, бо як тавонмандии хоси хеш ба тахтапӯшт афтонд ва тамошобинон ин нусратро гӯё интизор буданд ва ҳама ба майдон баромада, Саламро ҳамчун паҳлавони худӣ ба ҳаво мепартофтанду самимона шодӣ мекарданд, ки аҷаб хуб шуд, ки тоҷиктаборе Бекматро ба замин афтонд. Фикр мекунам, ин тарзи бархӯрд ба канор рафтани тоҷикон аз ӯзбакҳои ноҳия таъсири хос гузошта буд. Дар баробари ин албатта, бурузи ихтилофот заминаҳои дигаре ҳам дошт, аммо замон ва иллати бурузи онҳо таҳқиқи махсус мехоҳад, то ҳарфи ниҳоӣ дар ин бобат гуфта шавад. Вале ба ҳар ҳол, зиддиятҳо вуҷуд доштанду авохири моҳҳои сентябр ва авоили октябр ин зиддиятҳо ба нуқтаи ниҳоӣ расиданд.

Кулминатсияи зиддиятҳо

Авохири моҳи сентябр ё авоили октябри соли 1992 муноқишаи дигаре миёни гурӯҳҳои тоҷику ӯзбак ба вуқӯъ пайваст. Милисаи ӯзбактабор Азим Бобоқуловро дар заминаи қасос парронданд, чунки ӯ Ҷалил ном тоҷики паҳлавонеро қаблан дар назди меҳмонхонаи шаҳраки Панҷ дар натиҷаи «разборка» парронда буд. Вақте Азим Ҷалилро мепарронад, сокини дигари тоҷиктаборе бо номи Наим Паҳлавон ҳузур меёбад ва бо дидани ин манзара Азим Бобоқуловро ҳадафи тир қарор медиҳад.

Воқеъаи мазкур муносиботи бе ин ҳам харобшудаи тоҷикону ӯзбакони ноҳияро ба нуқтаи ниҳоӣ расонд. Ҳарчанд баъд аз ин воқеъа аз ҷониби ашхоси обрӯманди ҳарду қавм вохӯриву дидор ҷиҳати ҳалли ихтилофот сурат гирифт, аммо ин гуна иқдомҳо ҳам пеши доман парокандани ихтилофотро гирифта натавонистанд, баръакс зиддиятҳои ӯзбаку тоҷик бештар мешуданд. Рафтори ӯзбактаборони ноҳия барои тоҷикон сиррӣ боқӣ монда буданд ва ҳанӯз ҳам на ҳама дарк карда буданд, ки ба чӣ иллат миёни ишон низоъу баъдан, ҷанг иттифоқ уфтода.

Ба шеваи дигар тоҷикон бехабар аз асли воқеъот буданд, ӯзбактаборони Панҷ бошанд, ҳанӯз дар тобистони соли 1992 пуштибони худро дар симои баъзе фармондеҳони Фронти халқӣ, назири Лангарӣ Лангариеву Ҳикмати Гов аз Кӯлоб, Бӯрихон Ҷобиров аз ноҳияи Маскав ва Имомиддини Лақай аз ноҳияи Вахш ёфта буданд. 18 июни соли 1992, панҷ рӯз пас аз оғози нишонаҳои ноамнӣ дар ноҳияи Вахш низомиёни номбаршудаи Фронти ҳалқӣ аз тариқи ноҳияи Фархор ба ноҳияи Панҷ зада даромаданд. Дар ҳоле ки дар он вақт дар ин ноҳия ягон гуруҳи мусаллаҳи тоҷикон ва постгузориҳо вуҷуд надошт. Эшон дар баъзе аз рустоҳои ноҳия бедодгарӣ намуда, инчунин кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияро халъи силоҳ намуданду Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, ҷонишини раиси Кумиҷроияи ноҳияро гаравгон гирифтанд. Онҳо ҳадафи ворид шудан ба ноҳияро «ҳимоя аз ӯзбакзабон»-ҳо арзёбӣ намуданд. Онҳо мегуфтанд, хабардор шудаанд, ки ӯзбакони Панҷ зери фишор қарор доранд ва суолашон ин будааст, ки чаро нисбат ба ишон ва дигаре аз сокинони «кӯлобӣ» чунин кор анҷом мепазирад? Ҳол он ки ба гуфтаи ҳолдонҳо, чунин набуда, балки мутаассифона, «зери коса нимкоса будааст» ва бар пояи он амали низомиён – вуруди ишон ба ноҳияи Панҷ таҳаққуқ ёфта. Ба гумони ғолиб, амали низомиёни ишорашудаи Фронти халқӣ бе иҷозаи Сангак Сафаров сурат гирифтааст, зеро Сангак Сафаров зимни вохӯрӣ бо гаравгони панҷӣ дар Кӯлоб, аз иҷрои ин амал изҳори беиттилоӣ намуда, онҳоро бинобар амалашон мазаммат менамояд.

Манзараи панҷ дар пойизи 1992

Фасли пойизи соли 1992, айёме ки ихтилофот дар ноҳияи Панҷ шиддат мегирифтанд, Кучар Имомқулов, яке аз саркардагони ӯзбактабор, ки ба фикри иддае, робитаи ҳамқавмонашро бо Фронти халқӣ худи ӯ ба роҳ монда буд, ҳамроҳи Бегмат Бобонов, дигаре аз лидерҳои ӯзбактабор (Бегмате ки зимни қувваозмоӣ бо Салам дар гӯштин мағлуб шуда буд) ба дасти тоҷикон асир меафтанд. Кучару Бегмат, ки ба гуруҳи Дӯстум Абдурашидов алоқа доштанд ва аввалӣ узви Ҳаракати миллии исломии Афғонистон буда, ки онро Дӯстум раҳбарӣ мекард ва алоқаи танготанге бо Ислом Каримов дошт, мехостанд аз Афғонистон ба ин тарафи дарёи Панҷ силоҳ мунтақил диҳанд.

Тибқи баъзе манобеъи муътамад, ҳанӯз замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ Кучар Имомқулов бо Афғонистон рафту омад дошт ва аз ҷониби мақомоти амниятӣ ин робитаи ӯ истифода мешуд. Баъди соҳибистиқлолӣ ва оғози ноамниҳо бошад, мавсуф робитаашро идома дод. Дар зимн тирамоҳи соли 1992, вақте ҳамроҳи Бекмат мехостанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон аслиҳа биёранд, ба дасти тоҷикон асир уфтоданд.

Бо асир уфтодани ду саркардаи ӯзбактабор ихтилоф бештар шуд ва ҷониби дигар ба асоратгирӣ даст зад. Ин замоне буд, ки баъди ғасби шуъбаи милиса ва мақомдори комиҷроияи ноҳияро гаравгон гирифтани Лангарӣ дар баъзе нуқоти ноҳия, ӯзбакзабонҳову тоҷикон якҷоя дидбонгоҳҳои худдифоъӣ ташкил карда буданду барои таъмини амнияти ноҳия якҷоя шабзиндадорӣ менамуданд. Вале пас аз ба асорат уфтодани Кучар Имомқулов ӯзбактаборони деҳаи Қумсойи собиқ колхози Пограничник шаби 23-юми октябр тоҷикони ҳамдеҳаашонро, ки ҳамроҳ бо эшон дар дидбонгоҳҳои ташкилшудаи деҳа посбониро ба ӯҳда доштанд, гаравгон гирифта, онҳоро дар мактаби таҳсилоти умумӣ №17 бандӣ карданд.

Бо гузашти 20 сол аз ин вақоеъ яке аз сокинони он деҳа гуфт, ҳине ки ӯзбактаборон онҳоро асир гирифтаанд, усароро бо ғизо таъмин менамуданд, вале эшонро мавриди пурсуҷӯ қарор медоданд, ки аслиҳа доранд ё не. Баъзеи дигар гуфтанд, ӯзбактаборон камбағалонро чизе намегуфтанд, аммо ба истилоҳ аз бойҳои деҳа, ки асир гирифта шуда буданд, пул талаб менамуданд.

Қобили тазаккур аст, ки ба асорат гирифтани тоҷикони Қумсой ва Қадриддин Аслонов дар ноҳияи Панҷ дар як таърих иттифоқ уфтодааст. Агар тоҷикони Қумсойро ҳамдеҳагонашон асир гирифтанд, Қадриддин Аслонов ба дасти гурӯҳи мусаллаҳи ӯзбакони ин минтақа ва вахшиҳо бо ширкати Аслам Сафаров, яке аз чеҳраҳои намоёни ноҳия ва депутати Шӯрои Олӣ гаравгон шуда буд. Ӯзбактаборон бо ба асорат гирифтани иддае аз масокини Қумсой ва Қадриддин Аслонов талаб доштанд, ки Кучару Бекматро бар ивази Аслонов раҳо намоянд. Ин дар ҳоле буд, ки Кучар кайҳо кушта шуда буд, вале бо талошу миёнаравии Кабуди Сайфиддин, раиси собиқ колхози Правда ва яке аз шахсони соҳибнуфузи ноҳия Бекмат аз асорат раҳо ёфт.

Ҳамин тариқ, тақрибан дар муддати се-чор рӯз тоҷикони асирро раҳо карданд, вале ҳуқуқи аз маҳалла берун рафтанро надоштанд. Дар чунин ҳол, танҳо дар деҳа гаштугузори озод доштанду халос. Ӯзбактаборон бошанд, дидбонгоҳҳои муштарак бо тоҷиконро барҳам дода, дидбонгоҳҳои мусаллаҳи худро созмон доданд. Ин ҳолат то миёнаҳои моҳи ноябр идома пайдо кард ва ҷанг шурӯъ шуд.

Агар то шуруъ шудани ҷанг дар ноҳияи Панҷ қисмате аз ноҳия чунин манзара дошт, дар қисмати дигари ноҳия авзоъи мутафовит ҳукм меронд. Қабл аз он ки тоҷикони Қумсой гаравгон гирифта шаванд, ӯзбакони дигар деҳот, аз ҷумла аз колхозҳои Дзержинский, Роҳи Ленин ва Якуми Май дар як шаб ба таври мармуз аз манозилашон ва дидбонгоҳҳои муштарак ғайб заданд. Баъдан, маълум шуд, ки қисмате аз онҳо ба ноҳияи Фархор ва дигаре ба Вахш фирор кардаанд. Вале дар аввал касе мақсади онҳоро намедонист. Дар чунин ҳол, аз ҷониби собиқ колхози Пограничник ӯзбакон ба деҳаи Гушуни колхози Калинин ҳамла карданд ва набард шурӯъ шуд. Моҳи ноябр тоҷикон ба ҳамла гузашта, мақари муҳимоти ӯзбаконро дар собиқ колхози 50-солагии Октябр (хоҷагии Эмомалӣ Раҳмони имрӯза) ғасб намуданд ва ӯзбакони дар колхози Пограничнику собиқ совхози Мирзоянсбуда ҳам шикаст хӯрда, ба Фархору Вахш фирор карданду тоҷикони Пограничник аз муҳосира озод шуданд.

Натиҷаи ихтилофҳо ва дигар нофаҳмиҳо миёни ақвом дар шаҳристони Панҷ ин шуд, ки тоҷикону ӯзбакон тӯли 10-15 рӯз сангар бигиранд ва ҷониби қавми дуввумӣ шикаст хӯрад. Ин набардҳо дар қисме аз ноҳия гузаштанд ва марказу қисмати дигари ноҳия ором буданд. Замоне ки ӯзбактаборон дар қисмати аввали ноҳия шикаст хӯрда, ба Фархору Вахш фирор намуданд, бори дигар бо сардории Бекмат Бобонов аз ҷониби Фархор мехостанд ба собиқ колхози «Правда» ҳамла оваранд, аммо ба ғасби ин деҳот муваффақ нашуданд, балки ин ҳуҷумашон хунсо шуд. Зеро вақте овозаи ҳуҷуми Бекмат доман паҳн кард, ҷониби дигар ӯро ба дастааш дар куҳдоман «пешвоз» гирифта, бархӯрди шадиде ба вуқӯъ пайваст, ки дар он Бекмат ҷароҳат бардошта, дар шолаи гӯсфандон ҳалок шуд. Бо ҳамин таҳоҷумҳо дар ноҳияи Панҷ хотима ёфтанд. Баъди анҷоми ин ҳодисаҳо оилаҳои тоҷике ки ба деҳаҳои оромтар, ба манозили хешу табор фирор намуда буданд, ба хонаҳояшон баргаштанд. Ӯзбактаборон бошанд, то моҳи декабри 1992 ба манозилашон барнагаштанд.

Албатта, маълум аст, ки ҷанг дар баробари куштори одамон дигар авоқиб, аз ҷумла ғоратро низ ба дунбол дорад. Яъне баъди фирорӣ шудани ӯзбакҳо манозили ишон тороҷ шуданд. Ин гуна тороҷгариҳо аксаран шабҳангом сурат мегирифтанд ва чунин ҳолат баъзе тоҷиконро маҷбур мекард, то молу амволи боқимондаи ҳамсояҳоро ба манозили хеш оварда, то бозгашти ҳамсояҳо онҳоро ҳифз намоянд

Нишасти идм ва вазъи Тоҷикистон

Дар ҳоли авҷи ташаннуҷу вусъат ёфтани ихтилофу бархӯрдҳо дар пойтахт ва баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон 9 ноябри соли 1992 вохӯрии сарони ҷамоҳири узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ доир гашт, ки ҷониби Тоҷикистонро раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров намояндагӣ мекард. Мавсуф дар ҷамъомади мазкур аз вазъи Тоҷикистон гузориш дод.

Ба назар мерасад, кулли қишри огаҳи Тоҷикистон ба нишасти мазкур бо умеди ояндасозӣ менигаристанд, ки ба таъкиди Бӯрӣ Каримов, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоъӣ муроҷиъатномае ирсол намуданд. Вале Ҳизби куммунистии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои ӯзбакҳову тоторҳо ба ин муроҷиатнома имзо нагузоштанд.

Тақрибан ду-се рӯз қабл аз он ки нишасти сарони ИДМ дар Бишкек доир гардад, ҳайате аз Қирғизистон бо роҳбарии Феликс Қулов, ёвари президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон омад. Тавре Эркекбек Абдуллоев, подполковники гуруҳи таъйиноти махсуси «Вымпел»-и КГБ – и СССР менависад, пеш аз сафари Феликс Қулов ба Тоҷикистон ҷониби Қирғизистон ба хулосае расида буд, ки иддае аз низомиёни худро аз ҳисоби ақсоми ҳарбӣ, ОМОН ва спетснази Қирғизистон ба Тоҷикистон фиристад. Ин дар ҳоле буд, ки Қирғизистон аз нигоҳи ҳарбӣ ва иқтисодӣ ба ин кор омода набуд. Зеро ба қавли Эркекбек, «…таъминоти инженерӣ, «гранатамёт»-у «огномёт» набуд. Дар робита ба таъминоти маводи ғизоӣ мушкил эҳсос мешуд. Комбат барои «ҳолати мабодо» пули нақд ҳам надошт. Ҳайати БТР-70 таҷрибаи ба амал даровардани БТР-80-ро (ваъда шуда буд, ки дар Тоҷикистон аз ҳисоби Дивизияи 201 ба онҳо БТР-80 медиҳанд) надошт… Ҳатто харитаи топографии ноҳияе ки амалиёт бояд он ҷо мегузашт, набуд… Инро хуну марг ҳисоб бояд кард! Набояд бо чунин аҳвол гузошт, ки бачаҳоро ба ҷанг баранд…» («Позывной – «Кобра» (Записки разведчика специального назначения), саҳ. 150). Чунин ҳолат Эркекбекро маҷбур менамояд, ки пайи қатъи иқдоми Қирғизистон дар иртибот ба фиристодани қӯшуни сулҳхоҳи Қирғизистон шавад. Чун мефаҳмад, ки ба қатъи ин амалиёт танҳо Феликс Қулов қодир аст, ҳамроҳи ӯ тавассути тайёраи хатсайри махсуси Бишкек – Душанбе ба Тоҷикистон меояд. Вақте ба Тоҷикистон меоянд, дар қароргоҳе дар робита ба даровардан қӯшунҳо гуфтушунид сурат мегирад, ки масъалаи вуҷуди муроҷиъати расмӣ аз ҷониби Тоҷикситон ҷиҳати вуруди нерӯҳои сулҳхоҳ ба суоли калидӣ мубаддал мешавад. Вақте ин суол партоб мешавад, ҷониби Тоҷикистон ба ҷойи ҷавоб додан ба суол «калла меҷунбонанд». Дар чунин ҳол, С. Стаканевич, намояндаи вижаи Борис Елтсин пешниҳод менамояд, ки «сабзҳо» шинохта шаванд. Ҷаласаи онрӯза ба хулосае меояд, ки бояд рӯзи дигар дар нишасти ҷамоҳири узви ИДМ масъалаи ин ҷо матраҳшуда гузошта шавад. Вале вақте дар нишасти сарони давлатҳои ИДМ масъала матраҳ мешавад ва эшон ба қароре меоянд, парлумони Қирғизистон ин иқдомро мунҳал мекунад, ки шояд дар ин амр Эркекбек Абдуллоев нақш дошта бошад.

Масъалаи дигаре ки дар ин нишаст аз ҷониби намояндагони ИДМ баъд аз муроҷиъати Акбаршоҳ Искандаров пешниҳод шуд, ин ташкили Шӯрои давлатӣ буд. 15 ноябри соли ҷорӣ нашрияи «Азиа-плюс» мусоҳибаи Солеҳҷон Ҷӯраев, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Тоҷикистонро, ки баъд аз қатл шудани Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев (додситони кул) ин вазифаро ба ӯҳда дошт, мунташир кард. С. Ҷӯраев гуфтааст, ӯ Акбаршоҳ Искандаровро маслиҳат додааст, то ба сарони ҷамоҳири узви ИДМ муроҷеъ шавад, ки ҷониби Тоҷикистон давлати исломӣ сохтанӣ нест, кӯмакашон намоянд. Вале дар Бишкек (ҳарчанд макони баргузории нишастро дар «Азиа плюс» С. Ҷӯраев Алмаато гуфтааст, аммо тибқи дигар манобеъе ки дар боло оварда шуданд, нишасти мазкур дар Бишкек доир шудааст) маслиҳаташ медиҳанд, ки Шӯрои давлатӣ таъсис диҳад. Акбаршоҳ Искандаров ин пешниҳодро мепазирад. С. Ҷӯраев дар робита ба ин масъала афзудааст, ки ҳатто вобаста ба масъалаи мавриди назар фармон дар ВАО ба табъ расид ва инчунин барои таҳаққуқи ин амал Андрей Козирев, вазири умури хориҷӣ ва Павел Грачев, вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон омаданд, вале иҷрокунандаи вазифаи додситони кул ин амрро имзо накард. Аз афкори С. Ҷӯраев бармеояд, сабаби даст кашидан аз имзои фармон он буда, ки иҷрои ин амал дар ваколати иҷлосияи Шӯрои Олӣ буд ва Акбаршоҳ Искандаров ҳаққи чунин иқдомро надошт. Амали мазкур ва вазъи ноорому ваҳими кишвар тақозо мекард, ки иҷлосияи навбатӣ даъват карда шавад.

(Наҷот)

More From Author

You May Also Like